• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Боймурод Шарифов,
декани  факултети  таҳсилоти ибтидоӣ,
номзади  илмҳои филологӣ, дотсент
Телефон: (+ 992 37) 224-26-74,

Шарифов Боймурод Бобоевич (2.12.1964) – номзади илми филология, дотсент. Соли 1982 ба факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шудааст. Солҳои 1983-1985 дар саффи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди шӯравӣ хизмат кардааст.

Соли 1989 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард.. Пас аз хатми донишгоҳ лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон то моҳи майи соли 1990 буд. Соли 1990 ба кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДДТ ба кор омад: лаборанти калон, стажёр-муҳаққиқ ва солҳои 1991-1994 бошад аспиранти кафедраи мазкур. Солҳои 1994-1998 муаллими калон ва баъд то имрӯз дотсенти кафедра. Соли 1995 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Афкори адабӣ ва танқидии Хоқонӣ» ҳимоя намуд. Солҳои 1996-98 муовини декани факулта доир ба тарбия ва илм шуда кор кардааст. Ҳамзамон бо фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ мавсуф ҳамчун рӯзноманигор ва ҳуруфчину тарроҳи компютерӣ низ солҳои 1998-2003 фаъолият кардааст. Аз соли 2003 то моҳи декабри соли 2004 муовини декани факулта доир ба таълим. Аз моҳи декабри соли 2004 то моҳи апрели соли 2007 Б.Шарифов декани факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда кор кардааст.

Аз соли 2012 инҷониб декани факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мебошад

То кунун Б.Шарифов ду монография ва беш аз сад мақолаи илмию оммавӣ навишта мунташир намудааст.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru