• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Маҳфил асоси такмил ва тафаккури донишҷӯён

27-уми ноябр дар донишгоҳ маҳфили илмии «Сармояи инсонӣ»-и кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иктисодӣ дар мавзӯи «Шарҳи пешравиҳои Осиё дар соли 2017 дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Дар маҳфил номзади илмҳои иктисодӣ, дотсент Ш. Азизов, мудири кафедраи номбурда У.Рузиев, ассистентон И.Амаков, Д.Гадоев, А.Нуров ва 30 нафар

донишҷӯён аз факултаҳои донишгоҳ иштирок доштанд.

 

Дар маҳфил масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ карор додашуд: рушди иктисоди миллӣ, интиколи маблағҳо, фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ ва мушкилдошта, пешниҳоди карзҳои бонкӣ ба субъектҳои иктисодӣ, зиёдшавии пасандозҳои аҳолӣ, дараҷаи бекурбшавӣ, сатҳи камбизоатӣ таҳлили тамоюли (динамикаи) курби асъори миллӣ таҳлили сиёсати буҷетию андозӣ,  сиёсати пулию карзии мамлакат ва таъсири он ба рушди иктисоди миллӣ ибрози акида кардашуд.

Аз таҳлилҳои пешбинишуда дар соли 2017 саҳаи саноат рушд меёбад. Чунки суръати сохтмони НБО “Роғун” авҷ мегирад. Дар соли 2018 бо афзоиш ёфтани истихроҷи маъдан ва соҳаҳои коркард ба кушодашудани минтакаи интиколи лулаи газӣ Тоҷикистон, ки аз Туркманистон ба Ҷумҳурии мардумии Чин меравад, рушди иктисоди миллӣ суръат мегирад. Сиёсати пулию карзӣ якинан ба боз доштани камчини ва маҳдуд кардани бекурбшавии пул дар баробари роҳнадодан ба бекурбшавиашон равона карда мешавад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар замони муосир ҳодисаи болоравии нархи молу хизматҳо тамою лидинамикиро гирифтааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба сабаби маҳдудияти захираҳо, вазъи демографии ҷаҳонӣ дар бозорҳои молиявии ҷаҳон, «муҳориба»-ҳои шадид миёни арзҳои ҷаҳонӣ, баробарвазнии курбии онҳо ва ивазнамоиҳои байналхалкии арзиву сармоя инчунин ҳисоббаробаркуниҳои байнидавлатӣ дар туғён мебошанд. Афзоиши дараҷаи нархҳо, ки бо сабаби зиёд шудани ҳаҷми пули накду ғайринакд дар муомилот бавуҷуд омада кобилияти харидории пулро поён мебарад дар иктисодиёт онро ҳамчун таваррум ном мебаранд, ки нисбати нишондиҳандаҳою моҳияти он баҳсҳо то ҳануз идома дорад.

Бояд тазаккур дод, ки маҳфили мазкур моҳе як маротиба зери роҳбарии ассистенти кафедра  И.Амаков гузаронида мешавад.

Роҳбари маҳфил:                                Амаков И.Б.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj