• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедраҳои умумидонишгоҳӣ

Маълумот дар бораи кафедра

Кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳӣ ҳанӯз соли 1970 бо мақсади таъмини забонҳои хориҷӣ дар факултетҳои табиӣ-риёзӣ ва гуманитарӣ (ғайр аз факултетҳои забони англисӣ ва романӣ-германӣ) ташкил шудааст. Дар таърихи қариб 50 соли фаъолияти худ, кафедраи мазкур барои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ мутахассисони  зиёди баландихтисосро ба воя расонидааст.

Олимону омӯзгорони намоёни ҷумҳурӣ, аз ҷумла  Мамлакат Наҳангова, Муаттар Мансурхоҷаева, Парвона Ҷамшедов, Мавҷуда Абдуллоева,  Маҳбуба Афзалӣ, Умриниссо Болтабоева, Хайришо Шонусайриев, Нодира Шукурова, Гулрафтор Музаффарова ва  Файзиддин Баротзода  солҳои зиёд роҳбарии кафедраро ба ӯҳда доштанд.

Имрӯз коллективи омӯзгорони кафедра таҳти сарварии мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ Умаров Абдураҳмон дар пешбурди таълим, тарбия ва илм дар факултетҳои Донишгоҳ саҳми арзанда доранд.

Дар кафедра 32 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мекунанд. Аз ин шумора 1 - нафар номзади илм (А.Умаров),6 - нафар омӯзгорони калон (Музаффарова Г.А., Мансурова Ҳ.Ҳ., Қурбонова З., Ашӯров Н., Арбобова Т., Сафаров А.), 26 - нафар ассистент (Маҷидов П.,  Сайдалиев К., Давлатов М., Асламов И., Исматов М., Бидонов М. ва дигарон) дар кафедра  фаъолият доранд. Омӯзгорони кафедра дар факултетҳои математика, физика, химия, биология, география, технология ва иқтисодиёт, таърих, филологияи тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, забонҳои романӣ-германӣ, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ, психология ва таҳсилоти фарогир ба таълим ва тарбияи шогирдон машғуланд.

Дар кафедраи мазкур ду  маҳфили илмӣ зери унвони "Чамани андеша" ва "Санъати тарҷума" амал мекунад. Маҳфилҳо  моҳе ду маротиба баргузор мегарданд. Роҳбарии маҳфилро  саромӯзгор Г. Музаффарова ва ассистент П. Маҷидов ба ӯҳда доранд. Дар маҳфилҳо донишҷуён аз факултетҳои гуногун ҷамь омада, вобаста ба мавзӯъҳои мухталиф бо маърӯзаю гузоришҳо баромад менамоянд ё санъати тарҷумаро меомӯзанд.

Кафедра дар зарфи 48-соли фаъолияташ  зиёда аз сад номгӯй китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ, луғатҳои фарҳангӣ ва соҳавӣ ба табъ расонидааст, ки онҳоро   муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии ҷумҳурӣ самаранок    истифода мебаранд. Ҳар соли таҳсил 25-30 маърӯзаҳо ва мақолаҳои илмӣ-методии омӯзгорони кафедра дар  рӯзномаю маҷаллаҳои донишгоҳӣ ва  ҷумҳуриявӣ  чоп мешаванд.

Ҳайати устодону кормандони  кафедра фаъолияти худро  дар асоси  фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм  ва Раёсати Донишгоҳ  ба роҳ монда,  ҷиҳати амалӣ кардани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.  Фаъолияти кормандону устодони кафедра, хусусан,  дар амалӣ кардани Стандартҳои  давлатӣ дар соҳаи таҳсилот ва илм  назаррас мебошад. Ҳамзамон,  ҳар як устоди кафедра дар раванди дарсҳои амалии худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сифат ва самарнокии  дарсҳоро баланд бардорад ва шогирдон дар рӯҳияи якдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии байни тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ тарбия ёбанд.

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj