• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ  АНГЛИСӢ

Факултети забони англисӣ соли 1940 таъсис ёфта, дар оғози фаъолият 39 нафар донишҷӯ дошт. Дар факултет ду шуъба: забони олмонӣ ва забони англисӣ амал мекард. Дар пешрафти омӯзиши забонҳои хориҷӣ пеш аз ҳама фиристодагони шаҳрҳои Москаву Санкт -  Петербург:    Сиповская К.А., Александров Н.М., Молик В.П., Волфсон Э.И., Путирская Э.А., Пенл Э.Р. саҳмгузор буданд.  Аввалин декани факултет Сиповская К.А. низ фиристодаи Россия буд. Баъдан дар қатори омӯзгорони хориҷи кишвар мутахассиони ватанӣ низ ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ намуданд. Аз ҷумла Бурҳонов Р.М., Наҳангова М.Х., Болтабаева У.Т., Убайдуллоева Р.М. ва дигарон номбар шудан мумкин аст.

Аввалин гурӯҳҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ бошад соли 1949  таъсис дода шуд. Агар солҳои аввал  дар гурӯҳҳои таълимӣ ҳамагӣ 6-7 нафар донишҷӯ таҳсил мекард, пас  имрӯз дар  факултет беш аз 850 нафар донишҷӯён сабақ мегиранд Солҳои гуногун сарварии  факултетро Сиповская К.А., Василева И.Т., Сергеева А.Ф., Бояришников П.В., Гогошидзе В.Д., Ҷамшедов П., Деҳотӣ Р.А., Мухторов Ш.М., Атоев С., Мирзоев Х., Авғонов С.С. ба зимма доштанд. Дар  айни ҳол дотсент Байдуллоев А. И.  сарварии  факултетро ба дӯш дорад.

Оғоз аз соли нави таҳсили 2016-2017 бо ташаббус ва кӯшишҳои садорати факултет ва дастгирии бевоситаи Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо сарварии Ректори Донишгоҳ устод Салимӣ Н.Ю боз ду кафедраи дигар ба фаъолият оғоз карда, айни ҳол дар факултет 5 кафедра «Услубшиносӣ ва назарияи тарҷума», «Забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ» ва «Методикаи таълимӣ забони англисӣ», «Филологияи забони англисӣ» ва «Забонҳои Шарқ» фаъолият менамоянд, ки дар онҳо зиёда аз 40 нафар мутахассисон ба таҳқиқи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ машғуланд. Айни ҳол дар факултет тадрис аз  рӯи ихтиссосҳои зерин ба роҳ монда мешавад: омӯзгори забони англисӣ,  омӯзгори забонҳои англисӣ – кореягӣ, омӯзгори забонҳои англисӣ – чинӣ,  забони англисӣ – шуъбаи ғоибона ва забони муосири англисӣ – тарҷумони ҳамзамон. Аз сентябри соли 2017 дар факултет боз як ихтисоси нав «Тарҷумони забони хитоӣ» кушода шуда, ба ҷавонони кишвар имкони ба даст овардани боз як ихтисоси ба талаботи замон мувофиқ муҳайё карда мешавад.

 
free pokerfree poker

T.Г.П.У- Таджикский Государственный Педагогический университет имени Садриддина Айни
Адрес: 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121.
Телефон: 992 (37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: tgpu2004@mail.ru