• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
04.07.2022 05:46

ШАНБЕГӢ-БАҲРИ ПОКИЗАГИВУ ОБОДОНӢ

Имрӯз кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шанбегии умумӣ баргузор намуданд.

 
02.07.2022 12:10

БА ГУЗАШТАГОН ЭҲТИРОМ МЕГУЗОРЕМ

Имрӯз омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар асоси муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри гулрез” ва тозаву озода табдил додани пайтахти кишвар  дар оромгоҳи Чоряккорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  шанбегӣ баргузор намуд.

 
01.07.2022 06:11

ФАЪОЛИЯТИ МАТБААИ ДОНИШГОҲ БОЗ ҲАМ БЕҲТАР МЕШАВАД

Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ аз матбааи донишгоҳ дидан намуда, бо фъолияти кормандони матбааи донишгоҳ аз наздик шинос гардид.

Матбаа барои нашри маводҳои чопӣ бо дастгоҳи чопии ҳозиразамони тамғаҳои резограф, термоклей ва принтери ранга таъмин буда, дар ин замина, дар асоси дастрасии шароити мусоиди корӣ ҳамарӯза нашри китобҳои илмӣ-оммавӣ, монографияҳо, автореферат, маҷаллаҳо, дастурҳо, барномаҳои таълимӣ, ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ ва ғайраро рӯи чоп меорад.

 
01.07.2022 02:21

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ТАЪЛИМУ ИЛМ ДОИР ГАРДИД

Имрӯз дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи муштараки бахшҳои илму таълим баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи тақсимоти сарбории омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Наҳтулло Айнуллозода, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ доир ба тағйироту иловаҳои сарбории омӯзгорон баромад намуда, ба мудирони кафедраҳо дастур дод, ки тақсимоти соатҳоро барои соли таҳсили 2022-2023 бо назардошти тағйироти бавуҷудомада ба роҳ монанд.

 
01.07.2022 02:17

БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН ДАР ХОРИҶА

Имрӯз ҷаласаи ҳайати кормандони бахши равобити байналмилалӣ баргузор гардид. Ҷаласаро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фаррух Худойдодзода оғоз намуда, масъулинро барои риояи интизоми меҳнат ва фаъолияти босамари корӣ баҳри таҳкими равобити байналмилалии донишгоҳ уҳдадор намуд.

 
01.07.2022 02:03

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ

Рисолаи номзадии сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгори ҷавон» Ҳабибулло Сатторов дар назди кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷик мавриди муҳокима қарор дода шуд.

 
30.06.2022 04:09

СИТОДИ НАВБАТӢ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ДОНИШГОҲРО БАРРАСӢ НАМУД

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ ҷаласаи ситодро аз баррасии масъалаҳои ҷараёни имтиҳони сессияи навбатии шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, фаъолияти боғи агробиолабораторӣ ва Маркази касбомӯзии донишгоҳ дар шаҳри Норак оғоз намуд. Ректори донишгоҳ муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва деканони факултетҳоро вазифадор намуд, ки раванди иштироки донишҷӯёнро дар дарсҳои иловагӣ (триместр) таъмину назорат намоянд.

 
29.06.2022 04:09

РУШДИ ИЛМИ ДОНИШГОҲ АЗ МАСЪУЛИЯТИ ОМӮЗГОР ВОБАСТА АСТ

Имрӯз Дониёр Сангинов, муовини тозатаъйини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар толори Шӯрои олимон ҷаласаи корӣ оид ба шиносоӣ бо ҳайати кормандони бахшу сохторҳои қисми илми донишгоҳ баргузор намуд. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ зимни ҷаласа бо фаъолияти масъулини бахшҳову сохторҳои қисми илм шинос шуда, ҳар як масъули ин ё он бахшро барои риояи интизоми меҳнат ва фаъолияти босамари корӣ баҳри рушди илми донишгоҳӣ вазифадор намуд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ