• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд. /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАВОДИ ТАҲЛИЛӢ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
16.01.2015 09:29

Мулоқоти судманди ректор бо сафир

Масоили барқарорнамоӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду мактаби олии омӯзгорӣ-Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Озарбойҷон ба номи Насируддини Тӯсӣ дар мулоқоти ректор, академик Носирҷон Салимов бо сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 
16.01.2015 09:16

Таъсиси маҷаллаи ҷадид барои донишҷӯён

Раёсати донишгоҳ тасмим гирифта, ки маҷаллаеро таъсис диҳад, то дар он танҳо осори барҷаста ва гаронарзиши адибони хориҷӣ интишор ёбанд. Асарҳои нигорандагон бояд аз ҷониби донишҷӯён тарҷума гарданд. Дар ин бора ректор, академик Носирҷон Салимов дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Дар такя бар қавли мавсуф, дар таълимгоҳи мо забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, кореягӣ,  англисӣ ва ғайра омӯзонида мешаванд ва муҳассилини ин риштаҳоро мебояд ба тарҷумаи осори мондагору

 
09.01.2015 14:37

Фаъолияти солонаи донишгоҳ ҷамъбаст гардид

Дар маҷлиси ғайринавбатии Шӯрои олимон, ки бо ширкати васеи омӯзгорону кормандон баргузор шуд, фаъолияти донишгоҳ дар соли 2014 натиҷагирӣ гардид.

Ректори таълимгоҳ, академик Носирҷон Салимов зимни суханрони ифтитоҳӣ зикр кард, ки дастовардҳои соли сипаригашта назаррасанд ва бояд кӯшид, то дар соли ҷадид ба муваффақиятҳои беназир ноил шавем. Мавсуф таъкид дошт, ки танҳо дар сурати фаъолияти

 
09.01.2015 14:36

Бозгашти донишҷӯён аз таҷрибаомӯзӣ

Дар толори фарҳангиидонишгоҳ 7-уми январи соли равон конференсияи умумидонишгоҳӣ ба ифтихори ҷамъбасти бомуваффақонаи марҳилаи таҷрибаомӯзии курсҳои 4-ум баргузор шуд.

Нахуст Ҷ.Исломова, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, оид ба раванди таҷрибаомӯзии муҳассилин ҳисоботи мукаммал ироа кард. Ӯ қайд намуд, ки яке аз воситаҳои муҳими тайёр намудани

 
09.01.2015 14:33

Сӯхторро ҳамеша ҷилавгирӣ мебояд

Дар толори бинои асосии донишгоҳ бо ширкати намояндагони Хадамоти оташнишонӣ, подполковник С.Сатторов ва лейтенанти калон С.Ҷобиров ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро, ки дар он қисмати зиёди омӯзгорону кормандон иштирок доштанд, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ М.Нарзуллоев ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ӯ дар мавриди зарурати донистани тарзи истифодабарии асбобу техникаи оташнишонӣ изҳори андеша намуда, таъкид дошт,

 
18.12.2014 10:26

Ихтироъкорону навоварон дастгирӣ меёбанд

Бо ибтикори Созмони ҷавонон, Иттифоқи касабаи донишҷӯён ва Маркази дастгирии донишҷӯён бо муҳассилини навовару ихтироъкор мулоқот доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ, ки Сиддиқ Муборак ҳамчун намояндаи қисми илмӣ ширкат дошт, ҷавонони болаёқатро барои ҳамкории густурда даъват намуд. Ӯ таъкид дошт, ки барои амалинамоии ҳар гуна лоиҳаи инноватсионӣ имконоти фаррох

 
17.12.2014 15:46

80 маърӯза ба муносибати 40-солагии кафедра

Бо ташаббуси факултаи физика бахшида ба 20-солагии Конситутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40-солагии таъсиёбии кафедраи методикаи таълими физика зери унвони «Проблемаҳои муосири таълими фанҳои физикаю математика дар мактабҳои миёна ва олӣ» конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ багузор гардид. Дар ҳамоиш доктори илмҳои техникӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Ҳ.Маҷидов, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

 
17.12.2014 11:05

Арзи сипоси Раҳмонов ва муаррифии ректори нав

Дар ҳамоише, ки бо ҳузури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва доираи васеи омӯзгорону кормандон баргузор гардид, ректори тозатаъйини донишгоҳ муаррифӣ шуд.
Нахуст ректори акнун собиқи таълимгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов бо суханони ифтитоҳӣ ва саршор аз самимияту эътиқод ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшид. Ӯ зимни баромади хеш аз дастгириҳои Вазорати маориф ва илми кишвар

 


free pokerfree poker

Маҷалла

Шумораи навбатии

Шумораи навбатии

Энсиклопедия


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз218
mod_vvisit_counterДирӯз463
mod_vvisit_counterДар ҳафта3164
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта3270
mod_vvisit_counterМоҳ9419
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта16322
mod_vvisit_counterҲамагӣ1218469

Online 9
IP шумо: 3.95.23.35
,
Now is: 2019-04-19 10:57

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ