• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Таассуб ва ифротгароӣ.

Тайи даҳсолаҳои охир кишварҳои мусулмонӣ ба буҳрони бузург гирифтор шудаанд, ки низоъу ҷангҳои тӯлонӣ дар майдони муборизҳои сиёсӣ ва пайдо шудани хизбу ҳаракатҳои тундгарои мазҳабӣ нишонаи рӯшани он мебошад.Таҷрибаи  ҳизбсозии мазҳабӣ як амали носозгор буда, хусусан аз  ҷониби аксари башарият пазируфта нашудудааст. Вале сиёсисозии дин аз ҷониби баъзе ашхос, ҳизбу гурӯҳҳо ва давлатҳои манфиатҷӯ бо истифода аз сатҳи пасти  вазъи иҷтимоӣ ва бемаърифатии сиёсию динии мардум барои пиёда кардани ҳадафҳои сиёсӣ равона карда шудааст.

 

Таҷрибаи таъсиси  ҳизбҳои динӣ-мазҳабӣ дар кишварҳои гуногун маҳз дар заминаи ба майдони сиёсӣ кашидани ҷавонон рӯйи кор омад. Чуноне ки маълум аст, дар ин даврон фазои  идеологӣ  куллан холӣ монд ва ҳаракатҳои динӣ аз ин истифода менамуданд.

Маҳз бо ташкил ва дастгирии ҳизбу ҳарактҳои динӣ-мазҳабӣ кишварҳои абарқудрат низоми сиёсии мамолики орому осударо фалаҷ карда, ба ҷойи низомҳои давлатӣ як бесуботии сиёсиро рӯйи кор  меоранд ва дар он чандин ҳизбу ҳаракатҳоро барои ба даст  гирнифтани қудрати сиёсӣ роҳандозӣ мекунанд. Хусусан, дар замони муосир ибораи давлатдории дунявӣ аз доираи сиёсии кишварҳои мусулмонӣ бо таъсис ва дастгирии ҳаракату ҳизбҳои исломӣ низоми хилофати исломиро овард.Таъсису фаъолияти аҳзобу ҳаракатҳои сиёсӣ-динӣ барои нерӯҳои беруна омили дахолат намудан ба умури давлатдории мамолики ғайр ба ҳаёти сиёсию фарҳангии халқҳои мухталиф гардид.

Давлатҳои таъсисдиҳандаи гурӯҳу равияҳои динӣ-мазҳабӣ дар Осиёи Марказӣ манфиати геосиёсӣ доранд ва ба пойдории низомҳои сиёси дунявӣ дар кишварҳои ин минтақа манфиатдор нестанд.Зеро низоми дунявӣ ба паҳншавии ҳаракатҳо ва ақидаҳои динӣ-мазҳабии ифродӣ маҳдудият эҷод менамоянд.Барои давлатҳои қудратталаб маҳз низомҳои исломие мувофиқанд, ки дар он ҷо сатҳи баланди диндорӣ  ва таассуби динию мазҳабӣ вуҷуд дошта бошад ва барои паҳншавии ақидаҳои динӣ-ифротӣ замина муҳайё месозад. Аз ин нигоҳ, онҳо ба ҳар амали давлатҳои дунявии рушдкунанда, ки аз паҳншавии экстремизми динӣ пешгирӣ мекунанд ва дар чаҳорчӯбаи қонун фаъолият кардани ташкилотҳои диниро талаб карда, аз арзишҳои суннати ҳифз менамоянд, то ки заминае барои низоъҳои дини-сиёсӣ ба вуҷуд наоянд,нороҳат мешаванд ва ба амалҳои қонунӣ мӯътадилсозандаро ба ҳар восита ҳамчун маҳдудкунии озодии динӣ эълон дошта, бо ин усул мехоҳанд,ба ривоҷу паҳншавии ақидаҳои динию  ифротӣ роҳ кушоянд ва аз ин ҳолат барои барангехтани низоъҳои сиёсӣ-мазҳабӣ ва амалисозии ҳадафҳои геосиёсӣ сӯистифода намоянд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj