• Таджикский
  • Руский
  • Английский

Факультеты

Хабарҳо
There are no translations available.

Ҳисоботи

ҳафтаинаи қисми тарбияи факултети таърих

02.12.2017 то 08.12.2017

Дар давоми хафтаи сипаригардида қисми тарбияи факултет  бо мақсади ташаккули тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳсоси дарки ватандӯстию ватанпарастии донишҷӯён   вохӯриву мулоқотҳо доир намуданд.

- 02.12.2017 шанбеги дар факултет гузаронида шуд;

-04.12.2017 дастгирии донишҷӯёни маюби факултет аз тарафи Раёсати донишгоҳ;

- 05.12.2017 аз муоинаи тиббӣ гузаронидани донишҷӯёни факултет дар дармонгоҳи донишгоҳ;

 

-06.12.2017 иштироки фаъоли 4-нафар омӯзгор ва 35-нафар донишҷӯёни факултет дар вохӯри бо намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии – назди Хукумати ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ва Кумитаи кор бо ҷавонон оид ба «Стратегияи миллии ҶТ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар толори асосии донишгоҳ;

-06.12.2017 санаи 06.12.2017 дар факултети мазкур маҳфили «Ҳамадон»  баргузор гардид. Сараввал муовини декан оид ба тарбия Т. Наҷмуддинов ва муовини декан оид ба илм Шарфова М. суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки дар ҳақиқат имрӯз ҷавонони мо «Неърӯи созанда ва бунёдкори имрӯзу фардои кишвари азизамон» ба ҳисоб рафта дар ҳама чорабиниҳои факултетӣ, донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок мекунанд. Боиси хурсандӣ аст, ки маҳфили имрӯза низ аз тарафи Созмонҳои ҷамиятии факултет ва донишҷӯёни фаъол ташкил гардида, барои баланд бардоштани  маърифатнокӣ ва хештаншиносии донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.

Дар маҳфил донишҷӯёни курсҳои  1,2,3,4 ва 5-ум иштирок дошта байни худ рақобат намуданд. Донишҷӯён ба дастаҳои худ, ки ҳар кадомашон аз 6-нафар иборат буданд, дар маҳфил иштирок карданд. Дар охир садорати факултет ѓолибони маҳфилро бо  туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд;

- 08.12.2017 садорати факултети таърих оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари илмӣ- назариявӣ дар мавзӯъи «Танзим осоиштагии мардум» бахшида ба  қонуни мазкур баргузор карда шуд.

Дар семинар ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Бобокалонова Р., кормандони Кумита оид ба корҳои дин,танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хоҷамиров М., Тухтахоҷаев М., декани факултети таърих  Муродзода А., муовинони декани факултет Ҳусайнов А., Наҷмуддинов Т., Шарофова М. ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок ва суханрони намуданд.

- дар давоми ҳафта пайваста дар байни гурӯҳои таълимӣ оид ба иштироки онҳо ба дарсҳо, доштани ҷузвдон ва сару либос рейди муштарак гузаронида шуд.

Муовини декан оид

ба тарбия                                                           Т. Наҷмуддинов

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj