• Tajik
  • Russian
  • English
Тарбия
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Боло рафтани нархи интернети мобилӣ вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Воқеият чист? Ҳадаф аз боло бурдани нарх чист ва он чӣ пайомадҳое хоҳад дошт?

Хабарнигори «Tajikistantimes» бо Илҳом Атоев, муовини сардори  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате орост, ки пешкаши хонандагон мегардад.

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

С 18 апрели сего года, вступило в силу постановление Антимонопольной службы Республики Таджикистан за № 30 о повышение цен на мобильный интернет. Ажиотаж, возникший среди жителей республики по данному поводу внушает, возмущению нет предела. Но, если обратить внимание на контингент недовольных, то сразу становится ясно, что возмущаются те, кто в интернет заходит лишь для того, что бы вести ненужные беседы на бестолковые темы и послать свое фото, фото еды и фото зверюшек.

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Дар воситаҳои ахбори умум баҳсҳо дар гирди тасмими Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2019, таҳти №31 «Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ» оид ба боло бурдани нархи интернет идома доранд. Мухбири мо роҷеъ ба ин масъала суҳбате дошт бо мутахассиси соҳа – сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов Ш.М., ки ҳоло манзури хонандагони гиромӣ мегардад.

Муҳтарам Шодимурод Мирзомуродович, қабл аз ҳама ташаккур мегӯям, ки даъвати моро барои гузаронидани як суҳбати ихтисосӣ пазируфтед. Вақти Шуморо зиёд намегирем ва аз баҳри раду бадали ҳарфҳои таоруфӣ гузашта, сари мақсад меоем. Имрӯз дар ҷомеа, хусусан, дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ баҳсҳо дар хусуси боло бурдани нархи истифодаи интернет гарманд. Ҳар як нафар ба дараҷаи ақлу хостаи худ онро шарҳ медиҳад. Мехостем назари Шуморо ҳамчун мутахассиси соҳа фаҳмем.

Ш.М.: - Сараввал мехостам ба як масъала рӯшанӣ андозам. Вақте сухан дар боби боло бурдани арзиши Интернет меравад, бояд мардум бифаҳмад, ки дар мадди назар танҳо қимат шудани инетернети мобилӣ меистад. Ин қиматшавӣ ба интернети хаттӣ (ноқилӣ) дахле надорад. Мардум метавонад на танҳо аз интернети правайдери миллӣ – «Тоҷнет», ки як гигабайти он 2 сомонӣ меистад, истифода баранд, балки аз хизматрасониҳои интернети ноқилии правайдерҳои хусусӣ ба мисли «Телеком Технолоҷӣ», «Вавилон-Т», «Истера», «Сатурн - Онлайн», «Исател», «Интерком» ва дигар контентправайдерҳо бо арзиши аз 2 то 10 сомонӣ  истифода намоянд. Ғайр аз ин, барои муштариёни интернети ноқилӣ истифодаи сомонаҳои дохилӣ, яъне домени «.тҷ» бо суръати баланд ва ба таври ройгон  муяссар мегардад. Чун барои мардум сухан мегӯем, содатар баён мекунам: Дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ, ки аксари аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунад, аллакай арзонтарин хизматрасонии интернет дар хонаҳои мардум қарор дорад: 1 ГБ = 2 сомонӣ. Барои боз ҳам беҳтар кардани ин намуди хизматрасонӣ мо бояд пойгоҳи иттилоотии худиро ҳамаҷониба мустаҳкамтар намоем.

Оё метавонед гуфт, ки бартарияти интернети ноқилӣ бар интернети мобилӣ кадом аст?

Ш.М.: – Албатта, тавре изҳор доштам, арзиши он хеле арзон аст. Дуюм, дар сурати истифода бурдани интернети ноқилӣ волидайн метавонанд фарзанди худро назорат кунанд. Наврасону ҷавонон аз гирифторӣ ба доми фиреби таблиғотчиёни гурӯҳу ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро, ҳар гуна сектаю (фирқа) гурӯҳчаҳои динӣ-мазҳабӣ, ашхоси иғвоангезу моҷароҷӯ эмин мемонанд, ба сайту сомонаҳои фаҳшу фуҷур ворид шуда наметавонанд. Роҳандозӣ намудани чунин назорат дар мактабҳои таълимоти миёна, донишкадаю донишгоҳҳо ва дигар намуди таълимгоҳҳо имконпазир мегардад. Сеюм, дараҷаи шуоафканӣ ва таъсири интернети ноқилӣ ба саломатии инсон дар муқоиса бо интернети мобилӣ хеле ва хеле  паст аст, ҳатто метавон гуфт, ки безарар аст. Чорум, дар ҳолатҳои фавқулодда аз қабили вазидани шамол, боридани барфу борон ва монанди инҳо суръат ва сифати дастрасӣ ба интернет тағйир намеёбад ва кафолат дода мешавад. Дар вақти истифодаи интернети бобилӣ бошад, ҳамаи ин эҳсос мегардад.

Тавре Шумо иброз доштед, назорати фарзандон, наврасону ҷавонон тариқи интернети ноқилӣ осон мегардад, валекин аз тарафи доираҳои манфиатдор ва ташкилотҳои ба ном ҳомии ҳуқуқ ин иқдом ҳамчун нақзи «озодӣ», «демократия» ва ғайра баҳогузорӣ мегардад…

Ш.М.: – Бубинед, дар ҳолати имрӯза муносибат ба интернет ва тарзи истифодаи он комилан масъулияти дохилии ҳар як давлат мебошад. Баъд аз ҳодисаҳои рухдода дар кишварҳои арабӣ, Туркия, Украина ва ғайра аксари давлатҳои дунё ба истифодаи интернет танҳо аз нигоҳи таъмини амнияти манфиатҳои миллии хеш назар мекунанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ғайра мессенҷеру  барномаҳои дохилӣ – миллии худро пешниҳод карданд ва истифодаи онро назорат мебаранд.

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

«Истифодаи интернет аз тарафи  ифротгароёну (экстремистон) террористон имрӯз боиси тавшиши ҳамаи мамлакатҳои дунё гаштааст. Чун интернет, агар аз як тараф барои дастрасии маводҳои зарурӣ кори инсониятро осон гардонад (зеро ҷомеа ба ахбор, ба инъикоси саривақтӣ ва воқеъбинонаи рўйдодҳои ҳамарўза ниёз дорад), аз тарафи дигар метавонад боиси ба вуҷуд омадани хатари нобудшавӣ ва маҳви инсоният шавад, зеро ба таври шадид боиси густариши терроризм ва экстремизм мегардад», навиштааст дар мақолаи худ сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Ойниёл Назриева. Муаллиф дар давоми ин нигориш, ки ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намудааст, чунин менависад:

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Забони мо тоҷикист!

Бинобар пеш омадани зарурат ва боз доғ шудани баҳси забони модарӣ, мақолаи донишманди шинохтаи тоҷик  Иброҳим Усмонро таҳти номи “Баҳси алифбои тоҷикӣ”-ро ба нашр мерасонем, ки  ба доираҳои  иғвоангез ҷавоби мушаххаси илмӣ ва бунёдӣ додааст.

БАҲCИ  АЛИФБОИ ТОҶИКӢ

 
  • «
  •  Start 
  •  Prev 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  Next 
  •  End 


Page 1 of 46
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj