• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Раҳоии ҷинояткорро маҳкум менамоем!

Ба ҳамагон маълум аст, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо дархости Додситони кул Ҳизби наҳзати исломӣ, ягона ҳизби сиёсии динӣ дар кишварҳои пасошӯравиро экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнуъ эълон намуд. Гарчанде таъйиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгарӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ( аксаран тариқи интенет) норозигию иѓво ва кинаю адоват барангехта бо ин  амалҳояшон онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷомеа гардида, ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намуданд.

Мирзораҳим Кузов, узви Раёсати Олӣ ва узви Шӯрои иҷроияи собиқ ҲНИТ  бо дархости ИНТЕРПОЛ тавассути мақомотҳои дахлдори юнонӣ  10 октябри соли 2017, соати 22:00 боздошт шуда, баъди 51 рӯз аз ҷониби додгоҳи Олии Юнон озод карда шуд.  Аз нигоҳи сиёсӣ, ин амал аз тарафи ҳукумати Юнон «духурагӣ»-и сиёсиро мемонад, аксаран онҳо даъво доранд, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ба муқобили терроризм ва экстремизм муборизаи беамон мебаранд, аммо дар асл амалҳояшон тамоман дигар аст. Аксари давлатҳои Иттиҳоди Аврупо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ин намуди сиёсат зиёд истифода мебаранд.

Аз ин рӯ, бо мақсади дастгирии сулҳ ва амнияти байналхалқӣ, инчунин, мустаҳкам кардани равобити дипломатии байни кишварҳо мебоист, масъалаи озод намудани шаҳрвандони дар ҷустуҷӯ қарордоштаи Тоҷикистон сараввал байни мақомотҳои дахлдори ҳуқумати  Юнон бо  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл гардида, баъдан хулосабардорӣ карда мешуд.

Кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj