• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ!

Бо ташабуси раисси иттифоқи касаба ва раиси ҷавонони факултаи забонҳои романӣ-германӣ дар ҳамбастагӣ  бо Маркази Ҷавонони шаҳри Душанбе дар  толори Шӯрои олимони факултаи технология ва иқтисодиёти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсия бахшида ба 23 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат» баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур намояндаҳо аз Академияи вазорати корҳои дохилӣ, маркази ҷавонони шаҳри Душанбе, раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе, раёсати кор бо чавонони ноҳияи Сино, декани факултет забонҳои романӣ-германӣ, раёсати кор бо чавонони ДДОТ, кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва созмонҳои ҷамъиятии факултетҳо иштирок намуданд.

Конференсияро декани факултети забонҳои романӣ-германӣ номзади илмҳоли фалсафа, дотсент Зикирзода Ҳобилҷон ҳусни оғоз бахшида доир ба якчанд моддаҳои конститутсия ибрози андеша намуданд.

Сухани навбати ба намояндаи  Академияи вазорати корҳои дохили Сафаров Ҳаётҷон дода шуд. Эшон дар мавриди суханронии худ доир ба тағйиру иловаҳо дар конститутсия фикру андешаҳои худро баён кард.

Инчунин  сухани ба намояндаи маркази ҷавонони шаҳри Душанбе Ҳакимзода Шукрона дода шуд. У дар маърузаи худ доир ба мафҳуми конститутсия тағйиру иловаҳо ба он ва асоси моддаҳои 33-и конститутсия ки дар бораи оила бахшида шудааст кайд карда гузашт. Баъд аз суханронию андешарониҳои меҳмонон дар конференсияи мазкур созмонҳои ҷамъиятии факултетҳо низ фаъолона иштирок намуда доир ба мавзуҳои гуногун бахшида ба 23 солагии Конситутсия маъруза намуданд.

Дар анҷоми конференсия раиси иттифоқи касабаи факултети забонҳои романӣ-германӣ Қурбонов Аминҷон  ба ширкаткунандагон ва маърӯзакунандагони конфренсия изҳори сипос намуд.

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj