• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ

Мо ҷавонон бояд фаромӯш насозем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи мо вогузор менамоянд. Дар хотир дошта бошем, ки барои мо муҳимтар арзишҳое ҳастанд, ки дар худ холисона манфиатҳои миллӣ ва давлатиамонро инъикос намоянд. Имрӯз шоҳид мешавем, ки бо ҷурми демократия, озодии сухан, матбуот, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастгирии башардӯстона ва ғайраҳо бисёре аз давлатҳои соҳибиқтидор ва созмону ташкилотҳои гуногун манфиатҳои миллии халқу миллатҳо ва давлатҳоро зери по карда, мақсаду ҳадафҳои нопоку ғаразноки худро дар дохили онҳо амалӣ менамоянд. Дар ин ҷода мо ҷавонон бояд ҳушёр ва зирак бошем. Манфиат ва зарари худро зуд дарк кунем, фирефта нашавем. Мо ба демократияе ниёз дорем, ки манфиатҳои миллии моро дар худ пурра инъикос намояд. Мо ба озодии сухан ва матбуоте арҷ мегузорем, ки бар зидди манфиатҳои миллии мо тарғибот набарад ва баръакс онҳоро дар худ инъикос намояд. Мо бояд ба васоити ахборе такя кунем, ки бо мақсадҳои ғаразнок ва иғвогарию ҷудоиандозӣ таъсис наёфта бошанд ва аз ҷониби гурӯҳҳо ва давлатҳои махсус маблағгузорию пуштибонӣ наёбанд. Мо ба ҳамкорон ва шарикони стратегие эҳтиром мегузорем, ки манфиатҳои миллии худро бо манфиатҳои миллии мо дар як сатҳ гузоранд ва якхӯраву якрӯя бошанд. Чунки мо низ баробари тамоми давлатҳои дигар ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва субъекти комилҳуқуқу мустақили муносибатҳои байналмилалӣ мебошем ва шарикони давлати мо бояд ҳамаҷониба ба ин арҷгузорӣ намоянд, чунки паси ин манфиатҳои миллии мо меистанд. Инро мо ҷавонон бояд хуб дарк кунем.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо як маротиба ба майдони бархурди манфиатҳои давлатҳои алоҳида ва гурӯҳҳои махсуси сиёсӣ табдил ёфт. Онҳо манфиатҳои худро боло гузошта, манфиатҳои миллии моро зери по карданд. Нангинтар он аст, ки онҳо ин корро бо дасти худи фарзандони миллатамон анҷом доданд. Вале оқибат ки зарар дид?. Хонаи мо сухт. Фарзандони миллати мо сарсону саргардон ва гуреза шуданд. Ватани мо валангор шуд. Ҷавонписарони модари мо ба ҳалокат расиданд. Азоби ин ҳамаро ки кашид? Танҳо худи мо. Ки Ватани моро обод кард? Танҳо худи мо. Фарзандони модари моро бо ҳам ҷанг андохтанд ва худ тамошобин шуданд. Ба ҳоли мо механдиданд. Интизори он буданд, ки мо дигар ба мувофиқа ва сулҳу ваҳдат намерасем ва онҳо кишвари моро пора сохта, байни худ тақсим менамоянд ва ё ба таври мехостаи худ давлат бунёд месозанд. Ин сабақи ҳаётӣ аст барои мо ҷавонон. Мо ҷавонон бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки Ватани моро ба ғайр аз худамон дигар ҳеҷ кас обод намекунад. Аз ҷониби дигар мо бояд шукргузор бошем, ки пурифтихортарин ва пуршарафтарин рисолат – обод кардани Ватан бар дӯши мо аст. Ватани мо танҳо барои мо Ватан аст, азизу муқаддас аст. Барои дигарон ҷои ба даст овардани манфиат.

Имрӯз тибқи низоми давлатдорӣ кишвари мо сиёсати «Дарҳои кушода»-ро роҳандозӣ намудааст ва бо тамоми давлатҳо, ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ мондааст. Дар ин замина фаъолияти озоди иқтисодӣ ба роҳ монда шуда, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат бештар мегардад. Бо дарназардошти ин масъала мо ҷавононро зарур аст, ки манфиатҳои миллӣ – иқтисодии худро хуб донем, иқтисоди миллиро рушд диҳем, ҳамзамон дар раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт рақобатпазирии истеҳсолоти миллиро таъмин намуда, манфиатҳои умумимилиамонро ҳифз намоем. «Ҳар ҷомеа ба ҳадаф ва қутбнамое ниёз дорад, ки роҳи рушди худро мутобиқи он муайян созад. Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ бошад, аксари афрод ва табақаҳои ҷомеаро дар атрофи худ муттаҳид сохта, мардумро ба сӯи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад».[1] Бисёр шоҳид мешавем, ки зери ҳамкориҳо ва сармоягузориҳои иқтисодӣ ҳадафҳои сиёсӣ нӯҳуфтаанд. Ин яке аз равандҳои махсуси сиёсӣ дар ҷаҳони муосир маҳсуб меёбад, ки давлатҳои алоҳида, баъзе созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ ва гурӯҳҳои махсус онро барои расидан ба манфиатҳои стратегии худ истифода менамоянд. Дар ин раванд мо ҷавонон бояд ҳушёр бошем.

Ғайр аз ин, имрӯз мушоҳида мегардад, ки давлатҳои алоҳида барои идомаи тараққиёти соҳаҳои иқтисодии худ дар бисёри ҳолатҳо ба захираҳо ва боигариҳои табии давлатҳои рӯ ба тараққӣ ва нисбатан хурд дастдарозӣ менамоянд ва манфиатҳои миллии онҳоро нодида мегиранд. Мо низ аз ин раванд фориғ нестем. Бо дарназардошти ин, мо ҷавононро зарур аст, ки роҳу воситаҳои ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯи истифодаи захираҳо ва боигариҳои табии худро ба манфиати миллиямон донем ва бо истифода аз онҳо давлати соҳибистиқлоли худро тараққӣ диҳем ва зиндагии шоистаю арзандаро барои сокинони кишвар муҳайё намоем.

Манфиатҳои миллии мо пеш аз ҳама ҳифзи сохти давлатӣ, истиқлолият, ваҳдат, ягонагӣ, истифодаи ҳамаҷонибаи захираҳои табиии кишвар, махсусан захираҳои обӣ, рушди иқтисоди миллӣ, нигоҳдошт ва баланд бардоштани мақоми байналмилалии кишвар, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, арзишҳои миллӣ, таърих, фарҳанг, расму оин ва ҳуввияти миллӣ мебошад.

Имрӯз мушкилтарин кору амал барои мо ҷавонон дар раванди бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ҳифз карда тавонистани манфиатҳои миллӣ мебошад. Барои ин сатҳи баланди донишҳои замонавӣ, тафаккури муосири сиёсӣ, таҳлили дақиқи равонӣ, ақидавӣ ва сиёсӣ ба мо ҷавонон зарур аст.

«Дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ тақдири имрӯзу ояндаи худро дар даст доштан, истиқлолияти комилу давлатдории миллиро ҳифз кардан ва дар ин замина таъмин намудани амнияти кишвару ҷомеа, пуштибонӣ аз манфиатҳои давлату миллат аз мову шумо иҷрои корҳои боз ҳам бузургро тақозо мекунад».[2]

Қувватов Сайдулло – мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 


[1] Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон

[2] Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj