• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
26.11.2022 05:18
There are no translations available.

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Дар таърихи 25-уми ноябр дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур 3 нафар донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ширкат намуда, 2 нафари онҳо аз рӯи номинатсияи география сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд: Садриддинов Озодбахт, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси геогрфия сазовори ҷойи якум ва Зиёев Ҳузуриддин, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси география-биология сазовори ҷойи 2-юм.

 
25.11.2022 08:33
There are no translations available.

ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР РОҲПАЙМОӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Субҳи 24 ноябри соли 2022 аз «Майдони Истиқлол»-и шаҳри Душанбе то майдони Парчами давлатӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради идона ва роҳпаймоӣ таҳти унвони «Парчам – рамзи ҳувВияти миллӣ ва иттиҳоди миллати тоҷик» бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҶикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Инчунин дар роҳпаймоии идонаи имрӯза ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ зиёда аз 10 000 нафар иштирокчиён, аз ҷумла кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, варзишгарон, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

 
25.11.2022 08:28
There are no translations available.

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи дастури ректори муассиса, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ нимаи дуюми рӯзи 24-уми ноябри соли равон мусобиқаи футбол дар байни чаҳордаҳ дастаи донишҷӯйписарони факултетҳо оғоз гардид. Дар маросими оғози мусобиқа муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, муҳтарам Айнуллозода Наҳтуллло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Давлатшо Каримов, мудири бахши таҳлил, робита ва кор бо ҷомеа Шараф Алланазаров, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Дилшод Раҷабов, мудири кафедраи тарбияи кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ Намозов Тошқул, чаҳордаҳ дастаи факултетҳо ва як қисмат мухлисони  футбол иштирок доштанд.

 
23.11.2022 10:49
There are no translations available.

ИРОАИ ҲИСОБОТИ СОЛОНА

Имрӯз, дар таърихи  23 ноябри соли 2022 тибқи ҷадвали баргузории муҳокимаи ҳисоботи солонаи фаъолияти  факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ  дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  аз ҷониби муовини декан оид ба корҳои илмӣ н.и.п. Шарипов А.Ф. ҳисоботи солонаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ манзур карда шуд.

Дар  ҷараёни муҳокимаи  ҳисоботи солона муовини ректори донишгоҳ  оид ба корҳои илмӣ, д.и.ҳ. ,профессор Сангинзод Д, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ профессор Худойдодзода Ф, сардори Раёсати илм ва инноватсия Идиев С.Б., масъули бахши табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултети мазкур , мудирони кафедраҳои марбут ба он ва як зумра устодони факултет иштирок намуданд.

 
24.11.2022 11:07
There are no translations available.

ДАРСИ ОЗОД БАХШИДА БА ПАРЧАМ

Дар таърихи  24- ноябри соли 2022  бахшида ба рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мудири кафедраи географияи табии факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дотсент Рауфов Раҳматулло Негматович дарси озод барпо гардид. Мавсуф дар дарси мазкур дар боби муқаддасоти милливу давлатӣ:  Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ки рамзҳои асосии ҳар як давлат мебошанд ва инчунин нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар  давлату миллат маҳсуб мешаванд, маълумот дод.

 
24.11.2022 11:01
There are no translations available.

ҲИМОЯИ ДИССЕРТАТСИЯИ ИЛМӢ

Дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6Д.КОА - 010-и назди Донишгохи миллии Точикистон дар таърихи 24-уми соли 2022 ҳимояи диссертатсияи Касирова Аслинисо Назаралиевна, устоди кафедраи химияи органикӣ ва биологии факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои химия анҷом пазируфт.  Лозим ба зикр аст, ки диссертатсияи мазкур  аз ҷониби муаллими калони кафедраи зикршуда Касирова А. Н. дар мавзӯи “ Синтези ҳосилаҳои тимопентин ва аналогҳои он ” бомуваффақият иҷро шуда, аз ҷониби аъзоёни Шуро дастгирӣ ёфт. 

 
24.11.2022 10:56
There are no translations available.

ҶАЛАСА БАХШИДА БА ГИРОМИДОШТИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ

Дар таърихи 24 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба сивумин солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.  Дар ҳамоиши мазкур муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Маҳмудов Давлатшоҳ  ширкат ва суханронӣ намуд. Ҳамоишро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханони табрикотии ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба самъи ҳозирин ироа намуд.  Дар маърӯзаи мазкур  аз ҷумла зикр шудааст, ки дар баробари ба истиқлол расидани Тоҷикистон дар радифи масоили дигар зарурати таҳияву қабули Парчами давлатӣ пеш омад ва ҳамин тавр дар таърихи 24 ноябри соли 1992 бо ҷаӽду талошӽои  Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи муқаддаси кишвар аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол  қабул гардид.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ