• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
01.06.2021 11:24

 

ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР

ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

12.JPG - 274.30 KbСубҳи 31-уми майи соли 2021 дар саҳни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аҳли раёсати донишгоҳ ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявиро бо дастагулҳо ва шиору овезаҳо пешвоз гирифтанд. Сипас дар толори Шӯрои олимон ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо донишҷӯён ва устодони онҳо, ки дар олимпиадаи мазкур иштирок доштанд, вохӯрӣ доир намуд. Сараввал ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳайати дастаи олимпии донишгоҳро барои иштироки фаъолонаашон арзи сипос намуд. Маврид ба ёдоварист, ки санаи 28 ва 29 – уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз...” баргузор гардид. Дар ин олимпиада донишҷӯён аз рӯйи 14 фанни таълимӣ сабқат намуданд. Боиси хушнудист, ки дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Аз ҷумла, донишҷӯи соли 2-юми факултети таърих Ниёзов Дилшод Маҳмадзарифович, донишҷӯи соли 4-уми факултети химия Ноибова Нигора Замировна, донишҷӯи соли 4-уми факултети биология Умаров Руҳулло Комилович, донишҷӯи соли 2-юми факултети география Садриддинов Озодбахт Муҳиддинович ва донишҷӯи соли 4-уми факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ Шайхова Нигина Пулодовна сазовори ҷойи аввал ва донишҷӯи соли 4-уми факултети таърих Шарипов Искандар сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 
01.06.2021 02:42

 

“ТАТБИҚИ АЛГЕБРА ВА НАЗАРИЯИ АДАДҲО ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МУОСИР”

1.JPG - 339.80 KbРӯзи 29-уми майи соли 2021 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои факултети математика конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Татбиқи алгебра ва назарияи ададҳо дар ҳалли масъалаҳои муосир” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020 - 2040)”, 90–солагии таъсисёбии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонону омӯзгорони факултет баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ҳушомадед намуд.

 
31.05.2021 19:34

Сайф Раҳимзоди Афардӣ яке аз намояндагони барҷастаи адабу фарҳанги миллӣ буд, ки бадбахтона дар авҷи камолоти эҷодиаш аз дасти қотилони наҳзатӣ кушта шуд.

Ин адиби забардасти тоҷик 20 майи соли 2000-ум дар назди даромадгоҳи манзили истиқоматиаш аз тарафи яке аз қотилони ТТЭ ҲНИ – Раҳим Қаландаров бо шеваи бераҳмона ба қатл расонда шудааст. Маълум аст, ки ин амали нангин ва тарсуёнаро раҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо мақсади тарсафканӣ ва зарба задан ба илму маърифат ва рушду тараққии миллат анҷом додаанд.

 

Албатта равшангарони миллӣ, ки дар симои шоиру нависандагон, адибон, донишмандон, файласуфону мутафаккирон зуҳур мекунанд, дар таърих мисоли зиндаи шахсиятҳои мубориз алайҳи беадолатиҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ буда ва ҳастанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ҷаҳолатписандон ормонҳои миллӣ ва мардумиро зери по кунанд ва роҳи тараққиёту рушди инсониро бо муште хурофоту таассуби динӣ бубанданд. Мутаассифона, бар асари нодонӣ, бетафовутӣ, саҳлангорӣ, бетаҷрибагӣ, камогоҳӣ, безавқии ҷомеа ва муҳимтар аз ҳама, ба сабаби худхоҳию худбохтагӣ ва ҷоҳталабии ташкилоти террористии собиқ  ҲНИ дар қаламрави кишвари мо ибтидои солҳои навадуми садаи бистум даргириҳо сурат гирифт ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ ё бародаркушро доман зад.

 
29.05.2021 14:02

 

ПАЖӮҲИШҲОИ ТОЗАИ ИЛМӢ ДАР “АНВОРИ ДОНИШ”

anvori_donish.png - 407.76 Kb

Дар шумораи навбатии маҷмӯаи илмии “Анвори дониш”, ки бо ибтикори кафедраи забони тоҷикии ДДОТ ба номи С.Айнӣ интишор гардидааст, муҳимтарин мақолаҳои  марбут ба масоили забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ гирд омадаанд.

Мақолаҳои илмии профессорон Саидмуроди Хоҷазод “Бозтоби масоили умдаи забон дар асари Пешвои миллат «Забони миллат-ҳастии миллат»”, Шарифмурод Исрофилниё “Фирдавсӣ ва Носири Бухороӣ”, Элбоев Вафо “Номбардори бузургон” ва дотсентону омӯзгорон Нурхон Гадоев “Воҳидҳои фразеологии лаҳҷа ва хусусиятҳои он”, Одилҷон Алиев  “Ахтари тобони илми забоншиносии тоҷик”, Хокироев Ризо “Тоҷикпарастии устод Садриддин Айнӣ”, Раҳимова Ҳамроза “Бозтоби маҷоз дар ашъори Ёрии Дарвозӣ”, Равшани Ҳамроҳ “Хусусиятҳои хоси Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ҳамза Боқиев “Шоирӣ ҳам мушкил аст, осон магир”, Ҳанифаи Муҳаммадохир “Вижагиҳои резаҳикояҳои Сорбон” ва ғ. аз лиҳози асолат, муҳиммият ва навгонии илмӣ пажӯҳиши тоза дар ҷодаи забон ва адабиётшиносии муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд.

 
29.05.2021 10:15

 

РУШДИ РАВАНДИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР ДОНИШГОҲ

3.JPG - 164.76 KbНимаи дуюми рӯзи 28-уми майи соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факулттети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди раванди таҳсилоти фарогир дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ» баргузор гардид. Дар ин мизи мудаввар ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, сармутахассиси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Бобомуродов, координаторони барномаи Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Тоҷикистон Рейка Ҳориё ва Мукай Кумазава, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Мизи мудаввари мазкур дар асоси лоиҳаи «Таҳияи барномаи таълимии курсҳои такмили ихтисоси муаллимон дар мактабҳои олӣ барои рушди таҳсилоти фарогир» баргузор гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода зимни суханронии хеш меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз кӯмаку дастгириҳои шарикони лоиҳаи мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуд.

 
29.05.2021 09:17

 

ВОХӮРИИ СУДМАНД

1.JPG - 154.54 Kb

Санаи 28.05.2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи С.Айнӣ вохӯрии намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов, хабарнигори нашрияи «Минбари халқ» Ҳуринисо Ализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Амир Иброҳимзода ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода суханронӣ намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Сипас хабарнигори нашрияи «Минбари халқ» Ҳуринисо Ализода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдуло Давлатов ва Амир Иброҳимзода доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир маърӯзаҳо намуданд.

 
27.05.2021 15:33

 

САФИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ БОЗ АФЗОИШ ЁФТ

10.JPG - 188.97 KbИмрӯз 27.05.2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-028 – и назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ н.и.ф., дотсент Ғаффоров Абдушукур Одинашоевич рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Хусусиятҳои грамматикӣ ва маъноии ибораҳои феълӣ дар забони адабии тоҷик” (дар асоси маводи осори мансури асрҳои XV-XVI) бо муваффақият ҳимоя намуд. Инчунин дар ҳамин шӯро, Раҷабов Абубакр Ашурович, омӯзгори кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷик рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Хусусиятҳои овоӣ ва сохторию маъноии калимаҳои иқтибосии арабӣ дар гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ” зери роҳбарии д.и.ф., профессор Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло аз рӯи ихтисоси 10.02.01. – забони тоҷикӣ бо муваффақият ҳимоя намуд.

 
27.05.2021 05:11

 

СЕССИЯИ ФАЪОЛ ДАР ДОНИШГОҲ ОҒОЗ ГАРДИД

5.JPG - 174.81 KbТибқи фармоиши ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз 17.05.2021 то 12.06.2021 оид ба тартиби гузаронидани сессияи имтиҳонҳои тобистонаи солҳои 2020-2021 барои донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, шурӯъ аз 24–уми майи соли равон оғоз ёфта буд. Нуқтаҳои имтиҳонсупории МҚИ-1, МҚИ- 2, МҚИ- 3 ва дигар синфхонаҳои компютерӣ барои супоридани имтиҳонҳои донишҷӯён муайян карда шудаву бо шароити техникии муосир таҷҳизонида шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки тартиби қабули имтиҳонҳо дар донишгоҳ, дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти касбии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба супоридани имтиҳонҳои ҷамъбастӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст. Дар марказҳои имтиҳонотӣ ва синфхонаҳои компютерӣ намояндагони раёсати таълим, маркази хизматрасонии техникӣ, идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронӣ, маркази тестӣ ва дигар зерсохтору шуъбаҳои дахлдор пайваста назорату корбарӣ доранд. Ҳамчунин дар даромадгоҳи нуқтаҳои имтиҳонотӣ навбатдории доимӣ ташкил карда шудааст, ки талаботи тартиботи ҷамъиятиро ҷиҳати  танзими донишҷӯён риоя менамоянд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ