• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
11.11.2022 10:52

ОҒОЗИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ

Тибқи дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар факултетҳои донишгоҳ аз рӯйи ҳама ихтисосҳои мавҷуда олимпиадаҳои фаннӣ баргузор шуда истодаанд. Дар ин ҷода кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ сабқат нишон дода, дар таърихи 11 ноябри соли 2022 аз ҷумлаи нахустинҳо дар байни донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ олимпиадаи фанни ҳуқуқро баргузор намуд. Дар ҷараёни баргузории олимпиада муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ширкат намуда, иҷроиши дастури ректори донишгоҳро муфид ва саривақтӣ арзёбӣ намуд. 

 
11.11.2022 06:48

МАҲФИЛИ ИЛМӢ ДАР БОБИ ШИНОХТИ “ТОҶИКОН”

Дар таърихи 11 ноябри соли 2022 маҳфили «Таърихшинос»-и назди кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  ҷамъомади навбатии худро дар мавзӯи «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров - оинаи таърихи миллат» баргузор намуд, ки дар он декани факултети таърих ва ҳуқуқ, д.и.т., профессор Ҳусайнов А, муовини декан оид ба илм, н.и.т. дотсент Умаров А, мудири кафедраи мазкур, н.и.т., дотсент Сайнаков С.П., роҳбари маҳфил Зубайдуллоев С. ва як зумра устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

 
10.11.2022 12:23

ЛОИҲАҲОИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲ ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

Дар идомаи сафари хеш  ба Ҷумҳурии Беларус муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор  Худойдодзода Фаррух Бегиҷон дар таърихи  8-уми ноябри соли 2022  ба Донишгоҳи давлатии Гродно ба номи Янка Купала ташриф овард. Намояндаи донишгоҳи моро  ректори донишгоҳи зикршуда  хонум  Китурко Ирина Фёдоровна  пазироӣ  намуда, аз лутфу марҳамати  роҳбарияти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, хусусан ректори он, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода изҳори сипос намуд. Сипас бо аъзои раёсати ин донишгоҳ масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобиларо баррасӣ намуда, дар зимни мулоқот масъалаҳои табодули донишҷўёну омўзгорон, такмили ихтисос ва коромўзии устодон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин баробар  ҷониби Донишгоҳи давлатии Гродно ҷиҳати аз нигоҳи молиявӣ дастгирӣ намудани лоиҳаҳои илмии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ омодагии хешро иброз намуданд.

 
10.11.2022 12:07

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

10-уми ноябри соли равон дар факултети педагогика бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси Шурои кураторон Сатторов Н., раиси Шурои занон Давлатзода М., раиси собиқадорон Қосимова Р., раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён  Раҷабов Д., мудири шуъбаи таҳлил, робита ва кор бо ҷомеа Алланазаров  Ш. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Каримов Д. иштирок карданд. Чорабиниро декани факултет Давлатзода Фаридун  ҳусни оғоз бахшида, перомуни Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва нақши он дар бунёди давлати навини тоҷикон сухан ронд.

 
10.11.2022 11:34

ТАҲЛИЛИ НАҚШИ ИҶЛОСИЯ

Имрӯз, дар таърихи 10 ноябри соли 2022 дар факултети забон ва адабиёти руси ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олӣ маҳфили илмӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур  садорати факултет, як зумра устодон ва донишҷӯён, ҳамчунин намояндагони дигар сохторҳои донишгоҳ  иштирок доштанд. Чорабиниро декани факултет, н.и.ф. Исломова Ҷ.  ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки муҳимтарин масъалаи Иҷлосия ин интихоби як роҳбари сиёсӣ буд, ки дар таърихи  19 ноябри соли 1992 номзадии депутати халқӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид. Дар натиҷаи  овоздиҳии пинҳонӣ  аз 197 вакил  186 нафари онҳо ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд ва мутобиқи моддаи 109 Конститутсияи (ҳамонвақтаи) Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд.

 
10.11.2022 11:25

МИЗИ МУДАВВАР-СЕМИНАРИ ИЛМИИ ДОНИШҶЎЁН

Дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори  кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ мизи мудаввар-семинари илмии донишҷўён таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани ҳуқуқ ва самаранокии фаъолияти илмии ҷавонон» бахшида ба 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷуҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президент  баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур устодон, донишҷўён ва намояндагони Раёсати донишгоҳ иштирок намуданд.

 
10.11.2022 11:18

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ЛОИҲАИ "ЛЕКСИЯИ ТИЛЛОӢ"

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ узви Шурои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва (ДДОМ) – ташкилоти базавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омода намудани кадрҳои педагогӣ мебошад. Ба ҳайати Шурои мазкур пешқадамтарин донишгоҳҳои омӯзгории ИДМ шомиланд.

 
10.11.2022 11:04

ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО БО НАМОЯНДАГОНИ 5 КИШВАРИ ДУНЁ ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОР НАМУД

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобила бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар дар таърихи  10-уми ноябри соли 2022  бо ибтикори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ  конфронси байналмилалии илмӣ-амалии онлайн  таҳти унвони "Таҳсилоти педагогӣ дар заминаи равандҳои тағирёбанда: захираҳо ва механизмҳои таъмини рушди устувори ҷомеа" ташкил ва баргузор карда шуд.  Лозим ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ  ташкилкунандаи асосии конфронси мазкур буда, дар кори он намояндагони 5 давлати дунё, аз қабили Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ (Ҷумҳурии Тоҷикистон), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус (Ҷумҳурии Беларус), Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Маскав (Федератсияи Россия), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Арманистон ба номи Хачатур Абовян (Ҷумҳурии Арманистон), Донишгоҳи давлатии Қарағанда ба номи Е.А. Букетов (Ҷумҳурии Арманистон) ва  Донишгоҳи славянии Ҷумҳурии Молдова (Ҷумҳурии Молдова) иштирок ва суханронӣ намуданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ