• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Monday, 21 November 2022 02:54
There are no translations available.

ШАНБЕГӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз, санаи 20-уми ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори садорати факултети математика ва информатика ҷиҳати тозаву зебо нигоҳ доштани саҳни Донишгоҳ ва атрофи он шанбегӣ баргузор карда шуд. Дар шанбегӣ устодону кормандони факултети болозикр ширкат намуда, роҳравҳо, майдону боғи паси биноҳоро аз хасу хазонрезаҳо тоза намуданд. Маврид ба зикр аст, ки раёсати Донишгоҳ барои ҳамеша сарсабз нигоҳ доштани саҳни биноҳои таълимӣ ва роҳравҳои дохилу беруни он ҳамеша тадбирҳои зиёди судманд меандешад ва гулу гулкорӣ намудан, нарм сохтан низ аз мақсаду маромҳои доимии ҳайати кормандони Донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
 
Saturday, 19 November 2022 07:58
There are no translations available.

БАРРАСИИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори садорати факултети физика бахшида ба амалигардонии барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Проблемаҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ-математикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаву олии касбӣ” Дар таърихи 19-уми ноябри соли 2022 баргузор  гардид. Ҳамоиши илмии мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ифтитоҳ карда, аз номи ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода иштирокчиёни конференсияро хайрамақдам намуд. Мавсуф зимни суханронии хеш иброз дошт, ки солҳои 2020 - 2040 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам тақвият намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудааст.

 
Saturday, 19 November 2022 07:34
There are no translations available.

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Дар таърихи 19 ноябри соли 2022 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D. KOA-47, ихтисосҳои 13.00.08-назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ, 13.00.08.04- назария ва методикаи фанҳои гуманитарӣ, ки муддате қабл фаъолияти худро оғоз намуд, ҳимояи диссертатсияи Мавлонова Интизор Тоҷиддиновна, омӯзгори калони кафедраи методикаи забони англисӣ, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ, дар мавзӯи “Ташаккулёбии қобилияти коммуникативӣ-нутқии донишҷӯён дар раванди таҳсилоти олии касбии педагогӣ (дар асоси маводи омӯзиши забони англисӣ)” бомуваффақият анҷом пазируфт. Лозим ба зикр аст, ки бахши тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар самти ҳимояи рисолаҳои илмӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонида истодааст, ки ҳимояи рисолаи зикршуда намунае аз ин крҳо маҳсуб меёбад.

 
Saturday, 19 November 2022 03:56
There are no translations available.

ДАСТАИ БЕҲТАРИН СОҲИБИ "ҶОМИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ" ШУД

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мусобиқаи футболи хурд, ки ба муносибати Рӯзи Кониститутсия ва 30-солагии иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни омӯзгорону кормандон оғоз гардида буд, анҷом ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки 15 даста дар сабқати мазкур баҳри дарёфти “Ҷоми ректори Донишгоҳ” бо ҳам рақобат намуда, 3 даста сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла факултети математика ва информатика сазовори ҷаи 1-ум, факултети иқтисод ва идоракунӣ дар соҳаи маориф сазовори ҷои 2-ум ва дастаи раёсати Донишгоҳ сазовори ҷои 3-юм дониста шуда, аз ҷониби раёсати Донишгоҳ дастаҳоим ғолиб бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

 
Saturday, 19 November 2022 03:54
There are no translations available.

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ "ҲОЗИРҶАВОБОН" ВА МАҚОЛАИ БЕҲТАРИН ТАҲТИ УНВОНИ “ МАКТАБИ ДАВЛАТСОЗИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ду озмуни донишгоҳӣ: мақолаи беҳтарин таҳти унвони “ Мактаби давлатсозии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ва "Ҳозирҷавобон" эълон шуда буд, ки дар арафаи ҷашнҳои зикшуда ҷамъбаст гардид. Натиҷаи ин озмунҳо дар ҷаласаи тантанавӣ, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии донишҷӯён дар таърихи 17 ноябри соли 2022 баргузор шуд, эълон ва ғолибон муаррифӣ гардиданд. Дар раванди ҷамъомад муовини ректори Донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ба ғолибон сипоснома, ифтихорнома, диплом ва мукофотҳои пулиро тақдим намуда, аз номи Раёсати донишгоҳ, хосатан ректори он, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода онҳоро табрик намуд. Тибқи қарордоди ҳакамон дастаҳои зерин чун ғолибони озмуни "Ҳозирҷавобон" эътироф гардиданд: дастаи "Забондон"-и факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ сазовори ҷойи якум бо дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ, дастаи "Иқтисоддони ҷавон"- и факултети иқтисод ва идора сазовори ҷойи дуюм бо дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ, дастаҳои "Ҷило"-и факултети филологияи тоҷик ва "Технологони ҷавон"-и факултети технология сазовори ҷойи сеюм бо дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

 
Saturday, 19 November 2022 03:51
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН

Бо дастури Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ибтикори Шуъбаи кор бо ҷавонон ҳамроҳ бо Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯён имрӯз дар заминаи Рӯзи байналмилалии донишҷӯён (International Students’ Day) ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ибтидо муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д. Ш. донишҷӯёнро аз номи Раёсати донишгоҳ, хоссатан ректори он, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода табрик намуда, сипас дар боби таърихи ин ҷашн чанд ҳарф ироа намуд. Мавсуф зикр намуд, ки дар айни замон зиёда аз 40 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик аз рӯи ихтисосҳои барои кишвар зарур дар 38 кишвари ҷаҳон таҳсил менамоянд. Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмин намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва зиндагии шоистаи наврасону ҷавонон – насли ояндасози миллат ва Ватани азизамон – Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, ин равандро бомаром идома дода истодааст. Ҳамин аст, ки ҷавонони мамлакат на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он ҳам таҳсили илм менамоянд.

 
Saturday, 19 November 2022 03:49
There are no translations available.

РЕКТОР: ОЛИМПИАДАҲОИ ДОХИЛИДОНИШГОҲӢ ОМИЛИ ДАРЁФТИ ДОНИШҶӮЁНИ БОЛАЁҚАТ

Бо мақсади рушду инкишофи илму маърифат ва ҷалби бештари донишҷӯён ба илмомӯзиву азбар намудани донишҳои замонавӣ ректори Донишгоҳ тасмим гирифт, ки олимпиадаи фаннии дохилидонишгоҳиро дар миёни донишҷӯёни 14 факултети Донишгоҳ баргузор намояд.

Олимпиадаи дохилидонишгоҳии мазкур аз рӯи 14 фан, аз ҷумла забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, физика, химия, биология, экология, география, назарияи иқтисодӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар факултетҳои Донишгоҳ баргузор шуда истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ бо диплом ва ифтихорномаи раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

 


Page 38 of 295
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в