• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
16.04.2021 12:07
There are no translations available.

 

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти

падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

 

9.jpg - 29.29 KbРӯзи 16 апрели соли 2021 бо ташаббуси асиссенти кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Тӯйчиева Мутриба маҳфили илмӣ дар мавзӯи нақши “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, мудири кафедра дотсент Ҳобилҷон Зикиров суханронӣ намуда, нақши қонунро дар тарбияи ҷавонон хуб арзёбӣ намуд.

 
16.04.2021 03:30
There are no translations available.

 

САҲМИ УСТОД АЙНӢ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН

6.jpg - 119.05 Kb15-уми апрели соли 2021 дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ба ифтихори 143-юмин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-бадеӣ таҳти унвони “Саҳми устод Айнӣ дар бунёди давлати навини тоҷикон” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Ҳамза Боқиев оғоз бахшида, доир ба ҳаёт ва фаъолияти устод ибрози андеша намуд.

 
15.04.2021 12:19
There are no translations available.

 

УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД...

2.JPG - 204.99 KbТаҳти ҳамин унвон санаи 14-уми апрели соли 2021 бо ташаббуси кафедраи таърихи умумии факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири гиромидошти 143-юмин солгарди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар оғози чорабинӣ омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Гадоев Ғ. суханрони намуда, зикр доштанд, ки устод Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи он нафаронест, ки тамоми умри пурқимати худро пайи эҷодиёт ва зинда намудани хотираи таърихи халқи тоҷик ва чеҳраҳои адабии тоҷик бахшидааст.

 
15.04.2021 07:50
There are no translations available.

 

ОҒОЗИ “ҲАФТАИ ИЛМ” ДАР ДОНИШГОҲ

8.JPG - 181.17 KbШурӯъ аз 15.04.2021 пас аз гулчамбар гузоштан дар назди муҷассамаи аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло АМИТ), Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90 – солагии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва  “Ҳафтаи илм”, ки ҳамасола дар ҳамин рӯз ҷашн гирифта мешавад, конференсияҳои илмӣ-амалӣ нахуст дар толори бинои асосии донишгоҳ оғоз гардид, ки идомаи он дар бахшҳо дар кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ то санаи 22.04.2021 ҷараён мегирад. Марид ба ёдоварист, ки дар конференсияҳои илмӣ-амалии устодону донишҷӯёни донишгоҳ тибқи ҷадвали муқараршуда, зиёда аз 1686 маърӯза пешниҳод карда шудааст, ки аз ин 757 маърӯзаи устодон ва 929 маърӯзаи донишҷӯён мебошад.

 
15.04.2021 12:11
There are no translations available.

 

АЙНӢ НИЗ ДАР ИЛМ АФЛОТУНИ МОСТ

1.JPG - 271.16 KbНимаи дуюми рӯзи 15-уми апрели соли 2021, бо  иштироки ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода, муовини аввал,муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ н.и.ф., дотсент Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик дар пояи нимпайкараи устод Садриддин Айнӣ, ки дар саҳни бинои факултети мазкур ҷойгир мебошад, ба хотири гиромидошти 143-юмин солгарди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ гулчанбар гузошта шуд. Ҳангоми гузоштани гулчанбар ректори донишгоҳ аз фаъолиятҳои беназири анҷомдодаи устод Садриддин Айнӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки андар шинохтии хештаншиносиву ҳуввияти миллии мо тоҷикон саҳми ин абармарди таърихӣ хеле назаррас аст.

 
15.04.2021 11:59
There are no translations available.

 

САҲМИ САДРИДДИН АЙНӢ ДАР РУШДУ ФАРҲАНГИ ХАЛҚИ ТОҶИК

31.JPG - 302.36 KbТаҳти ҳамин унвон 15 апрели соли 2021 дар Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии варҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба 143-солгарди зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ бо иштироки меҳмонон ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, муовинони ректор, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Марям Исоева, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Боймурод Шарифзода, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов, раиси Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллӣ Латофат Шарифова, декани факултети филологияи тоҷик д.и.ф., профессор Рухшона Восиева ва мудирони кафедраҳо ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

 
15.04.2021 09:33
There are no translations available.

 

ЗАҲМАТИ АНГУШТИ АЙНӢ ПУШТИБОНИ МО ШУДАСТ...

3.JPG - 268.29 KbСубҳи имрӯз ба муносибати 143-юмин солгарди адабиётшинос, муҳаққиқ, шоир, нависанда, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бо ташаббуси ректори донишгоҳ  д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода дар пояи муҷассамаи ин абармарди таърихӣ воқеъ дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи С.Айнӣ гулчанбар гузошта шуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ин чорабинӣ муовинони ректор: оид ба корҳои илмӣ д.и.б., профессор А. Мирзораҳимов оид ба корҳои тарбиявӣ н.и.х, Ҷ.Мусоҷонзода оид ба робитаҳои байналмилалӣ н.и.п., дотсент А.Байдуллоев, инчунин декани факултети филологияи тоҷик д.и.ф., профессор Р.Восиева, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти ин факултет д.и.ф., профессор Ш.Солеҳов, омӯзгорони ҳамин кафедра профессор Саидов Саидраҳмон, н.и.ф, дотсент Қ. Маҷидов ва дигар устодону кормандону донишҷӯён иштирок доштанд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ