• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Тақвиятбахши шавқи омӯзиш

Маҳфилҳо яке аз роҳҳои такмили дониш ва шавқу завқи донишандӯзии донишҷӯён мебошанд.

Маҳфили «Математикони ҷавон» дар факултаи таҳсилоти ибтидоӣ бо ибтикори кафедраи методикаи таълимии математика ҳар ҳафта рӯзи душанбе соати 12:30 (зери роҳбарии муаллима Мавлуда Бадалова) баргузор мешавад.

Ин маҳфил соли гузашта ба муносибати 55-солагии кафедра таъсис дода шуд. Аъзои он 25 донишҷӯи болаёқат мебошанд.

Дар маҳфил донишҷӯён мавзӯъҳои гуногунро баррасӣ намуда, малакаю маҳорати худро такмил мебахшанд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 2-юми факултаи таҳсилоти ибтидоӣ Камола Эшмирзоева дар мавзӯи «Касрҳо ва амалҳо бо онҳо» бо маҳорати баланди педагогӣ баромад карда, мавзӯъро ба ҳозирон ба таври возеҳу равшан тавзеҳ бахшид. Донишҷӯён доир ба ин мавзӯъ суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Муаллима Мавлуда Бадалова ба маҳорати омӯзгории К. Эшмирзоева баҳои баланд дод. Баргузории чунин маҳфилҳо та таҳкими савияи дониши донишҷӯён мусоидат мекунанд.

Гулнора Калонова,

донишҷӯи соли 2-юми факултаи таҳсилоти ибтидоӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru