• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳисоботи

садорати факултети забони англисӣ

Дар санаи 20-уми ноябри соли ҷорӣ дастаи духтаронаи волейболбозони факултет дар сабқат ниҳоии байни факултетҳои донишгоҳ иштирок намуда, ба дастаи волейболбозони факултети физика ѓолиб баромаданд ва сазовори ҷойи аввал гаштанд. Бояд ишора намуд, ки дар санаи 21-уми ноябр ин донишҷӯдухтарон аз ҷониби кумитаи Кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфа ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар санаи 23-юми ноябр дар толори лексионии факултети технологияи ва иқтисодиёт дарси кушод дар мавзӯъи  «Танзим, анъана ва расму оинҳои миллӣ» аз ҷониби дотсенти кафедраи «Фалсафа» Бердиев Ш. баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 150 нафар донишҷӯёни курсҳои гуногуни факултет иштирок намуданд.

Мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати Донишгоҳ дар сана 23-юми ноябр аз ҷониби декани факултети забон ва адабиёти рус Исломова Ҷ. аз омузгорони факултет диктант бо забони русӣ гирифта шуд.

Мувофиқи дастури Раёсати Донишгоҳ рӯзҳои 23-юм ва 24-уми ноябр донишчуён ва омӯзгорони факултет ба боѓи устод С. Айнӣ сафарбар гардида, аз он дидан намуданд.

Дар санаи 24-уми ноябр, ки ҳамасола ҳамчун ҷашни миллии «Парчам» баргузор мегардад, 50 нафар донишҷуёни факултет ба боѓи фароѓатии «Ирам» сафарбар гардиданд. Инчунин дар ин санаи таърихӣ 5 нафар донишҷӯёни факултет дар амфитетр, 20 нафар дар чорабиниҳои фарҳангии боѓи «Парчам» ва 423 нафар дар боѓи фарҳангӣ ва фароѓатии назди Наврузгоҳ иштирок намуданд.

Боиси ифтихор ҳаст, ки 3 нафар аз донишҷӯёни факултет дар марафони велосипедронӣ бахшида ба таҷлили ин маъракаи сиёсӣ ширкат варзида, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидаанд.

Дар давоми ҳафтаи сипаригашта донишҷӯи бахши дуюми факултет Тоҷова Нилуфар дар озмуни хониши китобҳои Пешвои миллат ширкат варзида сазовори ҷойи дуюм гардид.

Инчунин бояд зикр намуд, ки мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида ҳафтае се маротиба дарс бо гурӯҳи олимпии факултет ва ҳафтае як маротиба маҳфилҳои илмӣ дар назди кафедраҳо баргузор мегарданд.

Декани факултет:     Баротзода Ф.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj