• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Friday, 15 March 2024 04:38
There are no translations available.

 

ХУШХАБАР: САФИ УНВОНДОРОНИ ДОНИШГОҲ МЕАФЗОЯД!
Бо дастгириҳои ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки муҳаққиқону омӯзгорон рисолаҳои худро муваффақона дифоъ намуда буданд, якбора рисолаи 4 нафари онҳо бо фармоиши раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, аз 05.03.2024, №35, 36, 37 тасдиқ гардид.
Аз ҷумла: Максумова Шаҳноза Уктамовна, омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои география;
Имамбердиева Саломат Менгликуловна, омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ;
 
Tuesday, 12 March 2024 05:33

TWO PEDAGOGICAL UNIVERSITIES OF TAJIKISTAN AND UZBEKISTAN SIGNED A MoU

A significant collaboration agreement was digitally signed by the Ibodullozoda Ahliddin Ibodullo rector of the Tajik state pedagogical university named after Sadriddin Aini and Hasanov Azizbek Bakhtiyarovich rector of the Termez state pedagogical institute.Today, March 12, 2024, a MoU was signed between the Tajik state pedagogical university named after Sadriddin Aini and the Termez state pedagogical institute of the Republic of Uzbekistan.

 
Monday, 11 March 2024 05:25
There are no translations available.

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО МУАССИСАҲОИ ЧИН
Возможно, это изображение 5 человек и отдел новостей7-уми марти соли равон Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо Сун Янмэй, ректори Институти таълим ва мубодилаи байналмиллалӣ, муовинони ректор Лю Хунмей, Ван Ся, роҳбари Маркази табодул ва ҳамкории забонҳои чинӣ ва хориҷии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини ректори Донишгоҳи Ҷинан ва Ҷау Хун Лян директори Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и Ҷумҳурии Халқии Чин вохӯрии маҷозӣ баргузор намуд.
 
Saturday, 09 March 2024 03:36
There are no translations available.

ДДОТ: АЗ ТАҚДИМИ ГУЛҲОВУ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ТО ТАОМИ МИЛЛӢ ДАР РӮЗИ МОДАР
Возможно, это изображение 4 человекаИмрӯз, 7-уми марти соли 2024 бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба гиромидошти Рӯзи Модар баъд аз тақдими гулҳову чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба занону бонувони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар толори васеи варзишӣ, хӯроки нисфирӯзӣ, ки аз таоми миллӣ иборат буд, тақдим карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки раёсати Донишгоҳ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат
 
Saturday, 09 March 2024 03:33
There are no translations available.

 

ТАҚДИМИ ГУЛҲО БА ОМӮЗГОРЗАНОНУ БОНУВОНИ ДОНИШГОҲ ДАР РӮЗИ МОДАР!
Возможно, это изображение 3 человекаСубҳи имрӯз бо дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кормандони раёсати донишгоҳ омӯзгорзанону бонувони донишгоҳро ҳангоми ворид шудан ба донишгоҳ чун рамзи эҳтиром дар остонаи Рӯзи модар бо гулҳо истиқбол намуда, баҳри болидахотирии онҳо 500 дона гулҳои зебо тақдим карда шуд.

 

 
Thursday, 07 March 2024 03:34
There are no translations available.

МОДАР ФАРИШТА АСТ
Возможно, это изображение 5 человек и помостИмрўз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба ифтихори таҷлили санаи фархундаву пурҷалоли Рўзи модар ҷамъомади пуршукуҳ доир шуд. Ректори донишгоҳ, зимни ифтитоҳи ин чорабинӣ иброз дошт, ки зан – модар дар ҳақиқат муқаддасу равшанкунандаи ҳаёти инсон дар ҷомеа мебошад. Ҳангоме ки мо симои модарро пеши назар меорем, аз вуҷудаш нур меборад. Ширинтарин ва лазизтарин сухане, ки ба забон меорем, ин модар аст. Модаре, ки шабҳо бари гаҳвораи мо нишаста алла мехонд, аз нотобии мо ранҷ мекашид, раҳпоӣ менамуд, бо дастони нармаш сари моро сила мекард.
 
Wednesday, 06 March 2024 06:53
There are no translations available.

МАНЪИ ТЕЛЕФОНҲОИ СЕНСОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ!
Возможно, это изображение телефонБо тасмими раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз оғози соли нави таҳсил, яъне аз сентябри соли 2024 аз ҷониби донишҷӯён истифодаи телефонҳои сенсории смартфон дар раванди таълим ва ҳудуди донишгоҳ қатъиян манъ карда мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ дар синфхонаҳои таълимӣ ба раванди азхудкунӣ ва донишандӯзии донишҷӯён халал ворид намуда, сифати дарсҳо ва машғулиятҳои таълимию тарбиявии омӯзгоронро коста мегардонад. Дар баробари ин, тамошои мунтазами наворҳои видеоии сомонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ, ки хусусияти ифротгароёна, террористиву экстремистӣ ва ғайриахлоқиву дур аз фарҳангӣ миллӣ доранд, ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.
 


Page 6 of 300
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в