• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Saturday, 18 December 2021 15:02
There are no translations available.

 

МУБОРАК НАВАДАТ, ЭЙ ДАРГАҲИ МАН!

2.JPG - 69.40 Kb16 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 – солагии Донишгоҳ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони “Муборак навадат, эй даргаҳи ман!” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст, мудири шуъбаи тарбия Қобилҷон Иброҳимов баромад намуда, ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид. Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон М.Абдураҳмонов баромад намуда, оид ба нақш ва ҷойгоҳи ин нахустдаргоҳи илму таълими кишвар ба донишҷӯён маълумот дод.

 
Saturday, 11 December 2021 10:23
There are no translations available.

 

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ, ТАРҶУМАШИНОСӢ,

АДАБИЁТШИНОСӢ ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР МАКТАБИ ОЛӢ


1.JPG - 97.80 Kb10-11 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултети забони англисӣ  ба ифтихори 90- солагии Донишгоҳ ва 25 – солагии кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷумаи факултети забони англисӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони  “Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, тарҷумашиносӣ, адабиётшиносӣ ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар мактаби олӣ” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хушомадед гуфт.

 
Saturday, 11 December 2021 10:10
There are no translations available.

 

РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2.JPG - 57.47 Kb10 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултети география конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ба ифтихори “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва инчунин ба муносибати 80 – солагии олими намоёни соҳаи география Алишер Ҷӯраев таҳти унвони “Рушди илмҳои табиатшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёни ин конференсияи сатҳи баландро ба ин даргоҳи илму таълими кишвар хушомадед намуд.

 
Friday, 10 December 2021 05:33
There are no translations available.

 

ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ – ОМИЛИ ЯГОНАИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ


1.JPG - 210.23 Kb6 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи биохимия ва генетикаи факултети биология бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зиди ВНМО семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Пешгирии бемориҳои сироятӣ – омили ягонаи тарзи ҳаёти солим” баргузор гардид. Дар семинари мазкур мутахассисон аз МД Маркази тиббӣ-шаҳрии №2 Ҳаётхон Солиева ва Бегиҷон Амонов иштирок варзида, ба донишҷӯён роҳҳои асосии пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумла, ВНМО-ро шарҳу тавзеҳ доданд.

 
Thursday, 09 December 2021 09:53
There are no translations available.

https://youtu.be/NpvIDT2zRa4

 
Wednesday, 08 December 2021 17:02
There are no translations available.

 

ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА МЕХАНИЗМҲОИ МУАССИРИ ҲИФЗИ ОНҲО

1.jpg - 31.43 Kb8 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи факултети таърих бахшида ба рӯзи қабули “Эъломияи ҳуқуқи башар” конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва механизмҳои муассири ҳифзи онҳо” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро ба ин даргоҳи илму таълим хушомадед намуд. Сипас, маърӯзачиён Ҳусайнов А., Буризода Э., Раҷабов С.,Меликов У., Давлатзода Ф. ва Назаров Д. баромад намуданд. Конференсия дар бахшҳо низ идома ёфта, омӯзгорону унвонҷӯён ва докторантон бо маърузаҳо баромад намуданд.

 
Monday, 06 December 2021 16:50
There are no translations available.

 

ДОНИШҶӮЁН АЗ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ

ТЕРРОРИСТИИ ДАР ҚАЛАМРАВИ КИШВАР МАМНУЪ ОГОҲАНД

7.JPG - 91.24 Kb6-юми декабри соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултаи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи васеъ дар мавзуи “Ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии дар қаламрави кишвар мамнуъ” бо иштироки намояндаи Раёсати назорати иҷрои қонунҳо ва кор бо ҷавонону ноболиғони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо ва кор бо ҷавонону ноболиғони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Наботов Меҳроҷиддин, муовини ректор оид ба илм Акобир Мирзораҳимов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода, Раиси иттифоқи касабаи кормандону омӯзгорон Ҳобилҷон Зикирзода, деканони факултетҳо, муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва дигар сохторҳои идории донишгоҳ ширкат намуданд.

 


Page 85 of 303
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в