• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ташреҳи Паём барои ғоибхонон

Бо мақсади тавзеҳу ташреҳи Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 9-уми январ вохӯрии ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ бо донишҷӯёни шуъбаи ғоибона баргузор гардид.

Дар оғоз Носирҷон Салимӣ аз хизматҳои Сарвари давлат баҳри рушду шукуфоии Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд кард, ки дар тӯли 15 соли охир буҷаи давлат аз 300 ҳазор сомонӣ ба 18 миллиард сомонӣ расид. Сатҳи камбизоатӣ, ки зиёда аз 70 фоизро ташкил медод, то 30 фоиз поён фаромад. Аз ҳама муҳим, амнияти кишвар пурра таъмин карда шуд.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Раъно Бобокалонова зимни суханрониаш қайд кард, ки Паёми навбатӣ роҳнамои бунёдкориҳо ва созандагиҳои халқи тоҷик дар оянда буда, тавзеҳи самтҳои рушди ҳамаи қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистонро дар бар мегирад. Бояд қайд кард, ки соли 2016 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ шуда, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё гардид. То замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекарданд. Айни ҳол миқдори онҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст.

Мудири кафедраи фалсафа, номзади илмҳои фалсафа Шоҳназар Бердиев паҳлуҳои дигари Паёми имсоларо барои донишҷӯён шарҳ дод.

И.қосимов

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru