• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Каломи раҳнамою илҳомбахш

Паёми навбатии  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (22.12.2016) аз ҳар ҷиҳат аз Паёмҳои пешин фарқ дошт. Ин паём як навъ ҷамъбасткунандаи як марҳилаи сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар дарозои 25 сол аст, дарбаргирандаи ҷабҳаҳои мухталифи  ҷомеаи  мост. Паёми навбатӣ роҳнамои бунёдкориҳо ва созандагиҳо дар оянда буда, тавзеҳи самтҳои рушди ҳамаи қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Дар Паёми имсолаи  худ  ба Маҷлиси  Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию  хориҷии мамлакатро  барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму  маориф, ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  вазифаҳои мушаххас  ба миён гузоштанд.

Дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои  солҳои  2008 – 2015» дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шумораи муассисаҳои таълимии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо пурра баровардашуда, азнавсозӣ ва бунёдгардида беш аз 800 ва маблағи умумии сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил додааст.

Бояд қайд кард, ки соли 2016 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.

То давраи истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст, илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои  таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи  хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Бо назардошти он ки баланд бардоштани  сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти муҳимтарини сиёсии Ҳукумати мамлакат мебошад, соли 2016-ум 52 % хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ ба ин мақсад равона карда шуд. Буҷети давлатӣ дар соли 2017 дар ҳаҷми зиёда аз 19 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2016 қариб 10 фоиз зиёд буда , беш аз нисфи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.

Ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат соли 2016 «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои то соли 2030 » қабул гардид.

Тибқи Паём вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, мақомоти  иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешида, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодиро роҳандозӣ намоянд.

Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Мутаассифона, дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳанӯз кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд.

Дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, мо, кормандони соҳаи маориф, вазифадорем, ки  барномаҳои мукаммал ва нақшаҳои иҷрошавандаро, пайгирӣ намуда мавзӯъҳои фармоиширо барои талаботи давлат равона созем .

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат аз тарафи Пешвои миллат, Президенти кишвар соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли  ҷавонон эълон шуд, ки ҳадафи асосии  ин иқдом тақвияти фаъолияти ҷавонон, фароҳамоварии имконоти бештар ба таҳсилу фаъолияти онҳо ва таъмини фардои мамлакат бо мутахассисони соҳибмаърифат ва ғамхори халқу миллати маҳбуби хеш мебошад. Вобаста ба ин нукта овардани як таъкиди муҳими Пешвои миллат бамаврид аст: «Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистон дар оянда рушду нумӯъ ёбад, ободу осуда гардад, имрӯз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоду ҷӯянда ва ихтироъкору эҷодкор ҳамаи заминаҳои мусоидро муҳайё созем, то ки онҳо тавонанд бо корҳои сермаҳсули илмиву эҷодӣ ва навоварӣ машғул бошанд».  Моро зарур аст, ки нақша- чорабиниҳои худро  оид ба масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳангии милливу умумибашарии дар сиёсати давлат мавқеи асосидоштаро  роҳандозӣ намоем.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои  занон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. То имрӯз бонувон дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро  ташкил медиҳанд.

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби  ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Мо-устодон ва шахсони масъулинро зарур аст, ки насли навраси асри 21-ро дар ҷодаи худшиносию хештаншиносӣ, дар асоси арзишҳои миллӣ тарбия намоем. Ҷавонон неруи пешбаранда ва ояндаи давлату миллатанд. Тоҷикистон имрӯз аз назари демографӣ дар ҳоли рушд қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.  Онҳо бояд дар бартараф кардани мушкилоти печидаи  сиёсиву фарҳангии миллати хеш саҳмгузор бошанд. Чун дар ҷомеаи ҷаҳонӣ раванди глобализатсия (ҷаҳонишавӣ)  ва бархӯрди тамаддунҳо дар авҷ аст ва ба ақидаи муҳаққиқон ҳар лаҳза эҳтимоли аз байн рафтани як тамаддун ё фарҳанг аз эҳтимол дур нест, бояд аз ҳама ҷиҳат ҷавонон фаъолу зирак бошанд, фарҳангу тамаддун ва миллату давлати азизи хешро ҳифз намоянд.

Масъалаҳои баррасигардида ва дастуру супоришҳои аз тарафи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироагашта, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардидаанд. Таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон вазифаи ҳар яки мо-ватандорон мебошад.

Раъно Бобокалонова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru