• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Tuesday, 16 February 2021 11:47
There are no translations available.

 

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ОИД БА БЕҲТАР

НАМУДАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМИ НИЗОМИ КРЕДИТӢ

 

165.JPG - 205.86 Kb

16-уми феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси раиси Шӯрои мудирони кафедраҳои донишгоҳӣ, ҳамзамон мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ н.и.п., дотсент Зариф Наимов дар мавзӯи “Талаботҳои нави педагогӣ дар низоми таҳсилоти кредитӣ оид ба омода намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ” бо иштироки мудирони кафедраҳо семинари илмӣ-методӣ баргузор гардид.

 
Tuesday, 16 February 2021 11:41
There are no translations available.

 

ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДОИР БА МАСОИЛИ

ЗАБОНШИНОСИИ МУОСИР

153.JPG - 159.74 KbСанаи 16-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети забони русии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Лингводидактикаи муосир: мушкилот ва ҳалли он” ба муносибати ҷашни 90-солагии донишгоҳ ва амали гардонидани “Барномаи давлатии омӯзиш ва такмили забонҳои русӣ, англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки меҳмонон, устодону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.б., профессор Мирзораҳимов А., конфронсро ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҳадафи ин ҳамоиши илмӣ пиромуни мушкилот ва роҳҳои ҳалли масоили илми забоншиносии рус сухан ронд.

 
Monday, 15 February 2021 11:11
There are no translations available.

 

ҲАМА ГӮЯНД, ВАЛЕ ГУФТАИ САЪДӢ ДИГАР АСТ!

144.JPG - 187.20 KbИмрӯз, санаи 15-уми феврали соли 2021, бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили “Саъдихонӣ” таҳти унвони “Бани одам аъзои якдигаранд” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, маҳфилро декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ҳусни оғоз бахшида, дар мавзӯи шӯҳрати ҷаҳонии Саъдӣ ва эҷоди ҷаҳонсайри ӯ суханронӣ намуд. Сипас, д.и.ф., профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷик Элбоев Вафо дар мавзӯи “Суннати девонбандии Саъдии Шерозӣ” маърӯза намуд.

 
Monday, 15 February 2021 10:36
There are no translations available.

 

ҒОЛИБИЯТИ КОРМАНДИ ДОНИШГОҲ

142.jpg - 93.76 Kb

Рӯзи 12 феврали соли 2021 дар толори Бонки миллии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳамзамон дар қисмати ҷамъбастии он ғолибони озмуни шаҳрии мақолаи беҳтарин  миёни ҷавонони аз синни 14 то 30-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, махсус ва олии касбии ҳудуди пойтахт дар мавзӯи “ПЕШВОИ МИЛЛАТ” бахшида ба ”Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон гардида буд, муайян гардида, ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин озмун мақолаи сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Давлатшоҳ Каримов сазовори ҷойи дуюм гардид.

 
Monday, 15 February 2021 06:09
There are no translations available.

 

ТАҲҚИҚИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ЗАБОНҲОИ БУМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВРУПО

138.JPG - 157.06 KbТаҳти ҳамин унвон, рӯзи 13-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забошиносии факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақша-чорабиниҳо маҳфили “Забоншиноси ҷавон” бо иштироки меҳмони олиқадр, доктори илмҳои забоншиносии Донишгоҳи Упсалаи Шветсия  Ярослава Обртелова ва устодону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Маҳфилро декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ҳусни оғоз бахшид. Сипас, мудири кафедраи мазкур н.и.ф., дотсент Мирбобоев Азиз суханронӣ намуда, доктор Ярослава Обртеловаро ба  ҳозирин муаррифӣ кард, ки ӯ яке аз муҳаққиқони хуби забонҳои бумии Тоҷикистон дар Аврупо мебошад. Дар идомаи маҳфил Ярослава Обртелова доир ба марказҳои забоншиносии Аврупо, ки ба омӯзиши забонҳои бумии Тоҷикистон машғуланд андешаронӣ намуд.

 
Saturday, 13 February 2021 05:18
There are no translations available.

 

ИДОМАИ ШАНБЕГӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

129.JPG - 282.04 KbСубҳи 13-уми феврали соли равон тибқи нақша-чорабинӣ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯён шанбегии навбатӣ баргузор гардид, ки он ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани саҳну роҳравҳо, гузаргоҳҳои гирду атрофи  донишгоҳ, инчунин бо мақсади саҳмгузорӣ дар пешрафту ободонии фазои тозабаҳори пойтахти азизамон шаҳри Душанбе алоқамандӣ дорад.

 
Wednesday, 10 February 2021 16:26
There are no translations available.

 

НАМОИШГОҲИ САЙЁҲӢ ДАР

ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

111.JPG - 252.69 KbСубҳи 10-уми феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ форум ва намоишгоҳи ноҳиявии сайёҳӣ дар мавзӯи “Имкониятҳои сайёҳии ноҳия” миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 


Page 124 of 303
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в