• Tajik
  • Russian
  • English

Биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология

Кафедрахо 54
There are no translations available.

 




Шарипов Мирзобек Мирзоевич
Мудири кафедраи биологияи умумӣ  ва методикаи таълими биология
номзади илмҳои педагогика, дотсент
Тел: 985562113
E-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

 

Кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология

Кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология соли 1976 дар натиҷаи ба ду факултет (биологияю химия ва ҷуҒрофия) ҷудо шудани факултети ҷуғрофия ва табиатшиносӣ дар ҳайати факултаи ҷуҒрофия таъсис ёфта буд. Аз ибтидои таъсисёбӣ то соли 1984 сарварии кафедраро дотсент Қаюмов Ю.Б. ба ӯҳда дошт.

То таъсисёбии факултети биология кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология ҳамчун кафедраи алоҳида дар назди факултети география то соли 1970 ва дар факултети химияю биология бошад якҷоя бо методикаи таълимӣ химия то соли 1998 фаъолият дошт. Кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология моҳи январи соли 1998 дар заминаи кафедраҳои дигари факултети биология ташкил карда шуд.

Аз рӯзи таъсисёбии кафедра сарварии онро доктори илми биология   Сатторов Т.С. то 01.04.2004 ба ӯҳда дошт. Аз моҳи ноябри соли 2004 то моҳи сентябри 2009 дотсент Абдулозода Х. ва аз моҳи октябри соли 2009  роҳбарии  кафедраро дотсент Ваҳобов А.А., Ғайратов М. ва  аз соли 2015 роҳбарии кафедраро дотсент Шарипов М. ба уҳда дошт.  Аз 13.07.2017 то 20.08.2022 мудири кафедраро дотсент Баротзода К.А. ва аз 20.08.2022 то ҳозир ба ҳайси мудири кафедра дотсент Шарипов М. фаъолият дорад.

Дар айни замон дар кафедра 11 нафар омӯзгорон ва кормандон, аз он ҷумла 1 нафар доктори илми биология, 1 нафар номзади илми биология, дотсент, 2 нафар номзади илми педагогика, дотсент, 4 нафар омӯзгорони калон, 3 ассистент ва  1 нафар лаборант  ба корҳои таълиму тарбия ва тадқиқоти илмӣ машҒул мебошанд.  Дар кори таълиму тарбияи имрӯзаи кафедра  саҳми устодон Шарипов М., Баротзода К.А., Зиё Раҳмон., Назарзода Н., Каримова И., Миразоров К., Одинаев Н., Давлатов С., Хидиров Ғ., Эшонов С., Ҳалимов К., Имонов С., Тураев З. ва дигарон калон аст. Дар кафедра таълимӣ фанҳои тахассусӣ бо ду забон (точикӣ ва  русӣ) ба роҳ монда шудааст.

Дар кафедра омӯзгорон аз рӯи равияи «Истифодаи салоҳиятнокӣ дар таълими биологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ» корҳои илмӣ-методӣ бурда истодаанд.

Дар солҳои охир дар кафедра ба тадбиқи қонуни забон дар раванди таълим ва навиштани китобҳои дарси диққати махсус дода мешавад. Аксарияти барномаҳои таълимӣ аз фанҳои тахассусӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва навишта шудаанд. Натиҷаи корҳои илмию методии онҳо бошад, зиёда аз 250 ададро ташкил мекунад.

Дар кафедра 3-нафар унвонҷӯ (Одинаев Н.,  Давлатов С. ва Эшонов С.) ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.

 

Омӯзгорон

Баротзода Камолиддин Ашур
Номзади илмҳои педагогика, дотсент
Тел: 934050446
Е-mail:  This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Зиё Раҳмон
Номзади илмњои биология, дотсент
Тел: 987098390
Е-mail:  This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Назарзода Нигора Нурмаҳмад
муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ,
доктори илмҳои биология, профессор
Тел: (+ 992 37) 224 37 69

Давлатов Саидҷон Сайфиддинович
Муаллими калон
Тел: 987437182
Е-mail:  This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Эшонов Салимҷон Ҳокимович
Ассистент
Тел: 918928781
Е-mail:  This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Одинаев Носирҷон Абдулваҳобович
Ассистент
Тел: 918761597
Е-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it



 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj