• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Wednesday, 30 November 2022 13:16
There are no translations available.

ИРОАИ ҲИСОБОТ ОИДИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

Дар таърихи 30-юми ноябри соли 2022 дар факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ тибқи нақша ҷаласаи ҳисоботӣ вобаста ба ҳама самтҳои фаъолият баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С., сардори раёсати таълим Сулаймонов И., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилаӣ Хайров Т., мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултет ва мудирону омӯзгорони кафедраҳо иштирок карданд.

 
Wednesday, 30 November 2022 02:35
There are no translations available.

ДОНИШҶӮЁНУ МАГИСТРОНИ ФАЪОЛ ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД!

Имрӯз, 29-уми ноябри соли 2022 аз ҷониби ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода қабули шаҳрвандону донишҷӯён баргузор карда шуд.

Ҳама арзу шикояти муроҷиаткунандагонро ректори Донишгоҳ шунида, ҷиҳати дар чорчӯбаи қонун ҳаллу фасли онҳо ба ашхоси масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Инчунин, сатҳи забондонии донишҷӯёну магистроне, ки бо мақсади кам кардани маблағи шартнома муроҷиат карда буданд, аз тарафи комиссияи махсус санҷида шуда, беҳтаринҳо дастгирӣ ёфтанд.

 
Wednesday, 30 November 2022 02:34
There are no translations available.

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО БО ТАШКИЛОТИ USAID ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “БИЁ, ҲАМРОҲ ОМӮЗЕМ”!

28-уми ноябри соли 2022 ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо директори бахши маорифи USAID дар Тоҷикистон Тереса Миллер ва роҳбари бахши қарордодҳои ин ташкилот Мавҷуда Набиева мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ташкили семинарҳои омӯзишӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Зимни мулоқот ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода изҳор дошт, ки раёсати донишгоҳ масъалаи бозомӯзӣ ва фаро гирифтани устодонро ба семинару тренингҳо дар мувофиқа бо намояндагони USAID ба роҳ хоҳад монд.

 
Wednesday, 30 November 2022 02:30
There are no translations available.

БАРРАСИИ ҶАНБАҲОИ ПЕДАГОГӢ- ПСИХОЛОГИИ КӮДАКОН ДАР КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ

Имрӯз, дар таърихи 29 ноябри соли 2022 бо ибтикори факултети педагогика ва кафедраи педагогика, психология ва методикаи тарбияи томактабии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба сивумин солгарди Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷанбаҳои педагогӣ-психологии тарбияи кӯдакон” конфренсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Кори конфронси мазкур тибқи нақша бо барномаи асосӣ ва барномаҳои иловагӣ дар ду бахш сурат гирифт. Тибқи барномаи асосӣ бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. баромад намуда, меҳмонон ва ҳозиринро аз номи ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода А.И. хайрамақдам гуфт. Ҳамчунин зарурати баргузор кардани чунин конфренсияро дар замони ҷаҳонишавӣ бамаврид арзёбӣ намуд. Сипас доктори илмҳои педагогӣ, профессор Каримова И. Х. дар мавзуи “Развитие дошкольного образования в Республике Таджикистан: проблемы и поиск решения” маърузаи хешро ироа карда, зикр кард, ки дар ин ҷанба камбудиҳо зиёданд ва пайи ислоҳи онҳо кушиш бояд кард. Дар навбати хеш мудири кафедраи дар боло зикршуда Кенҷаева З.Х. дар мавзуи “Пешвои миллат ва муқаддасоти миллӣ дар ашъори Низом Қосим” нозукиҳои муҳтавои мавзуи мадди назаро ба самъи ҳозирин баён кард.

 
Wednesday, 30 November 2022 02:29
There are no translations available.

ИРОАИ ҲИСОБОТ ОИДИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ИЛМӢ

Дар таърихи 29-уми ноябри соли 2022 дар факултети забонҳои романӣ-германӣ тибқи нақша ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилаӣ Хайров Т., мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултет, мудирон ва устодони кафедраҳо ширкат намуданд. Муовини декан оид ба корҳои илмӣ Ҷурақулов Б. ҳисоботи солонаи бахши илми факултетро ироа намуда, оиди дастовардҳои илмии устодону донишҷӯёни факултет маълумоти муфассал пешниҳод кард. Сипас, ҳисобот аз тарафи ҳайати корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 
Tuesday, 29 November 2022 08:14
There are no translations available.

ТАШКИЛУ БАРГУЗОРИИ КУРСҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМЎЗӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМЎЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи дастури ректори Донишгоҳ , профессор Ибодуллозода А.И. оид ба ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омўзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин дастури Вазири маориф (ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 05.07.2022) бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омўзгории шаҳри Душанбе курсҳои равияи педагогика, психология ва фанҳои дақиқро оғоз намуд.

 
Tuesday, 29 November 2022 08:06
There are no translations available.

ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ КУРС – ТРЕНИНГ

Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади иҷроиши бандҳои дахлдори “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” такмили маҳорату малакаи касбии омўзгорони фанни забони англисӣ ва сайқал додани раванди таълиму омўзишу забони англисӣ ва дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” даври дуюми курс - тренингро барои омўзгорони фанни забони англисӣ дар донишгоҳ оғоз намуд.

Баргузории тренинги мазкур дар факултети филологияи тољик бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.ҳ. профессор Сангинзод Д.Ш., сардори Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳо Азимов М., менеҷери барнома Мирзовафоева Г. ва 10 нафар омўзгорони факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ баргузор гардид.

 


Page 45 of 305
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в