• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Хатарҳои глобалӣ дар ҷомеа.

Маънои калимаи “экстремизм” ин раванди ҷонибдории усулҳои ифроти ба шумор меравад, киаз ҷониби гуруҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳатто баъзе давлатҳо созмон ва дастгири низ меёбад. Агар дар шароити имрӯза ба қазия назар афканем, пеш аз ҳама экстремизм ба сиёсат дахл намуда истодааст, ки ин тазоҳуротро дар ниҳоди ҳамаи динҳо низ эҳсос кардан мумкин аст. Инсоне, ки дар шароити имрӯза умр ба сар мебарад, бояд доимо аз тинҷию амони ва пояндагии давлати худ ва давлати ҳамсоя шукргузор бошад. Чунки маҳз дар натиҷаи тинҷию амони инсони комил соҳиби илму маърифат, касбу кор ва ҳаёти осоиштаи оилави сазовор гашта метаваонад. Зарурияти оиди бори дигар, ҷиддитар ва бо масъулият оиди масъалаи терроризм нуқтаи назар намудани мо ҷомеаи имрӯза низ дар ҳамин асос гирифтааст. Барои рафъи норасоиҳо ва тарбияи дурусти шаҳрвандон ва ҷавонони имрӯзи ҷомеа ба мо калонсолон ва шахсони бофарҳанг лозим аст, ки аз матбуоти даври, синамо, радио ва шабакаҳои интернетӣ самаранок истифода бурда, ҷавононро дар руҳияи ватандустӣ, инсондӯстӣ ва пос доштани дину оини худ тарбия намоем ва нагузорем, ки  пои нохалафе, ақидаи бегонае ҷомеаи навини моро халалдор созад.  Пешвои миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари Созмони миллали муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ таъкид намудаанд, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад ва диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба он ҷалб намудаанд,  ки пайдоиши ифротгароӣ барои инсоният ҳамчун як фоҷиаи мудҳиш ва гузашта аз ин ҳамчун як вабои аср мушкилоти зиёде ба бор овардааст ва хусусан вақтҳои охир ба осоишу оромии ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Чеҳраи манфури терроризм ин-вабои аср даҳшатҳои зиёдеро ба бор овардааст. Хушунат, куштани мардуми бегуноҳ, даҳшатафканӣ ва фишори равонӣ вижагиҳои терроризм мебошад. Даҳшатноктарин навъи терроризм ин терроризми мазҳабист, ки терроризми бунёдгароро заминагузорӣ намудааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ гуфтугўро қабул надорад.                                          Ҷаҳони муосир дар баробари пуртазоду пуртаҳаввулот буданаш, як қатор амалу падидаҳои номатлуб ва барои ҷомеаи башарӣ хатарзоро эҷод намудааст. Имрўз ҳар як фарди солимфикрро амалҳои ифротӣ террористӣ, эктремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ба ном «исломӣ» ба ташвиш овардааст. Аз ҷумла ҳаракатҳои толибон, «Давлати исломӣ», салафия ва ѓайраҳо аз номи дини мубини ислом баромад намуда, динеро, ки сар то по ахлоқу адаб аст, бадном месозанд.   Ифротгароӣ ва даст задан ба амалҳои гўшношунид ва ваҳшиёна терроризмро ба бор овардааст. Терроризм тавассути қатлу куштор даҳшат, тарсу ҳарос ба дилҳо ҷой карданро дорад. Яке аз амалҳои ифротгароӣ маѓзшўйи ҷавонон буда, дар ҷомеаи шаҳрвандии мо хеле нигаронкунанда аст. Яъне гурўҳҳои ифротӣ тавре кор мегиранд, ки ҷавонони аз гузаштан худ фаромўш мекунанд ва барояшон арзишҳои инсонӣ-эҳтироми падару модар, муҳаббат доштан ба Ватан, дўстию меҳрубонӣ, сулҳу ваҳдат аз байн меравад. Ба доми тазвири чунин гурўҳҳою ҳаракатҳои ифротӣ пеш аз ҳама он ҷавононе меафтанд, ки саводу дониши казоии динию дунявӣ надоранд. Ана ҳамин холигии майнаи сари онҳоро ифротиён бо ақидаҳои барои инсоният хатаровар пур месозанд. Фаъолияти гурўҳҳои ифротию террористӣ бо роҳу воситаҳои гуногуни таблиѓотию даҳшатафканӣ сафи худро аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ зиёд намудан ва зиндагии онҳоро тираву тор намудан аст. Шомил гаштани ҷавонон ба гурўҳҳои ҷангҷўву пархошҷў ва ифротгарову террористӣ ин хиёнат ба бузуртарин арзиш-Ватан ва обу хоки он аст. Ифротгароёну террористон ба роҳи даҳшатафканӣ, яъне қатлу куштор мехоҳанд инсониятро ҳамеша дар тарсу ҳарос нигаҳ доранд. Амалҳои зисту ѓайриинсонии онҳо набояд ҷомеаи башариро бетараф гузорад. Бар зидди он муборизаи дастаҷамъона лозим аст. Чизи дигаре, ки имрўз боиси нигаронӣ аст, ин рўй овардани бархе аз занону духтарони тоҷик бо фарҳанги бегона аст. Ҷойи он ки фарҳанги либоспўшии миллӣ аз ҷониби онҳо тарѓиб  ва муаррифӣ гардад, онҳо ба либоспўшии бегонагон машѓуланд, ки ин боиси нигаронӣ гаштааст. Он ба ҷуз тақлиди кўр-кўрона чизи дигаре нест. Чун ба онҳо таваҷҷуҳ кунед, дарк менамоед, ки ин тоифаи занону духтарон фарсахҳо аз ислом дуранд ва ҳеҷ гуна фарзу суннат аз ҷониби онҳо риоя намегардад.   Пеш аз ҳама падару модар, боѓчаю мактаб ва макотиби олӣ дар ҳамбастагию ҳамкорӣ амал намояд, то тавониста бошем насли ҷавонро аз он хатароти аср нигаҳбон бошем. Шукронаи ин Ватан, ин сарзамини биҳиштосо намоему баҳри шукуфою гул-гулшукуфии он пайгирона талош варзем. Фарзандонро тавре тарбия намоем, аз ҳама гуна пархошҷўйӣ, моҷароҷўйӣ дур бошанд ва дар ниҳодашон эҳтиром ба арзишҳои миллию башариро ҷой намуда, онҳоро чун инсони комил ба воя расонем.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj