• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
23.12.2022 09:16
There are no translations available.

ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМ ПАЙКИ ХУШЕСТ БАРОИ МИЛЛАТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамоест, ки самтҳои асосии минбаъдаи сиёсати дохилию хориҷии кишварамонро  муайян менамояд. Пас аз ироа гардидани ҳар як Паём ба Маҷлиси Олӣ дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд ва рушду такони ҷиддие, дар ҳама самтҳою соҳаҳо эҳсос карда мешавад. Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, боз як такони бузурге барои пешрафт, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, хоссатан дар рушду тавсеаи соҳаи маорифу илми кишвар нақши худро хоҳад гузошт.

Ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Паёми навбатии Сарвари давлатро хуш пазируфта, баҳри истимои ин рисолати хуш дар толорҳои муқарраршуда ҷамъ омаданд.

 
23.12.2022 02:50
There are no translations available.

БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН КУМАКПУЛӢ ДОДА МЕШАВАД!
22-юми декабри соли 2022 Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар вохӯрӣ бо ятимону маъюбон дар остонаи Соли нави мелодӣ дастур фармуд, ки ба 140 нафар ятимону маъюбони гурӯҳҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм новобаста аз идрорпулии (стипендия) ҳамешагӣ, кумакпулии яквақтаина ба миқдори 200 сомонӣ ба ҳар яки онҳо дода шавад.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки ғамхорӣ ба маъюбону ятимон аз татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишвари маҳбубамон сарчашма гирифта, ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд набояд худро ҳаргиз яккаву танҳо ҳис кунанд.
 
23.12.2022 02:48
There are no translations available.

РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲУ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ АЗ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ “БАҲОРАК”-И ҶАМОАТИ САРИЧАШМАИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН ДИДАН НАМУДАНД

20 декабри соли 2022 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар арафаи Соли нави 2023 дар ҳамбастагӣ бо роҳбарияти Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи назди донишгоҳ ба дидбонгоҳи сарҳадии “Баҳорак”-и қисми ҳарбии қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон мавҷуд аст, ташриф оварда, бо Зафар Гулзода, раиси ноҳияи мазкур аз дидбонгоҳи сарҳадии мазкур дидан намуда, бо шароити зисту зиндагии хидматчиёни ин дидбонгоҳ аз наздик шинос шуданд.

Дар вохӯрӣ ва суҳбат бо хидматчиёни дидбонгоҳи мазкур зикр гардид, ки ҳифзи марзу бум, ҳимояи ватан ва пос доштани сулҳу субот, ваҳдату ягонагии миллат қарзи шаҳрвандии мост ва ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки имрӯз дар заминаи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ беҳтар гардида, зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад ва баҳри таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми тадбирҳои судбахш роҳандозӣ гардидааст.

 
22.12.2022 11:29
There are no translations available.

ДАР ПАРТАВИ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар таърихи 22-юми декабри соли равон бо ибтикори кафедраи географияи табии факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Ташаббуси навбатии байналмилалии Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо” мизи мудаввар баргузор гардид, ки ҳамоиши илмии мазкурро  муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ифтитоҳ намуд. Мавсуф зикр кард, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути минбари СММ вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст. Дар ҷараёни маҳфили илмӣ доктори илмҳои география, профессор Муртазаев У.И., директори маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ, н.и.т. Қодиров А., муовини директори Маркази автоматии алоқаи агентии обуҳавошиносӣ Давлатов Р. ширкат ва суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд.

 
22.12.2022 11:17
There are no translations available.

100 СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ИТТИҲОДИ ШУРАВӢ

Бо ибтикори кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 22 декабри соли 2022 бахшида ба 100-солагии таъсисёбиии ИҶШС таҳти унвони «Иттиҳоди Шуравӣ: таърих ва хотироти таърихӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

Тибқи барномаи таҳияшуда мизи мудаввар дар ду бахш бо фарогирии 21 маъруза кори худро оғоз намуд, ки дар он масоили мухталиф, аз ҷумла таъсисёбӣ, мушкилоти давраи пасазинқилобӣ, дастовардҳо ва омилҳои барҳамхӯрии ИҶШС мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мизи мудавварро муовини декан оид ба корҳои илмӣ, дотсент Умаров А. оғоз бахшид ва дар ҷараёни маҳфили илмӣ устодони факултети таърих ва ҳуқуқ: мудири кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ н.и.т, Т. Наҷмуддуддинов, дотсентон Н. Давлатбеков, М. Шаропова, М. Буриев,  Ғ. Роҳатов маърузаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.

 
22.12.2022 06:51
There are no translations available.

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАШАББУСКОРИ САТҲИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

Дар таърихи 22-юми декабр соли 2022 маҳфили «Таърихшинос»-и назди кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ ҷамъомади навбатии худро дар мавзӯи «Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид» баргузор намуд, ки дар он муовини декан оид ба илм, дотсент Умаров А, мудири кафедраи мазкур, дотсент Сайнаков С.П., роҳбари маҳфил Зубайдуллоев С. ва як зумра устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Маҳфилро мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, дотсент Сайнаков С.П. ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо мавзӯъ ва барнмоаи маҳфил ошно намуд.

 
22.12.2022 05:26
There are no translations available.

ВОЗОБНОВЛЕНИЕ РАБОТЫ РУССКОГО ЦЕНТРА

21 декабря 2022 года Сергей Александрович Улитин, главный менеджер управления русских центров посетил Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни и встретился с проректором по научной работе, профессором Сангизодом Д.Ш. и деканом факультета русского языка и литературы Исломовой Дж.

В ходе встречи были обсуждены вопросы по возобновлению работы Русского центра, который был создан в ТГПУ им. С.Айни несколько лет назад.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ