• Таджикский
  • Руский
  • Английский
менюхои газета
There are no translations available.

Огоҳтарин инсон метавонад- болидатарин инсон бошад!

Иқдоми неки навбатии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои донишҷӯёни хатмкунандаи шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи соли таҳсили 2017-2018

Номгӯи саволномаҳои имтиҳони Комиссияи аттестатсионии ниҳоии давлатӣ аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда барои хатмкунандагони донишгоҳ ҷиҳати омодабошӣ  пешниҳод карда мешавад.

Чанд тавзеҳи мухтасар:

  1. Номгӯи саволномаҳо дар дохили сатр ва ё саҳифаи факултетҳо ҷой гирифтаанд.
  2. Дар дохили  ҳар як факултет саволномаҳои кафедраҳои он ворид карда шудаанд, ки донишҷӯён вобаста ба хусусияти фарогирии ихтисосашон метавонанд ба самти ихтисоси худ омодагӣ гиранд.
  3. Ҳангоми супоридани имтиҳони ниҳоӣ саволҳои иловагӣ аз “Паём”-ҳои Пешвои миллат ва дигар консепсияҳои тарбиявӣ метавонад замима гардад (умедворем, ки ҳамагон доир ба дастрасии “Паём”-ҳои Пешвои миллат мушкилоте надоранд ).
  4. Саволномаҳои фанҳои педагогика ва психология низ дар дохили кафедраҳои худ чун факултетҳои донишгоҳ ҷудогона ҷой гирифтаанд, ки саволномаҳои фанҳои мазкур вобаста ба самти тадрисшавиашон ба қатори саволномаҳои ихтисосмандии донишҷӯён метавонанд замима гарданд.

 

Гар ба дарё бирасӣ, қатра найӣ, дарёӣ!

(Камоли Хуҷандӣ)

Мусаллам аст, ки тоҷикон аз замонҳои қадим дорои маданияти баланд, фазлу дониши комил ва дар эъҷози эҷоди фарҳангсолорӣ нажоди бесобиқаанд. Ин нуқтаро низ ба ҷумлаи боло замима кардан ҳукми заруратро пеш меорад, ки агар бузургмардони шинохтаи ин халқиятро теъдодшуморӣ намоем, ҳама саҳфаҳои тозаи рӯзгор мунаққаш гардад ҳам, ҳанӯз хӯшаеро монад, ки аз хирмане гирифта бошем.

Чунончи қавли Саъдӣ ғояи иктифои ин гуфтаҳо бошад:

Як умри ҳазорсола бояд,

То ман яке аз ҳазор гӯям.

Агар  омӯзиши ҳар илме барои инсоният фарз бошад, такрори омӯзиш низ ҳамтану ҳамхуни ин фарзия аст, зеро такрори дониш таҳкурсии бинои эҷоду болопӯши бинои ҳунару маҳорати ҳар як ҳунарвар аст. Дар ҳошияи ин чанд ҷумла барои хатмкунандагоне, ки имсол барояшон иктифои “соли донишҷӯист” тасмим гирифтем, ки номгӯи саволномаҳои имтиҳонияшонро вобаста ба самти ихтисосашон дар саҳифаи сайти донишгоҳ ҷой дода бошем, то ин ки  тавонанд дар замонаи пешрафти фазои иттилоотӣ ба ин ниёзмандияшон дастрасӣ дошта бошанду омодагӣ гиранд.

Раёсати донишгоҳ барои онҳое, ки дар пайи омодагиву ҷустуҷӯ ва пажӯҳиши илм қарор доранд, бурдборӣ, барор ва тавфиқ хоҳон аст!

Mатематика

Технология ва иктисодиёт

Таҳсилоти ибтидоӣ

Физика

Филологияи тоҷик

Забони англисӣ

Химия

Забон ва адабиёти рус

Биология

География

Tаърих

Психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир

Каф. Педагогикаи умумидонишгоҳӣ

Каф. Психологияи умумидонишгоҳӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj