• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Wednesday, 10 March 2021 12:54
There are no translations available.

 

ТАШРИФИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР БА

ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

23.jpg - 144.54 Kb

Субҳи 10-уми марти соли 2021 бо мақсади боздид аз рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон Файзулло, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ин боргоҳи маърифат ташриф оварданд. Меҳмонон аз  рафти корҳои ободонивув созандагӣ дидан намуда, ба хотири сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолият ба роҳбарияти донишгоҳ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 
Wednesday, 10 March 2021 11:12
There are no translations available.

 

ПАЁМИ ПЕШВО РАҲНАМОИ МО

12.JPG - 127.25 KbСанаи 10-уми марти соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби дастоварду арзишҳои 30-солагии Истиқлолияти кишвар” бо иштироки меҳмонон алалхусус, муовини раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Ш., директори муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Рауфзода С., ва муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.б., профессор Мирзораҳимов А., муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷ., ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

 
Sunday, 07 March 2021 03:14
There are no translations available.

 

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

 

60.png - 230.31 Kb07.03.2021 18:00, шаҳри Душанбе

 

Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарони азиз!

Ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азизро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд.

 
Saturday, 06 March 2021 11:43
There are no translations available.

 

МОДАРИ МУШТИ ПАРАМ, БОЛУ ПАРАМ ҲАДЯИ ТУСТ!

56.jpg - 93.40 KbСанаи 6-уми март бо ташаббуси садорати факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи модарон таҳти унвони “Дасти дуои модар” чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Нахуст, декани факултет н.и.п., дотсент Умаров У. ҳамаи иштирокчиён, ки аксарияти онро донишҷӯдухтарону бонувон ташкил менамуданд, табрику муборакбод намуда, ба барномаи мазкур ҳусни оғоз бахшид.

 
Saturday, 06 March 2021 10:28
There are no translations available.

 

ДАСТИ ДУОИ МОДАР

54.JPG - 223.41 KbСанаи 6-уми март бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи модарон таҳти унвони “Дасти дуои модар” чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Нахуст, декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ҳамаи донишҷӯдухтарон ва бонувонро табрику муборакбод намуда, ба барнома ҳусни оғоз бахшид. Сипас барномаи фарҳангии омоданамудаи донишҷӯёни факултет, ки аз қироати шеъру суруд, рақсу саҳнаҳои тарбиявӣ ва “Аллаи модар” иборат буд, бо як маҳорати баланди хоса, пешкаши тамошобинон гардид.

 
Saturday, 06 March 2021 10:25
There are no translations available.

 

ҲХДТ–ҲИМОЯТГАРИ ХАЛҚУ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН!

49.JPG - 188.56 Kb5-уми марти соли 2020 тибқи нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор” як қатор аъзоён ва кормандони ҲХДТ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд. Меҳмонон аз гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва ҳамчунин аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Боғи навбунёди “30-солагии Истиқлолият” ва аз иншооти ҷашнии донишгоҳ низ дидан намуданд. Гӯшаи ҳизбии Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор”, ки дар бинои наву замонавӣ ташкил гардидааст, таваҷҷӯҳи меҳмононро ба худ  ҷалб намуд. Зимни дидор аз гӯшаи ҳизбии “Омӯзгор” меҳмонон ба раиси Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор” Ғаффорӣ Н.У., муовини раиси Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор” Раҷабов Д. ва котиби Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор” Каримов Д. баҳои баланд доданд.

 
Saturday, 06 March 2021 09:11
There are no translations available.

 

 

МОДАР ФАРИШТАИ РӮИ ЗАМИН

39.jpg - 109.22 KbЗери ҳамин унвон, санаи 5-уми март дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дарси кушоди тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи модарон бо иштироки ҳайати омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки чорабиниро донишҷӯёни курси аввали факултет бо роҳбарии куратори гурӯҳ, асиссенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Аюбзода Миҷгона пешкаши ҳозирин намуданд.

 


Page 120 of 303
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в