• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

«Парчам дорӣ шарафмандист»

Санаи  22.11.2017 соати 1300 бахшида ба  «Рӯзи  парчам» дар факултети таърих конфренсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Парчамдорӣ шарафмандист» баргузор  гардид. Дар аввал  суруди миллӣ садо дода, парчам аз тарафи донишҷён  ба саҳна ворид карда шуд. Нахуст   сухани  ифтитоҳиро  муовини декан оид ба тарбия Наҷмуддинов Т. оғоз намуда, қайд намуд, ки имрӯз боиси  ифтихор ва шарафмандист, ки парчами давлатро ҳар фарди бонангу номуси кишвар ҳифз ва онро  эҳтиром намуда,  барои пайваста парафшон будани он дар ҳар канори ҷаҳон саъю кушиш менамоянд.

Ҳамеша ва дар ҳама ҷо бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ талоши пайваста бояд кард.

Сипас, маърӯзаи навбати ба омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Н.Зарипов дар мавзӯи «Аз таърихи парчамдории тоҷикон» (аз қадим то давраи истиқлолият) шунида шуд. Омӯзгор қайд намуд, ки парчаму парчамдорӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ буда бахусус дар таърихи давлатдории тоҷикон мавқеи хоса дорад. Тибқи тадқиқоти бостоншиносӣ Парчами тоҷик таърихи на камтар аз 4 000– сола дорад. Ҳар як давру замон хусусияти ба худ хоси парастиши парчамдориро доро мебошад. Вобаста ба тағйирёбии шакли давлатдорӣ шакли парчам низ иваз мегардад. Вале моҳият ва мӯҳтавои  парчам ҳамоно як буда, ифтихори ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад.

Маърӯзаи дигар аз тарафи омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Д.Маҳмудов дар мавзӯи «Парчам ва рамзи иқболу истиқлол» баромад карда шуд. Омӯзгор қайд намуданд, ки парчами имрӯзаи мо дар даври хело ҳасоси таърихи  яъне  24-ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози сесияи XVI-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд қабул гардид. Ва он рамзи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву бародарии халқи тоҷик мебошад. Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранги он маънои мушаххасро ифода мекунад, омӯзгор гуфта гузашт.

Аз тарафи  донишҷӯёни факултет шеърҳо дар васфи парчамдорӣ шунида шуд.

Ҳамин тариқ дар охири конфронс қайд карда шуд, ки эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла ба парчами   миллӣ ва расидан ба қадри он вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини бо нангу номус аст.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj