• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳисоботи ҳафтаинаи қисми тарбияи факултети таърих

Қисми тарбияи факултети таърих  фаъолияти худро дар асоси Низомномаи тасдиқгардида ба роҳ монда, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат, Президенти  мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  роҳи  бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, шарҳу тафсири нутқу маърӯзаҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳои раёсати Донишгоҳ, гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо ва соатҳои тарбиявӣ яке аз бахшҳои асосии корҳои тарбиявии факултет ба ҳисоб меравад. Қисми тарбияи факултет аз рӯи нақшаи кории тасдиқгардида дар якҷоягӣ бо шӯрои занону духтарон ва созмонҳои ҷамъиятӣ кӯшиш менамоянд, ки минбаъд  самти

корҳои тарбиявиро пурзӯр намуда, талаботу иҷроиши супоришҳоро дар сатҳи лозимӣ ба роҳ монанд.

 

- бо мақсади  баланд бардоштани сатҳи дониш, одобу ахлоқ, талқини ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстию ватанпарастии донишҷӯён дар факултет тибқи нақша-чорабиниҳои тарбиявӣ, пайваста гузаронидани вохӯриву мулоқотҳо бо омӯзгорони ботаҷриба, инчунин гузаронидани  конференсия, викторина  ва  мизҳои мудаввар, ба роҳ монда шудааст.

 

- назорати пайвастаи пагоҳирӯзии донишҷӯён дар даромадгоҳи донишгоҳ барои дермонӣ ва риояи намудани сару либос;

-бо  мақсади зери назорати ҷиддӣ гирифтани давомоти донишҷӯён ҳар пагоҳирӯзи аз соати 7:30 барои аз байни бурдани  дермонии  онҳо  тамоми сардорони гурӯҳҳои таълимӣ дар даромади факултет аз соати 7:30 то 7:58 дермонии ҳамсабақи худро дар дафтари махсус қайд намуда дар ҳафтаи охири рӯзи ҷумъа дар соати тарбияви дар якҷояги бо  кураторони худ он донишҷӯёни дермондаро мавриди муҳокима қарор медиҳанд;

22.11.2017 соати 1300 бахшида ба  «Рӯзи  парчам» дар факултет  конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Парчамдорӣ шарафмандист» баргузор  гардид;

23.11.2017 иштироки фаъоли 10- нафар донишҷӯдухтарони  факултет дар конференсияи илми-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи парчам» дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

24.11.2017 иштироки 4-нафар донишҷӯёни факултет мусобиқаи волисипедрони бахшида ба «Рӯзи парчам»;

24.11.2017 иштироки фаъоли 150-нафар донишҷӯёни факултет дар «Дави миллӣ»  бахшида ба «Рӯзи парчам»;

24.11.2017 иштироки 20-нафар донишҷӯёни фаъол дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи парчам» дар назди «Парчами давлатӣ»;

24.11.2017 иштироки 20-нафар донишҷӯёни факултет дар чорабинии фарҳангӣ дар «Боғи Айнӣ» бахшида ба «Рӯзи парчам»;

24.11.2017 иштироки фаъоли 5-нафар донишҷӯёни факултет дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи парчам»  дар «Амфитеатр»;

- садорати факултет ҳама вақт аз  ҳолу  аҳволи донишҷӯёни тибқи квотаи  Президентӣ низ чи дар  вақти дарс  ва чи дар хобгоҳҳои донишгоҳ  бохабар  буда, бо он  нафароне, ки  ба дарсшиканӣ роҳ медиҳанд ё интизоми дохилидонишгоҳиро   вайрон  мекунанд ва ё ба чизе ниёз доранд  чораҳои мушаххас  дида, дар ҳамма  ҳолатҳои зарурӣ   ба  мақомотҳои  ҳокимияти маҳаллии онҳо мактуб ирсол менамояд;

- дар факултет мунтазам барои нигоҳдоштани тозагиву вазъи санитарии бино шанбегиҳо гузаронида шуда, ки дар онҳо иштироки устодон ва донишҷӯён фаъол буда баҳри тозагии гирду атрофи донишгоҳ низ пайваста саҳмгузори менамоянд.

Муовини декан оид

ба тарбия                                                           Т. Наҷмуддинов

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj