• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Аъмоли ифротгароён зидди дини ислом аст

Маълум аст, ки дар кишвари ҷангзада ҳукумат мустаҳкам нест ва метавон онро ба осонӣ маҳв кард. Гурӯҳи бо ном Давлати исломӣ, ки дар он ҳеҷ нишоне аз дини мубини ислом дида намешавад, як қисмати мамолики Ироқу Сурияро тасарруф карда, мехоҳад, ки оташи ҷангу кушторро ба ҷамоҳири дигар низ бикӯчонад. Ин гурӯҳ барои амалинамоии ҳадафҳои нопок ва ғаразноку ҷангҷӯёнаи хеш бо василаҳои мухталиф бештар  ҷавонони сабукандешу камдонишро ба сафҳояш ҷалб менамояд.

Мутаассифона, ғояҳои иғвогаронаи ифротгароён ба Тоҷикистони мо низ роҳ ёфта, бархе аз ҷавонони содаву зудбовари моро аз роҳ бароварда, ба ин гурӯҳҳо шомил месозанд. «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд. Дар ин раванд мо бояд нисбат ба ҷавонони миллати худ, ки ояндаи кишваранд, бетафовут набошем ва ба тақдири онҳо бетарафӣ зоҳир нанамоем. Яке аз хислатҳои номақбули мардуми имрӯзаи мо бетарафист, ки дар ҳама ҷо ба назар мерасад. Агар дар нақлиёти мусофирбар амали нодурусти касеро бинем, хомӯш меистем, дар кӯча занозанӣ бошад, тамошо мекунему аксуламал нишон намедиҳем, дар оилаи ҳамсоя ҷанҷол шавад, намепурсем, ки чӣ ҳодиса шудааст, зеро гӯё мо ҳақ надорем ба ҳаёти шахсии каси дигар дахолат кунем. Ҳамин «ҳақ надоштан»-и мо имрӯз сабаб шуда, ки одамони бегона ҷавонони моро гумроҳ намуда, ба ҳар хел ҳизбу ҳаракатҳо шомил месозанд ва барои ҷомеа хатар эҷод мекунанд.

Таассуфовар аст, ки бархе аз ҷавонон оилаҳои худро бо фарзандони ноболиғашон ба Сурия бурдаанд. Тасаввур кунед, ки ҳангоми кушта шудани сардори оила-падар, ки аз эҳтимол дур нест, ҳоли фарзандон чӣ мешавад. Аз дасти зан дар мамлакати бегона, дар мамлакате, ки ҷангу хунрезӣ аст, чӣ меояд? Аҳволи фарзандони ноболиғи сағирмонда чӣ мешавад? Инҳо суолҳоеанд, ки ҳар як фарди баномуси тоҷикро ба фикр водор месозанд. Барои ҳалли ин мушкилот, пеш аз ҳама, омилҳои шомилшавии ҷавононро донистан зарур аст, то дар пайи ислоҳи ин камбудиҳо бошем. Омилҳо зиёданд, чанде аз онҳоро дарҷ менамоем:

1. Надоштани маълумоти кифояи динӣ;

2. Содаву зудбовар будан;

3. Бетарафии волидон;

4. Сатҳи дониши паст;

5. Дарк накардани маънои аслии ҷиҳод.

Барои пешгирии амалҳои номатлуб ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун як қатор корҳоро бояд анҷом дод. Нахуст волидон  бояд нисбат ба тақдири фарзандони худ бетараф набошанд ва ҳар як қадами онҳо, дӯстони онҳоро зери назар дошта бошанд. Ба фарзандон дар лаҳзаҳои мушкил маслиҳат диҳанду дастгирӣ намоянд, то онҳо дар чеҳраи падару модар такягоҳро ҳис карда, дар ҳама кор аз онҳо маслиҳат пурсанд. Дониши имрӯзаи зумрае аз ҷавонон низ дар сатҳи зарурӣ нест. Онҳо на маълумоти пурраи динӣ доранду на дунявӣ. Таваҷҷуҳашон бештар ба интернет аст, ки маҳз тавассути сомонаҳои интернетӣ таблиғгарони ДИИШ ба мафкураи ҷавонон таъсир мерасонанд.

Пӯшида нест, ки барои мардуми мусалмон муқаддастарин чиз ислом аст. Таблиғгарони зархариди гурӯҳҳои ифротгаро аз диндории мардуми мо сӯйистифода карда, баъзе оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои пайғамбарро ба таври дигар маънидод мекунанд ва мафкураи ҷавононро заҳролуд месозанд. Онҳоро ба ҷиҳод даъват мекунанд. Аксари одамон ба маънои аслии ҷиҳод сарфаҳм намераванд. Дини ислом куштани одами бегуноҳро сахт маҳкум мекунад. Вале ифротгароён, ки худро «муҷоҳидони роҳи ислом» муаррифӣ мекунанд, ба касе раҳм намекунанд, на ба зан, на ба кӯдак ва на ба пирони барҷомонда. Ин амалҳои онҳо зиддиисломӣ ва зиддиқуронист, яъне онҳо на мусулмонанду на масеҳӣ. Онҳо дин, мазҳаб, миллат надоранд. Барои онҳо ягон чиз муқаддас нест. Мафҳуми Ватан, модар, виҷдон, номус барои онҳо бегона аст.

Имрӯз, ки вазъияти сиёсии ҷаҳон хеле ҳассос аст, ҷавонони моро мебояд ҳушёру зирак бошанд ва ба суханони душманони миллати тоҷик, ки мехоҳанд амнияти кишвари моро халалдор намоянд, бовар накунанд. Пеш аз он ки ба амале даст зананд, аз падару модар, омӯзгорон ва дӯстони худ маслиҳат пурсанд.

Илҳоми Абдулло

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj