• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Мизи мудаввар дар факултети математика

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ, талқини арзишҳои миллӣ ва бохабар шудан аз таърихи соҳибистиқлолии кишвар ва хизматҳои  Пешвои миллат дар ин самт, инчунин дар сатҳи баланд гузаронидани рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ва XXV-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, санаи 16.11.2017  дар факултети математика бо ташаббуси раиси иттифоқи касабаи дониҷӯёни факултет  Раҷаббек Авезов ва бо дастгирии декани факултет Сафаралӣ Латипов   мизи мудаввар

дар мавзӯи  «Оғози мактаби роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» бо иштироки омӯзгорон  ва донишҷӯёни факултет гузаронида шуд.  Чорабинӣ дар шакли сӯҳбат, мубоҳисса ва саволу ҷавоб баргузор гардид.

 

Нахуст мизи мудаввар бо намоиши навори видеоӣ оӻоз шуда, дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва геометрия Норов Қ кушода эълон кард. Дар ин мизи мудаввар устодон  фикру мулоҳизаҳои худро  роҷеъ ба  мавзуи мизи мудаввар ва маърӯзаҳои донишҷӯён баён карданд .Ва дар байни донишҷӯён саволу ҷавоб ва намоиши аксҳо аз воқеаҳои муҳими таърихи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон гузашт.Дар охир низ як навории видеоӣ нишон дода шуд ва  декани факултет Сафаралӣ Латипов ҷамъбаст намуд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj