• Tajik
  • Russian
  • English

Зоология

Кафедрахо 54
There are no translations available.

 

КАФЕДРАИ ЗООЛОГИЯ

Кафедраи зоология аввал дар ҳайати кафед­раи биология  институти педагогии занона таъсис дода шуда буд ва аз соли 1961 ҳамчун кафедраи мустақил дар шӯъбаи химия ва биологияи факултети табиатшиносию география фаъолият дошт. Аз рӯзи таъсис ёфтанаш дар тӯли зиёда аз 10 сол вазифаи мудири кафедраро дотсент марҳум Ахмедов К.Р. иҷро мекард. Осорхонаи зоологии факултет, ки нигораҳои зиёд дород то ҳол вуҷуд дорад, ки натиҷаи заҳмати устод Ахмедов К.Р. мебошад. Аксарияти аъзоёни ҳозираи кафедра дастпарварони ҳамин факултет  мебошанд. Дар ҳамон солҳо дар шаҳрҳои Москва, Киев, Санк-Петербург, Алма-Ато, Бишкек ва ва дар назди донишгоҳ шахсони зерин аспирантураро хатм карда, рисолаҳои номзадию докториро ҳимоя намудаанд: марҳумон Тураев А.К., Одинашоев Ғ.,  Исматов Д.,  Акрамов С., Шукронаев С.. ва устодони кафедра Сатторов Т.С., Маҳмадзиёев А ба шумор мераванд. Дар солҳои охир аз ҳисоби шогирдони хатмкардаи факултет сафи омӯзгорони кафедра пурра карда шуд:  Раҳмадов С., Наҷмиддинов Т., Имонов М., Либутина Т., Голуб О., Эргашев У., Саодатқадамова  Д.,  Абдиев  У.  ва дигарон.

Дар солҳои минбаъда вазифаи мудирии кафедраро устодон: профессор Мелникова Т.Т., марҳумон дотсентон Муродов Ш.Х., Тураев А.К ва дотсент Савлатов С.Х., Рахмадов С., иҷро кардаанд. Аз моҳи сентябри соли 1994 то 2006 вазифаи мудири кафедра ба зиммаи дотсент Маҳ­мадзиёев A.M. гузошта шуда буд.  Аз сентябри соли 2006 то июли 2012 дотсент Савлатов С., дар вазифаи мудири кафедра фаъолият намуд. Аз байни омӯзгорони кафедра 2 нафарашон  Мелникова Т.Г. ва Сатторов Т. рисолаҳои докториро дар шаҳрҳои Бишкек ва Тошкент ҳимоя намудаанд. Дар кафедра, солҳои тӯлони дотсентон  Муқимова X., Қосимова Х.Н., Занина О.Ю., Валиев И.А. ассисентон Алиев Д.Р., Гулмамадов Г. ва  ёрдамчиён Гизатулина Х.И., Шевченко О.С ва дигарҳо кор мекарданд. Дар соли 1969 мутахассиси ҷавони риштаи «Ситология» Қосимова Х.Н. ба кафедра даъват карда шуд. Солҳои тӯлонӣ академик Абдусаломов И.А., профессор Изатуллоев 3., дотсент Исоков С.И., ба сифати омӯзгори корбайъ аз фанҳои тахассусӣ ба донишҷӯён дарс мегуфтанд. Омӯзгорони кафедра якҷоя бо донишҷӯён доир ба соҳаҳои гуногуни олами ҳайвоноти ҷумҳурӣ зиёда аз 500 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ нашр кардаанд. Бояд қайд кард, ки аввалин бор бо забони точикӣ  китоби дарсӣ аз «Зоологияи бесутунмӯҳра» аз тарафи дотсентон  Маҳмадзиёев А.М. ва Шукронаев С. ба табъ расонида шуд. Марҳум Тураев А.К., бошад, бо  ҳамроҳии устодони ДМТ Исоқов С.Н ва дигарон китоби дарсии «Корҳои амалӣ аз зооло­гияи мӯҳрадор» - ро бо забони тоҷикӣ аз чоп бароварданд.

Аз соли 1982 то соли 1992 кафедра ба кори илмӣ - тадқиқотию шартномавӣ бо хоҷагиҳо, доир ба мубориза ба муқобили ҳашаротҳои зараррасони пахта машғул шуда буданд. Аз соли 2004 то ҳол омӯзгорони кафедра Сатторов Т., Савлатов С., Раҳмадов С., Наҷмиддинов Т ва дигарон ба иҷрои мавзӯъҳои илмӣ – тадқиқотии супоришӣ машғул мебошанд.

Дар солҳои охир дар кафедра ба амалӣ гардонидани қонуни забони давлатӣ дар раванди таълим корҳои зиёде ба анчом расонида шудаанд. Ҳамаи дастурҳои таълими – методӣ, барномаҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ таҳия карда шудаанд. Аксарияти китобҳои дарсӣ ва матни лексияи онҳо бо забони модарӣ аз ҷониби устодони кафедра омода карда шудаанд. Китоби дарсии «Зоология» - ҳайвонҳои бесутунмӯҳра аз ҷониби устодони кафедра Маҳмадзиёев А., Раҳмадов С., Имонов М ва дигарон баъди такмил додан бори дуюм аз чоп бароварда  шуд. Устод Маҳмадзиёев А., китоби «Асосҳои таълимоти эволютсионӣ» - ро таҳия намуда аз чоп баровард. Китоби дарсии зоологияи синфи ҳафтуми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ва  ба қалами устод Маҳмадзиёев А тааллуқ дорад. Китоби дарсии «Биологияи умумӣ»барои хонандагони синфии  10-11-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба табъ расонида шудааст, ба қалами устодони кафедра Маҳмадзиёев А., Савлатов С ва дигарон тааллуқ дорад. Устоди кафедра профессор Т. Сатторов китоби дарсии «зоология»-ро барои синфи ҳаштуми  мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ва «Асосҳои таълимоти эволютсионӣ»- ро барои донишҷӯён ба табъ расонидааст. Дар соли 2010 устод Т. Сатторов китоби дарсии «Зоологияи сутунмӯҳрадорон» - ро барои донишҷӯёни факултетҳои табиатшиносии муассисаҳои таҳсилоти Олии касбӣ таҳия намуда, пешкаши донишҷӯён гардонидааст.

Дар кафедра барои амалӣ намудани низоми кредитии шакли таълим диққати махсус дода мешавад. Зиёда аз 80%-и фанҳои тахассусии кафедра аз рӯи талаботи низоми кредитӣ таълим дода мешаванд. Бинобар ин, оид ба ҳамаи  ин фанҳои тадрисшаванда аз ҷониби устодони кафедра силлабусҳо таҳия намуда ба истифода дода шудаанд. Дар назди кафедра маҳфили «Зоологони ҷавон» мунтазам фаъолият карда истодааст. Дар кафедра донишҷӯёни қобилятнок бо ҳамроҳии устодони таҷрибанок  Сатторов Т., Савлатов С., Маҳмадзиёев А., Раҳмадов С. ва дигарон бо иҷрои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ машғуланд ва ба озмунҳою  конфронсҳо омодагӣ мегиранд.

Дар солҳои охир, бо роҳбарии устодони кафедра як зумра донишҷӯён дар олимпиадаҳои Ҷумҳуриявии донишҷӯёни мактабҳои Олӣ аз фанни биология иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Масалан: донишҷӯёни курсҳои 4-ум Бухориев Б., Суҳбатова X., Курбонова Н. ҷойҳои 1-ум ва 2-умро ишғол намудаанд ва донишҷӯи курси 3-юм Абдиев У. дар озмуни «Донишҷӯ ва прогрессии илмӣ-техникӣ» иштирок намуда, сазовори ҷойи намоён гаштаанд. Инчунин донишҷӯи курси 5-уми гурӯҳи биология-химия Хоҷазода Сино дар олимпиада соҳиби ҷойи дуюм гардид.  Дар солҳои охир донишӯи курси 3-юми  гурӯҳи  биология  Шарифзода Содиқ  дар  олимпиадаи Академияи  илмҳо  иштирок намуда  сазовори Ҷоми Академия гардид.

Дар айни ҳол роҳбарии кафедраро аз моҳи феврали соли 2017 то айни замон омӯзгори калон Имонов Мирмаҳмад ба ӯҳда дорад. Дар кафедра 10 нафар омӯзгорон ва кормандон аз он ҷумла: 1 нафар профессор, дотсент 2 нафар, омӯзгори калон 3 нафар, ассистент 2 нафар, мудири осорхона 1 нафар ва 1 нафар лаборанти  калон фаъолият доранд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Кафедраи Зоология

 

Мудири кафудра

САТТОРОВ Тоҳирҷон

Кафедраи зоология аввал дар ҳайати кафедраи биология институти педагогии занона таъсис дода шуда буд ва аз соли 1961 ҳамчун кафедраи мустақил дар шӯъбаи химия ва биологияи факултети табиатшиносию география фаъолият дошт. Аз рӯзи таъсис ёфтанаш дар тӯли зиёда аз 10 сол вазифаи мудири кафедраро дотсент марҳум Ахмедов К.Р. иҷро мекард. Осорхонаи зоологии факултет, ки нигораҳои зиёд дород то ҳол вуҷуд дорад натиҷаи заҳмати устод Ахмедов К.Р. мебошад. Аксарияти аъзоёни ҳозираи кафедра дастпарварони ҳамин факултет мебошанд. Дар ҳамон солҳо дар шаҳрҳои Москва, Киев, Санк-Петербург, Алма-Ато, Бишкек ва ва дар назди донишгоҳ шахсони зерин аспирантураро хатм карда, рисолаҳои номзадию докториро ҳимоя намудаанд: марҳумон Тураев А.К., Одинашоев Ғ., Исматов Д., Акрамов С., Шукронаев С ва устодони кафедра Сатторов Т.С., Маҳмадзиёев А ба шумор мераванд. Дар солҳои охир аз ҳисоби шогирдони хатмкардаи факултет сафи омӯзгорони кафедра пурра карда шуд: Раҳмадов С., Наҷмиддинов Т., Имонов М., Либутина Т., Голуб О., Саидов К., Эргашев У., Саодатқадамова Д., Қадамов А ва дигарон.

Дар солҳои минбаъда вазифаи мудирии кафедраро устодон: профессор Мелникова Т.Т., марҳумон дотсентон Муродов Ш.Х., Тураев А.К ва дотсент Савлатов С.Х. иҷро кардаанд. Аз моҳи сентябри соли 1994 то 2006 вазифаи мудири кафедра ба зиммаи дотсент Маҳ­мадзиёев A.M. гузошта шуда буд. Аз сентябри соли 2006 то июли 2012 дотсент Савлатов С дар вазифаи мудири кафедра фаъолият намуд. Аз байни омӯзгорони кафедра 2 нафарашон Мелникова Т.Г. ва Сатторов Т. рисолаҳои докториро дар шаҳрҳои Бишкек ва Тошкент ҳимоя намудаанд. Дар кафедра, солҳои тӯлон дотсентон Муқимова X., Қосимова Х.Н., Занина О.Ю., Валиев И.А. ассисентон Алиев Д.Р., Гулмамадов Г. ва ёрдамчиён Гизатулина Х.И., Шевченко О.С ва дигарҳо кор мекарданд. Дар соли 1969 мутахассиси ҷавони риштаи «Ситология» Қосимова Х.Н. ба кафедра даъват карда шуд. Солҳои тӯлони академик Абдусаломов И.А., профессор Изатуллоев 3., дотсент Исоков С.И., ба сифати омӯзгори корбайъ аз фанҳои тахассуси ба донишҷӯён дарс мегуфтанд. Омӯзгорони кафедра якҷоя бо донишҷӯён доир ба соҳаҳои гуногуни олами ҳайвоноти ҷумҳурӣ зиёда аз 500 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ нашр кардаанд. Бояд қайд кард, ки аввалин бор бо забони точикӣ китоби дарсӣ аз «Зоологияи бесутунмӯҳра» аз тарафи дотсентон Маҳмадзиёев А.М. ва Шукронаев С. ба табъ расонида шуд. Марҳум Тураев А.К. бошад, бо ҳамроҳии устодони ДМТ Исоқов С.Н ва дигарон китоби дарсии «Корҳои амалӣ аз зоологияи мӯҳрадор» - роб о забони тоҷикӣ аз чоп бароварданд.

Аз соли 1982 то соли 1992 кафедра ба кори илмӣ - тадқиқотию шартномавӣ бо хоҷагиҳо доир ба мубориза ба муқобили ҳашаротҳои зараррасони пахта машғул шуда буданд. Аз соли 2004 то ҳол омӯзгорони кафедра Сатторов Т., Савлатов С., Раҳмадов С., Наҷмиддинов Т ва дигарон ба иҷрои мавзӯъҳои илмӣ – тадқиқотии супоришӣ машғул мебошанд.

Дар солҳои охир дар кафедра ба амалӣ гардонидани қонуни забони давлатӣ дар раванди таълим корҳои зиёде ба анчом расонида шудаанд. Ҳамаи дастурҳои таълими – методӣ, барномаҳои таълими бо забони тоҷикӣ таҳия карда шудаанд. Аксарияти китобҳои дарсӣ ва матни лексияи онҳо бо забони модарӣ аз ҷониби устодони кафедра омода карда шудаанд. Китоби дарсии «Зоология» - ҳайвонҳои бесутунмӯҳра аз ҷониби устодони кафедра Маҳмадзиёев А., Раҳмадов С ва дигарон баъди такмил додан бори дуюм аз чоп бароварда шуд. Устод Маҳмадзиёев А матни лексияи «Асосҳои таълимоти эволютсионӣ» - ро таҳия намуд. Китоби дарсии зоологияи синфи ҳафтуми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ва ба қалами устод Маҳмадзиёев А тааллуқ дорад. Китоби дарсии «Биологияи умумӣ»барои хонандагони синфии 10-11-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба табъ расонида шудааст, ба қалами устодони кафедра Маҳмадзиёев А., Савлатов С ва дигарон тааллуқ дорад. Устоди кафедра профессор Т. Сатторов китоби дарсии «зоология»-ро барои синфи ҳаштуми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ва «Асосҳои таълимоти эволютсионӣ»- ро барои донишҷӯён ба табъ расонидааст. Дар соли 2010 устод Т. Сатторов китоби дарсии «Зоологияи сутунмӯҳрадорон» - ро барои донишҷӯёни факултетҳои табиатшиносии муассисаҳои таҳсилоти Олии касбӣ таҳия намуда, пешкаши донишҷӯён гардонидааст.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj