• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
25.06.2021 07:27

 

ЗӮРИ МУШТ АЗ ВАҲДАТИ АНГУШТҲО ОЯД БА КАФ...

7.JPG - 214.94 Kb

25 июни соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 24-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарони зерсохторҳову омӯзгорон ва ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ ҳозиринро бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, дар пойдории сулҳу суботи тоҷикон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин санади тақдирсози мубраму бориз неку беназир арзёбӣ намуд.

 
22.06.2021 18:24

DUSHANBE, 22.06.2021 (NIAT Khovar) – On June 21, 2021, at 7:00 pm, an armed group of the Taliban attacked the Sherkhan-Bandar Border Commissariat in Kunduz Province, Afghanistan, reports the Tajik Border Troops Press Center.

 
21.06.2021 11:44

Дар солҳои 60-70 -уми қарни гузашта қишварҳои абарқудрати дар муқобили Иттиҳоди Шуравӣ қарордошта дар татбиқи манфиатҳояшон аз сиёсикунонии дину оин кор мегирифтанд. Зеро яке аз барчаспҳо ё заъферо, ки дар он пайдо намуда буданд, ин ҳам давлати илҳодӣ будани Шӯравӣ буд. Ҳамин тавр, баҳси геополитикие, ки барои сарзаминҳои шарқи мусалмонӣ ба миён омад бештар аз сиёсикунонии дину бовар ба ҳайси як гузинаи таъсиргузор кор гирифта шуд. Чунин ҳолат сабаби он гардид, ки дар иддае аз кишварҳои шарқи мусалмонӣ ҳизбу ҳаракатҳои динӣ созмон дода шуданд ва онҳо сармоягузорӣ карда шуда тақвият гардиданд.

 
21.06.2021 11:37

Предметом гордости является то, что сегодня представители славной таджикской нации живут во всех уголках мира и своими добрыми делами представляют Независимый Таджикистан.

 
19.06.2021 05:01

 

БОЗ ЯК ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ

20.JPG - 205.94 KbРӯзи 17-уми июни соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври ноҳиявии маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров андар шинохти асолати миллӣ”  байни донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва инчунин хонандагони муассисаҳои миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардид. Мавриди зикри хос аст, ки маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвонӣ болозикр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба в-аз ҷумла, аз иқдоми ҳадяи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи мамлакат аз ҷониби Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъгиранда буд. Боиси ифтихор аст, ки дар маҳфил-озмуни мазкур донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд ва дар ҷамъбаст донишҷӯи курси дуюми факултети таърих Ниёзов Дилшод сазовори ҷойи аввал ва бо дипломи Кумита сарфароз гардонида шуд.

 
17.06.2021 04:35

 

ҲИМОЯИ МУВАФФАҚОНА ДАР РИШТАИ ИЛМИ КИМИЁ

 

2.JPG - 177.82 Kb

17 июни соли 2021 дар ҷаласаи Шӯрои дисертатсионии ДДОТ ба номи С.Айнӣ ҳимояи муваффақонаи унвонҷӯ Ҳошимҷон Иброҳимов дар мавзӯи “Методикаи ташаккули салоҳияти хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути ҳалли масъалаҳои химиявӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.02 - Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия) сурат гирифт. Лозим ба ёдоварист, ки Ҳошимҷон Иброҳимов яке аз омӯзгорони варзидаи кишвар дар риштаи илми кимиё ба ҳисоб рафта, дорои мактаби хусусии хеш мебошад.

 
16.06.2021 06:11

 

ИДОМАИ ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ ШАШМОҲАИ ИЛМ

1.JPG - 143.64 KbСанаи 15-уми июни соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳисоботи шашмоҳаи раёсати илм ва инноватсия бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.б., профессор Мирзораҳимов Акобир, сардори раёсати илм ва инноватсия н.и.с., дотсент Ҳаким Раҷаб, аъзоёни ин раёсат, деканони факултетҳо, ҷонишинони онҳо оид ба илм ва инчунин мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳии равияи илмҳои гуманитарӣ ҷамъбаст гардид. Ҳисоботдиҳандагон фаъолияти шашмоҳаи устодону кормандони кафедраву факултетҳои худро ба ҳисоб гирифта,

 
15.06.2021 03:46

 

ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ ШАШМОҲАИ ИЛМ

8.JPG - 126.03 KbРӯзи 14-уми июни соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳисоботи шашмоҳаи раёсати илм ва инноватсия бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.б., профессор Мирзораҳимов Акобир, аъзои раёсати илм ва инноватсия, деканони факултетҳо, ҷонишинони деканҳо оид ба илм ва инчунин мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳии равияи табиӣ ва риёзӣ ҷамъбаст гардид. Нахуст муовини ректор оид ба корҳои илмӣ дастовардҳои назарраси донишгоҳро дар шаш моҳи охир хуб арзёбӣ намуда, пеш аз ҳама, дастгирӣ ва фароҳамоварии шароити хуби фазои илмии донишгоҳро дар самти мазкур яке аз ғамхориҳои самимонаи роҳбарияти донишгоҳ арзёбӣ намуд. Инчунин афзуд, ки заҳмати омӯзгорон ҷиҳати бадастоварии ин дастовардҳои хеле назааррас мебошад. Сипас муовинони декан оид ба илм ва мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ҳисоботи шашмоҳаи худро бо призинтатсия манзури ҳозирин намуданд. Дар ҷамъбаст ҳисоботи факултети химия яке аз беҳтарин ҳисоботҳои ҷаласа дониста шуд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ