• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ҶАВОНОН ВА ЗИРАКИИ СИЁСӢ.

«Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус ҷавонон тақозо мегардад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, нерўи ҷисмониву зеҳнии худро беш аз пеш ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон равона созанд».

Зиракии сиёсӣ ҷавҳари асосии нерўи давлатдорию давлатсозӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Роҳи давлатдорию давлатсозӣ пур аз монеъаҳои сарпечида, хатарҳои сиёсӣ, бозиҳои сиёсӣ, мухолифатҳои сиёсии пушида, таҳаввулотҳои ногаҳонӣ, сўиқасдҳо ва мушкилотҳои дигар аст. Ин ҳама монеаҳоро танҳо бо сатҳи баланди зиракии сиёсӣ мо гузашта метавонем. Имрўз яке аз шартҳои асосии пойдории давлат, таҳкими истиқлоият, сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ дар кишвар ин сатҳи баланди зиракии сиёсии ҳар як сокини мамлакат, махсусан мо ҷавонон мебошад. «Бояд гуфт, ки дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳаммияти бағоят бузург касб менамояд».

Имрўз зери мафҳум ва моҳияти зиракии сиёсӣ баҳои дуруст дода тавонистан ба равандҳо ва таҳаввулотҳои сиёсии ҷаҳони муосир, ҳамзамон таҳлили дақиқи онҳо, дарки оқуибатҳои онҳо ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар ин равандҳо фаҳмида мешавад. Мо ҷавонон бояд ҳар як таҳаввулот ва раванди сиёсиро ба таври фаврӣ даҚиҚ таҳлил намоем, сарчашмаи пайдоиш, сабабҳои пайдоиш, таъсири манфӣ ва роҳҳои ҳифзи манфиатҳои худро дар онҳо пайдо намоем. Давлатдориву давлатсозӣ кори соддаву осон ва яксолаву даҳсола нест. Асрҳо лозим меояд то як давлати тараққикарда ва муосир бунёд гардад. Барои ин чандин наслҳое лозиманд, ки масъулияти ватандориро дарк кунанд ва рисолати ватансозиро иҷро намоянд. Дар ин роҳ фидокориву қурбонӣ ва бахшоишу муттаҳидӣ лозим меояд. Таъриху адабиёт ва фарҳанги чандинҳазорсолаи мо чун оина ба мо нишон медиҳад, ки мо дар ин роҳ ба касе бовар ва пайравӣ накунем. Дар ин дунё ҳар як миллату давлат пеш аз ҳама манфиатҳои худро боло мегузорад ва ҳимоя мекунад. Мо набояд фирефта ва зудбовар шавем. Дар роҳи давлатдориву давлатсозӣ ягона дўсти боваринок ва шарики стратегии боэътимоди мо танҳо худи мо ҳастем. Тамоми гурўҳҳо, ҳизбҳо, созмону ташкилотҳо манфиатҳои худро доранд ва пайи амалӣ намудани ҳадафҳои худ мебошанд. «Дар марҳалаи имрўза мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем, бо дасту дили поку нияти нек ва бо рўҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон кору фаъолият намоем. Ин устуворӣ дар мавқеи сиёсӣ, зиракӣ дар шинохти манфиатҳои миллӣ, парвариш ва талҚини ҳисси ватанпарастӣ, оштинопазир будан бо ҷаҳолат ва хурофоту таассуб мебошад».

Имрўз дарёфти роҳи устувору таъсирнопазири давлатдорию давлатсозӣ хеле мушкил аст. Равандҳо ва бозиҳои сиёсӣ ҳасос, ногаҳонӣ ва тарҳрезишуда мебошанд. Ҷаҳони муосир бемарз аст ва мо ҳамеша зери таъсири таҳаввулотҳои сиёсии он қарор дорем. Мо набояд фаромўш созем, ки имрўз амнияту субот, пойдории давлат, таҳкими истиқлолият ва ҳастии миллат аз ҳар яки мо вобастагии зиёд дорад. Пайравӣ ва ё шомил шудани як ҷавон ба гурўҳҳои гуногуни сиёсии зиддидавлатӣ метавонад ҷони ҳазорҳо нафар шаҳрвандонро зери хатар гузорад, амнияти давлатро халалдор созад ва обрўю нуфузи онро коста гардонад. Роҳи ягонаю дуруст барои мо дар ҳама ҳолат боло гузоштани манфиатҳои миллию давлатӣ ва дар ин ҷода аз даст надодани зиракии сиёсӣ мебошад.

«Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрўза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд».

Мо дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ дигар ҳуқуқи як лаҳза истироҳат карданро надорем. Як лаҳза истироҳат ва ё фориғболии мо дар ин роҳ моро ба ҳолати ногувор мерасонад.                                                                                                                                                                                                                           Қувватов Сайдулло – мудири

Шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj