• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
25.11.2021 10:37

ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба  боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз пистолети тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Прокуратураи ВМКБ хабар медиҳад.

 
24.11.2021 10:24

 

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

 

17.png - 217.50 Kb24.11.2021 07:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори санаи муҳимми таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик мегӯям ва орзумандам, ки парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад.

Имсол мо Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сисолагии истиқлолу озодии Ватанамон таҷлил мекунем.

Дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср ва садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд.

 
24.11.2021 03:16

 

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

3.jpg - 153.34 Kb24 ноябри соли 2021 дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонону донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳпаймоии донишҷӯёни донишгоҳ бо шиору овезаҳо, ки таҷассумгари сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагист, оғоз гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, кулли иштирокчиёни ҳамоишро бо ин санаи таърихӣ табрику таҳният намуд.

 
24.11.2021 11:33

 

ПАРЧАМ РАМЗИ САОДАТ ВА ПИРӮЗИИ МИЛЛАТ

9.jpg - 42.61 Kb24 – уми ноябри соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносӣ бахшида ба “Рӯзи парчами давлатӣ” семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва директори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Небраскаи Омаҳаи ИМА профессор Пэтрик Макнамара баргузор гардид. Семинарро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ н.и.п, дотсент Байдуллоев Аъзам оғоз намуда, сипас бо камоли эҳтиром риштаи суханро ба меҳмони олиқадр Пэтрик Макнамара супорид. Устоди Донишгоҳи Небраскаи Омаҳа дар мавзуи  “ИМА ва Тоҷикистон:  робитаҳои илмиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар даврони Истиқлолият” маърӯзахонӣ намуд. Баъдан, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ н.и.с. Амиров Толиб Шарифович дар мавзӯи “Парчам рамзи саодат ва пирӯзии миллат”  баромад намуд.

 
24.11.2021 10:11

 

Участие преподавателей ТГПУ им. С.Айни в международной

научно- практической конференции: «Русский язык в современном Китае»

2.jpg - 78.82 Kb24.11.2021 года заведующая кафедрой современного русского языка и общего языкознания, доцент Мирганова Нигина Рауфовна и кандидат филологических наук Эшназарова Сарвиноз Маматовна в онлайн формате выступили с научным докладом на международной научно- практической конференции «Русский язык в современном Китае» на тему: «Язык. Лингвистика. Личность. Коммуникация. Преподаватель», «Лексические средства выражения темпоральности в русском и таджикским языках».

 
24.11.2021 08:10

 

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-ТРЕНИНГ

ДАР ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

 

20.JPG - 164.37 KbИбтидо аз санаи 19.11.2021 то 23.11.2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки як зумра таълимшиносон, мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ семинар-тренинг “Оид ба омода намудани тренерҳо ҷиҳати  таҳия, ташаккул ва татбиқи  барномаҳои таҳсилотии насли нав” бо дастгирии “Бонки ҷаҳонӣ”, Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки маърӯзахонии онро намоянда: профессор Владимир Бриллер аз кишвари ИМА бар ӯҳда дошт.

Маврид ба зикр аст, тӯли ин чанд рӯз коршиносон доир ба самти  таълим, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он бо ин намояндаи хориҷӣ гуфтугузор намуданд. Ногуфта намонад, ки бештари аз иштирокдорони семинари мазкур аз худи муассисаи таълимии мо ба ҳисоб мерафтанд.

 
24.11.2021 05:55

Мусаллам аст, ки рубоӣ аз навъҳои хеле маъмули назми форсии дарии тоҷикӣ дар асрҳои даҳум ва ёздаҳум ба шумор рафта, тамоми шоирони давраҳои гуногун аз ин тариқаи эҷоди бадеӣ барои расонидани ҳадаф ва матлабу мазомини иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, адабӣ, маърифатӣ, фалсафӣ, динию мазҳабӣ васеъ истифода бурдаанд. Дар баробари ин ки ҳамаи шоирони бузург камокон рубоӣ ва дубайтӣ эҷод кардаанд, барои як иддаи бузурги донишмандон ва орифони суханвар рубоӣ ба сифати навъи асосии фаъолият эҷодӣ ва василаи изҳори завқу маром будааст (ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. С.5). Ҳаким Умари Хайём аз ҷумлаи ин донишмандон маҳсуб меёбад, ки аз тариқи рубоисароӣ ҳикмату фалсафа, мушкилоти зиндагӣ ва воқеиёти давру замонро ифода намудааст.
 
23.11.2021 06:26

 

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

5.jpg - 82.69 Kb23.11.2021 дар факултетҳои химия, физика ва таҳсилоти ибтидоии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, ба ифтихори “Рӯзи парчами давлатӣ”  чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!”-дар факултети химия, “Парчам – рамзи соҳибдавлатии кишвар” –дар факултети физика, “Парчамат аз Кова омад”-дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Деканони факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён вобаста пайдоиш,  гиромидошт ва нақши  парчами давлатӣ маърӯзаҳо намуданд. Сурудхонии донишҷӯён ба чорабинии факултетҳо ҳусни тоза мебахшид.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ