• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
03.12.2022 09:22

НИШОНДОДИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА ДАР ФАКУЛТЕТИ ПСИХОЛОГИЯ

Дар таърихи 3 декабри соли 2022 дар факултети психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  тибқи нақша ҷаласаи ҳисоботи солонаи корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ баргузор гардид. Тибқи талаботи муқарраршуда ҳисобот дар Шурои олимони факултет бо иштироки кулли аъзоён бо истифода аз рӯнамо (слайд) шунида шуда, осори дар ҳисобот дарҷгардида дар мавқеи алоҳида ба намоиш гузошта шудааст.Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С.Б., мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултет, мудирон ва устодони кафедраҳо ширкат намуданд. Декани факултет М.Дадобоева доир ба натиљањои фаъолияти корҳои илмӣ-тањќиќотии факултети психология дар соли 2022  маърузаи хешро ба ҳозирин ироа намуд.  Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи мазкур мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта,   ҳисоботи  фаъолияти корҳои илмӣ-тањќиќотии факултети психология дар соли 2022  қаноатбахш ҳисобида шуд.

 
03.12.2022 09:12

ҚАБУЛ: МУРОҶИАТҲО ДАР ДОИРАИ ҚОНУН БАРРАСӢ МЕШАВАНД!

3-юми декабри соли ҷорӣ бо мақсади баррасии муроҷиати донишҷӯён дар доираи қонун аз тарафи ректори Донишгоҳ қабули шаҳрвандон баргузор гардид.

Зимнан муроҷиати муроҷиаткунандагон шунида шуда, ректори Донишгоҳ масъулинро ҷиҳати дар доираи қонун баррасӣ ва дастгирӣ намудан дастуру супоришҳои саривақтӣ дод.

 

 
03.12.2022 07:09

НАТИҶАГИРӢ ВА ҶАМЪБАСТИ  КУРС – ТРЕНИНГ

Ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”  ва дар доираи ҳамкориҳои судманд маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  баргузории курс - тренингро ба роҳ мондааст. Мавриди зикр аст, ки курс – тренингҳои мазкур барои омӯзгорони фанни забони англисӣ бо истифода аз методҳои муосири таълими забони англисӣ ҳамроҳ бо ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” дар доираи лоиҳаи “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” амалӣ гардид, ки  он ба муҳлати  панҷ рӯз,  дар ҳаҷми 24 – соат  пешбинӣ гардида буд.  Бояд қайд намуд, ки дар рафти баргузории даври дуюми курс – тренинг 10  нафар омӯзгорони донишгоҳ ба қайд гирифта шуда буданд ва 8 нафари онҳо, ки талаботи нақшаи пешбинигардидаро аз худ намуданд, ба гирифтани  сертификатмушарраф  гардиданд.

 
30.11.2022 13:49

САНҶИШИ САТҲИ ЗАБОНДОНИИ МАГИСТРОН

Тибқи дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати муайян намудани сатҳи забондонии магистрони донишгоҳ дар таърихи 30-юми ноябри соли ҷорӣ дар факултети психология аз тарафи гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои таълим Айнулозода Наҳтулло санҷиш гузаронида шуд. Ёдовар бояд шуд, ки санҷиши мазкур ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва иҷрои талаботи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба ҳифзи 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

 
30.11.2022 13:34

ТАТБИҚИ ДАСТУРИ РЕКТОР

Тибқи дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати амалигардонии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва иҷрои талаботи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба ҳифзи 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар факултетҳои Донишгоҳ санҷиш баргузор карда шуда истодааст.

 
30.11.2022 13:31

БАРРАСИИ ҲИСОБОТИ СОЛОНА ДАР ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА СОҲИБКОРӢ

Тибқи нақша дар таърихи 30 ноябри соли 2022 дар факултети технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ҳисоботӣ марбут ба ҳама самтҳои фаъолият баргузор гардид, ки дар ҳузури муовини ректор оид ба корҳои илми донишгоҳ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Хайров Т., мудири бахши табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултет, мудирони кафедраҳо ва як қатор омӯзгорон-аъзои шурои олимони факултет ҳисоботи солонаи бахши илми факултет ироа гардид.
Ҷаласаи ҳисоботиро декани факултет Ширинов М.Ч. ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар ҷаласаи ҳисоботӣ ҳама, омӯзгорон-аъзои шурои олимони факултет ҳузур доранд. Сипас ҳисоботи солонаи фаъолияти илмии факултет аз тарафи мавсуф ироа гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Вобаста ба нуқсу камбудиҳои ҷойдошта эроду музокираҳо пешниҳод гардиданд.

 
30.11.2022 13:21

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МАҚОЛАИ “МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?”

Вобаста ба масоили марзии байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳатто бо даргириҳои хунин анҷом ёфта буд, дар рӯзҳои наздик дар саҳифоти фейсбукӣ мақолаи таҳлилгари масоили байналмилалии сиёсӣ Абдуллоҳи Роҳнамо ба табъ расида буд. Дар таърихи 30-юми ноябри соли равон дар факултети технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи мақолаи мазкур мизи мудаввар баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д. Ш., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Хайров Т., мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷ., декани факултет Ширинов Б. ҳамроҳ бо муовинони худ ва инчунин як зумра донишҷӯёни факултети мазкур ширкат намуданд.

 
30.11.2022 13:16

ИРОАИ ҲИСОБОТ ОИДИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

Дар таърихи 30-юми ноябри соли 2022 дар факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ тибқи нақша ҷаласаи ҳисоботӣ вобаста ба ҳама самтҳои фаъолият баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С., сардори раёсати таълим Сулаймонов И., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилаӣ Хайров Т., мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултет ва мудирону омӯзгорони кафедраҳо иштирок карданд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ