• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ахлоқи ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҷаҳонишавии илму техника ва пайдо шудани шабакаи глобалии Интернет, махсусан,  дар замони муосир ҳамчун як ниҳоди таъсирнок ва пур аз зиддият ҷомеаро ба ташвиш ва нооромиҳо оварда истодааст. Яъне, ин шабакаи ҷаҳонӣ ба майдони ҷанги фикрӣ мубаддал гаштааст. Ҷангҳои фикрӣ, албатта, ба воситаи забон амалӣ мешаванд.

Забон, ки ҳамчун рукни ҳастии ҳар миллат шинохта шудааст ва ҳамчун воситаи мухобирот баҳри ҷомеа хизмат мекунад, мутаассифона, дар интернет истифодаи дуруст надорад. Зеро баъзе ҷавонони беандеша, гӯё  забоне ба вуҷуд оворда бошанд, ки аз муоиширати онҳо кас шарм мекунад ва гуфтугӯи ин тоифа бо кадом забон аст, намефаҳмӣ, як забони «махлут»-ро ба вуҷуд овардаанд.

Ҷои афсӯс аст, ки баъзе ҷавонони тоҷик аз лафзи модарӣ будани забон фаромӯш карда, ба ин ҷавҳар носипосӣ зоҳир менамоянд. Ҷавононе ҳастанд, ки номи худро ошкор накарда, аз ҳар забон як ҳарфро гирифта, барои худ дар сомонаҳои гуногун ном мегузоранд, то ки дигарон аз кори фасод ва фаҳши онҳо огоҳ нашаванд. Фикр намекунанд, ки бо ҳамин забон модар ӯро меҳрубонӣ карда буд, роҳи ростро нишон дод, шабҳо бедорхобӣ кашида, суруди алла гуфт. Мо, насли ҷавон, набояд бо ғурури ҷавонӣ аз ин ганҷ дур шавем, зеро бузургон беҳуда забонро «шиносномаи миллат» нагуфтаанд, мо муаррифгари забону миллати худ ҳастем. Албатта, агар ҳамин масъалаҳоро ба назар нагирем, беаҳамият бошем, оҳиста-оҳиста забони мо пур аз калимаҳои нофаҳмо ва бемаънӣ мешавад.

Ҳарчанд истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи қавоиди ҷорӣ манъ шудааст, аммо ин тадбир ҳам ба баъзе ашхоси кундфаҳм ҳеҷ таъсир намерасонад. Яке аз сабабҳои вайрон кардани дарс истифодаи телефони мобилӣ, пахши мусиқию  ҳар гуна садои бемаънӣ, сабтҳои видеоӣ  ба истилоҳ «прикол»-ҳо дар рафти дарс аз ҷониби муҳассилин мебошад. Инчунин, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, Wiber, Whats App, Одноклассники, ВКонтакте, Facebook ва ғайра, ки бевосита ба беаҳамиятӣ ба мавзӯи дарс ва беэҳтиромӣ нисбат ба омӯзгор оварда мерасонад. Масалан, мувофиқи хабари «Радиои Озодӣ», баҳс дар «Одноклассники» то хунрезӣ оварда расонидааст. Баҳси ин ду наврас дар шабакаи «Одноклассники» ба занозании гурӯҳӣ ва ҳалокати хатмкунандаи мактаби рақами 66-и ш.Душанбе анҷом ёфта, ба баҳсу мунозираҳо миёни нафарони зиёд ва дар байни ҷомеаи Тоҷикистон оғоз ниҳод.

Аз далели дар боло зикршуда бояд андешем, ки чаро дар сомонаҳо ҷавонон ва наврасон баҳси маърифатию илмӣ, ахлоқию маънавӣ намекунанд. Вақт, ки қиматтарин дороии инсон аст, онро бесамар барои амалҳои зишт истифода мебаранд.

Хушбахтона, кам нестанд донишмандони мо, ки сари ҳар як масъалаи илмие баҳс дошта бошанд. Ҷавонони болаёқате ҳастанд, ки дар мавзӯъҳои гуногун сомонаҳо ташкил кардаанд. Яке аз сомонаҳои беҳтарин  Termkom.tj, махсусан, барои дӯстдорони забону адабиёт мебошад, ки бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Бояд дар хотир дошт, ки суҳбати мо дар сомонаҳо муаррифгари маърифати мост, аз ин рӯ, узви миллати тоҷик будани худро фаромӯш насозем. Амалеро созмон диҳем, ки манфиатбахш ва натиҷаовар барои ҷомеа бошад. Дар акси ҳол, дар замони ҷангҳои фикрӣ, ки миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷараён дорад, аз бедонишию бефарҳангии мо мардуми дигар миллат истифода бурда, ақоиди номатлубро бар зеҳнамон таҳмил менамоянд. Тамоми муносибот тавассути забон сурат мегиранд ва мо, ҷавонон, ки ояндасози миллат ҳастем, бояд ин рукни ҳастии миллатро пос дорем ва ҳифзи онро баробари ҷони худ донем.

Фарзод ПАҲЛАВОНОВ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj