• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо

Дилшод Раҷабов
Раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён
Тел: 988-62-81-00
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript



Раҷабов Дилшод Амиралиевич 27 сентябри соли 1981 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1988 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи номбурда ба синфи якум қабул гардида, онро соли 1999 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.
Баъди хатми мактаби миёна соли 1999 ба факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 2004 хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз 01.09.2004 дар кафедраи анатомия ва физиология факултети биология ва мутахассиси шӯъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси ассистент оғоз намуда, то соли 2005 кору фаъолият намудааст. Солҳои 2005 то 2010 дар вазифаҳои ҷонишини декани факултети биологияи оид ба корҳои тарбия ва мутахассиси Шуъбаи кор ба ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ адои вазифа кардааст. Аз солҳои 2010 то 2012 ассисенти кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти меҳнати кардааст. Солҳи 2012 то 2013 дар вазифаи сармутахассиси Шуъбаи тарбия ва худи ҳамон ба вазифаи муовини декани факултети химия оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар вазифаҳои пурмасъулият кор кардааст. Аз моҳи ноябри соли 2013 то ҳол дар вазифаи раиси кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ адои ин вазифаи пурмасъулро бар дӯш дорад.
Аз моҳи сентябри соли 2012 аспиранти шуъбаи ғоибонаи кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мебошад ва дар мавзӯи «Адаптация студентов первого курса к образовательному процессу педагогического вуза как фактор повышения их академической успешности» кори илмӣ мебарад. Муаллифи зиёда аз 18 мақолаҳои илмӣ, як дастурамал ва дар чандин китобҳои дарсӣ ҳаммуаллиф мебошад.


 

Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён

Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни ҳамҷун мақомоти мустақил дар назди маъмурияти Донишгоҳ ба масъалаҳои таълим, меҳнат, истироҳат ва корҳои маданӣ-оммавӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият мебарад.
Кумитаи иттифоқи касаба донишҷӯён, донишҷуёни Донишгоҳро барои баланд бардоштани сифати таълим, интизоми намунавӣ, гузаронидани корҳои оммавӣ-тарбиявӣ, маданӣ-равшаннамоӣ, иштироки фаъолона барои амалӣ шудани чорабиниҳо, беҳтар шудани шароити меҳнат ва истироҳату фароғаташон сафарбар мекунад.
Дар назди маъмурияти Донишгоҳ барои беҳтар намудани раванди таълим, таҷрибаи омӯзгорӣ ва истеҳсолӣ, самаранок истифода бурдани реҷаи вақти донишҷӯ, инчунин оид ба сохтани ҷадвали имтиҳоноти ҷорӣ, санҷишу мусоҳибаҳо, ҷадвали иҷрои корҳои курсӣ ва дигар намудҳои корҳои мустақилонаи донишҷӯён масъалагузорӣ мекунад.
Кумита назорати иҷрои нақшаҳои таълимиро дар факултетҳои Донишгох назорат намуда, меъёри сарбории донишҷӯёнро дар ҳаммаи намудҳои таълим, гузаронидани дарсҳои таълимӣ мувофиқ ба ҷадвали дарсӣ вобаста ба имконият месанҷад.
Дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоти ҷамъиятӣ дар гузаронидани конфренсияҳо ва озмунҳои беҳтарин кори илмии донишҷӯён бо назардошти фаъолияти онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ, илмиву тадқиқотӣ фаъолона иштирок мекунанд ва ба пешбарии онҳо барои гирифтани идрорпулиҳои номӣ саҳм мегузорад;
Дар коркарди лоиҳаҳо, нақшаҳои сохтмон, таъмир ва ободонии хобгоҳҳо, ташкили истироҳатгоҳҳои саломатию варзишӣ, корҳои маданӣ-маърифатӣ ва пойгоҳҳои варзишӣ фаъолона ширкат меварзад.
Дар ҳавасмандгардонгии донишҷӯёни аълохон ва онҳое, ки дар корҳои илмӣ-методӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар ҳавасмандгардонгии донишҷӯёни аълохон ва онҳое, ки дар корҳои илмӣ-методӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд
Кумита вобаста ба имкониятҳои молиявӣ донишҷӯёне, ки ҳамчун ятими кул, маъюб ва камбизоат мебошанд ёрии моддӣ мерасонид ва амалишавии имтиёзҳои онҳоро зери назорат мегирад.
Инчунин барои ҳалли масъалаҳои донишҷӯёне, ки аз Донигоҳ хориҷ шудаанд ё муваққатан аз идрорпӯлӣ маҳрум гаштаанд ва ё интизомро вайрон намудаанд, мусоидат менамояд.
Дар ҷаласаҳои иттифоқи касабаи донишҷӯён масъалаҳои мазкурро мавриди муҳокима қарор дода ва иҷрои қарорҳоро доимо зери назорат гирифта, пешниҳоду дархостҳои донишҷӯёнро баррасӣ намуда, иҷроишашонро таъмин мекунад;
Дар якҷоягӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон ва Созмони ҷавонон дар байни донишҷӯён корҳои тарбиявӣ, ҳарбӣ-ватандӯстӣ, худфаъолияти бадеӣ ва намоишу озмунҳоро ривоҷ дода, аз байни гурӯҳҳо ғолибонро муайян намуда ҷиҳати ҳавасмандкунии онҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Раиси Кумита аъзои Шӯрои олимони Донишгоҳ мебошад ва ҳадафҳои донишҷӯёнро дар Шӯро дифоъ менамояд ва инчунин дар Шӯрои олимон нисбат ба фаъолияти Кумита ва дастгирии моддиву маънавии донишҷӯён гузориши шифоҳӣ ва хаттӣ пешниҳод мекунад.


 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj