• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи хосса бархӯрдор буда,  ҳамасола ба хотири гиромидошти он санаи 5-уми октябр дар мамлакат “Рӯзи забони давлатӣ” ҷашн гирифта мешавад. Бо ин мақсад бо ташаббуси факултети филологияи тоҷик имрӯз, 5-уми октябр, дар толори калони бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронс бо ширкати устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Н. Убайдуллоев оғоз намуда, зимни суханронии хеш аз мақому манзалати ин рукни давлатдории миллӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ бо таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик робитаи ногусастанӣ дошта, дар тӯли таърих яке аз василаҳои аслии ҳифзу нигоҳдошти мероси гаронбаҳои маънавии халқи ин марзу бум ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, таҷлил аз Рӯзи забони давлатӣ яке аз падидаҳои таърихии даврони истиқлоли кишварамон маҳсуб мешавад ва бо мақсади эҳтиром ба забони миллию давлатӣ дар ин рӯз ҳайъати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ба навиштани диктант ҷалб карда мешаванд. Дар робита ба ин, ҳамзамон мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ доктори илмҳои филология С. Хоҷазод дар мавзӯи “Рушди забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол” маърӯза намуда, атрофи масъалаҳои рушду нумуи забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт. Сипас Л. Сатторов, раиси Иттиҳодияи иттифоқи касабаи кормандони Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Б. Шарифов, декани факултети филологияи тоҷик, оид ба бузургдошт ва манзалати забони давлатӣ андешаҳои хешро баён доштанд. Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик шеърҳо дар васфи забони тоҷикӣ қироат намуданд ва аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба донишҷӯёни фаъол ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj