• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ТАШАККУЛИ ҶАВОНОН ДАР МАКТАБИ РОҲБАРӣ ВА СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ.

Таърихи ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷавҳари ҳастӣ ва рушду такомули ҳар як миллат аз фарзандони фарзонаю ҷонфидои он вобаста аст. Дар ин замина бо ифтихори бузург ва саодату иқболи баланд модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ фарзандони фарзонаеро ба дунё овардааст, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллати худро устувору ҷовидонӣ намудаанд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ миллати сарбаланди мо пас аз фосилаи тулонии таърихӣ масъулияти пешбурди давлату давлатдории худро бар дўш гирифт. Фазои сиёсию мафкуравии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ хеле гуногун ва инъикоскунандаи манфиатҳои гурўҳҳои мухталифи сиёсӣ буд, ки ҳар кадом ба сари қудрат омадан мехостанд.

Манфиатҷўӣ ва манфиатхоҳии ин гурўҳҳои сиёсӣ боиси хисороти бузурги ҷонию моддӣ ва маънавӣ, ҳамзамон заиф гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ гардид, ки дар натиҷа дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз шуд. Дар ин давра миллату давлатро ҳисси ноумедиву нокомӣ ва дилшикастагию ҳасрат фаро гирифта буд. Ҳазорон нафар тарки Ватан карда, дар кишварҳои ҳамсоя паноҳ ҷўстанд. Ҳазорон хонаҳои ободу зебо валангор ва несту нобуд гардида, шаҳрвандон бе манзили зист монданд. Кўдакону наврасон аз мактабу дарс фаромўш карда, интизори як пора нон буданд ва аз гуруснагӣ таббассум ва бозии кўдаконаро ҳатто ба хотир оварда наметавонистанд. Ҷавонон бошанд ба ҷои касбу ихтисос аз худ кардан сипар ва қурбони майдони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуданд. Ҷавонони ин давра дар ҳасрати умри ҷавонии худ ва шириниҳои он – ишқу муҳаббат ва суруру шодмонӣ буданд. Ба ҷои сайру гашт дар боғҳои зебо бо дўстдоштаи худ, онҳо яроқ дар даст дар фаною паҳнои роҳгумзадагии майдони ҷанг монда буданд. Падарон дар ҷустуҷўи пораи нон ба хотири наҷоти фарзандон аз марги гурўснагӣ ва ташвиши дифоъ аз оила ва ҷони худ буданд. Модарон ашки сард дар чашм гоҳо шоҳиди ба ҳалокат расидани фарзандони ҷавони худ дар майдони ҷанг, гоҳи дигар шоҳиди марги тифлон аз гурўснагӣ мешуданд. Ҷомеаро дар маҷмўъ гумроҳию сарбастагии сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ фаро гирифта буд.

Дар ин лаҳзаҳои ҷонкоҳу вазнин халқи Тоҷикистон дар интизори нафаре буд, ки давлату миллатро аз завол ёфтан наҷот диҳад ва муттаҳиду сарҷамъ намудаву ба рўзҳои хушу босаодат расонад.

Хушбахтона чун давраҳои дигари таърихӣ дар ин давра низ масъулияти ватандорию ватансозии миллати моро фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳдаи худ гирифтанд ва бо ҷасурию матонат, хираду дурандешӣ, ҳисси баланди хештаншиносӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, шонздаҳуми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои олии кишвар ба ҳайси Раиси Шўрои олӣ бо суханронии нахустини худ дар дили сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол шўълаи умедро ба фардои рўзгори хуш барафрухтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро аз майдони ҷанг ба саҳни донишгоҳу донишкадаҳо расониданд ва дасташонро аз яроқ ҷудо карда, ба дасти маъшуқаи дўстдоштаашон пайванд намуданд.

Кўдакону наврасон ва падарони мо дигар ҳеҷ дар фикри дарёфти нон нестанд. Кўдакон таббассум мекунанд, шодӣ мекунанд, мерақсанд. Зебо сухан мекунанд ва бо суханони ширини худ табъи моро болида мегардонанд. Чӣ ширин аст таббассум ва нағмасозию бозиҳои кўдакӣ. Хеле нангин аст вақте ҷанг аст ва кўдакон наметавонанд таббассум кунанд, бозии кўдакӣ кунанд ва ба волидайн мегўянд, ки ман гурўснаам ва нангинтар он аст, ки волидайн нон пайдо карда наметавонанд ва фарзанд дар домони модар дар орзуи нон мефавтад. Ҳамингуна буд ҳолати мо солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ.

Имрўз модарону падарони мо хушбахтанд. Шоҳиди донишгоҳу донишкадаҳоро хатм кардани фарзандони худ мегарданд. Фарзандон бо сари баланд аз хизмати ҳарбӣ бар мегарданд. Дар тўи фарзандон мерақсанд, шодию хурсандӣ мекунанд. Ҳеҷ кас фикри нонро намекунад, касе дар фикри амнияту бехатарии ҷони худ нест. Давлат пойдору устувор ва сулҳу ваҳдату бехатарии шаҳрвандон таъмин аст.

Вале, саволи ҳаётие ба миён меояд, ки чигуна мо аз ноумедию нокомиҳо ва ваҳшонияту даҳшат, фақирию гуруснагӣ ба ин рўзҳои шоистаю нек расидем?. Ҷавоб ба ин савол ҳазорҳо ҷилд китоб мешавад. Вале, мехоҳем як ҷавоби кутоҳ гардонем. Худро ба ҳамин миллату давлат ва мардуми Тоҷикистон бахшидан, ҷасурӣ, таҳаммулпазирӣ, ҷонфидоӣ, инсондўстӣ, маҳорати баланди роҳбарӣ, зиракии сиёсӣ, дурандешӣ, бахшояндагӣ, хирадмандӣ ва қаҳрамонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар марҳилаи аввал Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурўснагию фақирӣ, ашку ҳасрат, кинаю бадбинӣ, ҷангу хунрезӣ ва душманию ғарибиро дар кишвар ба дастурхони пурфайзу пурсаховат, шодию фараҳ, дўстию рафоқат, сулҳу ваҳдат ва муттаҳидию ҳамбастагӣ иваз намуд. Ин осон набуд. Гузаштан аз сўиқасдҳо, мулоқотҳо бо мухолифин дар майдонҳои ҷанг, вохўриҳои алоҳидаю хосса бо размандагон, қумандонҳои саҳроӣ ва роҳбарони дигар гурўҳҳои мусаллаҳ, ки заррае кафолати бехатарию амният дода намешуд. Баръакси баъзе роҳбарони дигар, ки аз мухолифин ва гурўҳҳои мусаллаҳ паноҳ меҷўстанд ва ҳарос доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасурию далерӣ ба назди мухолифин ва гурўҳҳои мусаллаҳ рафта, бо онҳо аз наздик вохўрӣ намуд. Ин рафтори Ў мухолифин, гурўҳҳои мусаллаҳ ва роҳбарони давлатҳои ҳамсояро ба ҳайрат овард. Бештару волотар ва зиёдтару дақиқтар нисбат ба ҳама масъулияти ватандориро дарк мекард. Хуб медонист, ки таърих, замон ва ҷаҳониён дигарбора ба мо имкони соҳибдавлатиро намедиҳанд. Ин имконияти таърихиро бояд натанҳо ба даст гирифт, балки қадр кард ва ба тамоми ҳастӣ ҳифз намуд. Барои ин месазад, ки ҷонро фидо кард. Паси ин ҳастӣ ё нестии миллат, заҳмати ҳазорсолаҳо кашидаи фарзандони фарзонаи миллат, таърих, фарҳанг, забон, адабиёт ва рўҳу сиришти миллат меистад. Дар он вақт на ҳама кас инро дарк мекард. Ҷонфидоии Ў буд, ки мо имрўз ҳастем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасурӣ масъулияти ватандорӣ ва давлатсозиро ба ўҳдаи худ гирифт ва бо боварии қавӣ қадамҳои нахустин дар роҳи эъмори давлати миллӣ ва соҳибистиқлол гузошт. Ҳама камию костагӣ ва монеаҳои субъективию объективӣ, хиёнату дурўягӣ, душманию бадбинӣ ва носипосию манфиатхоҳии шахсиятҳо ва гурўҳҳои алоҳидаро таҳаммул кард. Таҳаммулпазириро, ки яке аз хислатҳои накўи миллӣ мебошад пеша намуд. Ҳамаи монеаҳоро новобаста аз шаклашон гузашт, ҳатто сўиқасдҳои шадидро, ҷисман захмдор шуд, вале рўҳан устувору қавиирода ва далеру ҷасур буд. Рўҳи миллат бо Ў буд. Таърих роҳбари давлатеро кам ёд дорад, ки ба назди террористон ва гурўҳҳои мусаллаҳ ба майдони ҷанг ва қароргоҳи онҳо рафта, бо онҳо як ба як суҳбат кунад. Ҳоло он, ки ин гурўҳҳо дар ҳолати омодабошии ҷангӣ қарор доранд ва барои онҳо инсон ҳеҷ арзише надорад. Ин амалро ҷонфидоӣ ва гузаштан аз баҳри худ ба хотири ҳастии миллат ва пойдории давлат меноманд. Ин ватандўстӣ ва инсондўстӣ аст. Омўхтану дар сиришти худ ҷой додани ин рисолати инсонию имонӣ ва қарзи виҷдонии мо ҷавонон мебошад.

Фарзандони содиқи миллатро пайдо намуда, бо онҳо пояҳои давлатдориро устувору қавӣ гардонид ва давлатро ободу зебо сохт. Ин ганҷинаи бебаҳо – Тоҷикистонро бо тамоми ҳастияш дўст дошт ва бо дастони худ онро бунёд намуд. Ба низоми сиёсии ҷаҳони муосир ворид шуда, баъд аз ҳазорсола хомўшӣ садои миллати тоҷикро бо лаҳни ширину шоирона ба гўши ҷаҳониён расонид. Эҳё ва рушду нумўи ҷаҳонии миллати тоҷик оғоз шуд.

Эмомалӣ Раҳмон комилан исбот намуд, ки мо таърихан ва табиатан соҳибдавлатем ва таҷрибаи давлатдорию давлатсозие дорем, ки дар сиришти мо нўҳуфтааст. Мисоли равшан аст, ки вақте шахс маълумоти медонистааш ва ё касбу ҳунари доштаашро муддати тулонӣ такрор накунад фаромўш месозад ва дигар аз уҳдаи иҷрои он намебарояд. Аммо мо дар тули зиёда аз ҳазор сол ҳунари давлатдорию давлатсозиро фаромўш насохтем, чунки дар вуҷуд ва хуну ҳастии миллати мо ин қобилият нўҳуфтааст ва миллати мо табиатан миллати роҳнамо, роҳбар, роҳкўшо ва тоҷдору тоҷбарсар аст. Ман ин суханҳоро ба он хотир бо ҷасорат гуфта истодаам, ки далели раднашаванда дорам. Далели раднашавандаи ман Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Ў ба ҷаҳониён намунаи беҳтарини давлатдорию давлатсозӣ ва сулҳофарию ваҳдатсолориро пешниҳод намуд.

Мактаби роҳбарӣ ва сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҷавонон намунаи беҳтарини давлатдорию давлатсозӣ мебошад, ки омўзишу пайравӣ намудан ба он қарзи имону виҷдон ва вазифаи муқаддасу аввалиндараҷа мебошад.

Ҷузъиёти дигаре, ки мехоҳем доир ба он сухан гўем ин бедорсозӣ ва эҳёи хотираи таърихии миллат мебошад. Дар тули зиёда аз ҳазор соли бедавлатӣ ва ҳафтод соли Иттиҳоди Шўравӣ миллати моро бегонашавӣ ва гумроҳию бефаҳмии миллӣ фаро гирифта буд, ки ҳар замон ба сиришт ва рўҳияи худшиносии миллии мо таҳдид мекард. Ин хатари ҷиддӣ дар роҳи завол ёфтани миллат буд. Нигоҳ накарда ба вазъи ноустувори сиёсӣ ва шиддат пайдо кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали роҳбарӣ ба эҳёи асолати миллӣ оғоз намуданд. Баргузор намудани ҷашнвораи шоирони адабиёти классик ва муосир, «Соли тамаддуни Ориёӣ», 1150 солагии Абуабдуллоҳ Рўдакӣ, 1100 солагии Давлати Сомониён ва бунёди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ҷашнвораҳои шаҳрҳои Истаравшан, Кўлоб, Ҳисор, Соли бузургдошти Имоми Азам Абўҳанифа, эҳё, навсозӣ ва ба мероси умумиҷаҳонӣ ворид намудани ёдгориҳои таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ, ба номи фарзандони фарзонаи миллат номгузорӣ шудани шаҳру ноҳияҳо, хиёбонҳо, кўчаҳо, муассисаҳо ва боғу гулгаштҳо, таъсиси унвону ҷоизаҳои давлатӣ ба номи бузургони миллат, ба муомилот баровардани пули миллӣ бо акси қаҳрамонон ва фарзандони ватандўсту фарзонаи миллат ва ҳазорҳо корҳои дигар, ки хотираи таърихии мо зинда гардид. Бо ин рўҳи хазонгаштаи миллати мо эҳё ва шукуфон шуд. Рўҳи фарзандони ҷонфидои миллат шод гардид. Миллат обод гардид. Тибқи анъанаҳои миллӣ ва диниямон мо пайваста ба оромгоҳи наздикону пайвандон ва гузаштагонамон рафта ба хотири шод намудани рўҳи онҳо дуои хайр мекунем ва аз амалҳои накў, хислату рафтор, касбу ҳунар, манзили зист ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти онҳо ёдовар мешавем. Бо ин амали худ мо нишон медиҳем, ки онҳо бесоҳиб нестанд, мо соҳибони онҳо ҳастем, корҳои шоистаи онҳоро қадр мекунем ва онҳоро гиромӣ медорему ба онҳо арҷгузорӣ менамоем. Воқеъан ин амали савоб, хайр, фарз ва суннат аст. Миллат ҳам дар маҷмўъ ҳамингуна аст.

Нуқтаи дигаре, ки мехоҳем таъкид созем ин таваҷҷўҳи зиёд доштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон мебошад. Пешвои миллат нисбат ба мо ҷавонон эҳтироми зиёд доранд. Ҷавононро дўст медоранд ва тамоми шароитро барои инкишоф ва рушду нумўи онҳо фароҳам овардаанд. Пайваста ҷавононро дастгирӣ менамоянд, онҳоро тарбият месозанд ва ба вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таъин менамоянд. Ҳамеша кўшиш менамоянд, ки ҳаёти ҷавонии мо зебо ва аз каму костагиҳо орӣ бошад. Мо лаззати лаҳзаҳои ҷавонии ҳаётро дарк кунем, хушбахту хушрўз бошем. Ҷавонӣ кунем. Ҳарчанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умри ҷавонии худро натавонистанд пайи назофатҳои ҷавонӣ сарф кунанд, аммо онҳо назофатҳои ҷавонии худро дар ҳаёти ҷавонии мо мебинанд. Онҳо умри ҷавонии худро баҳри хомўш сохтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ободию пойдории давлат сарф карданд, ки хеле кори пурифтихору пуршараф аст. Худованд на ба ҳар кас насиб медонад, ки дар ҷавонӣ қаҳрамонӣ кунад ва ҳаёти ҷавонии худро пайи бунёди давлат ва аз байн бурдани ҷангу низоъ сарф кунаду давлату миллатро роҳбарӣ созад. Такия ба ҷавонон маъни пайванди имрўзро ба фардо дорад. Дастгирии ҷавонон мазмуни бунёди фардоро дар имрўз дорад. Мо ҷавонон бояд аз ин ифтихор кунем ва бар ивази дастгирию ғамхорӣ ва пуштибониҳо пайи ободию рушду тараққиёти Ватан ва ҷонибдории сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҳастиямон саҳмгузор бошем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро барои таҳсилу илмомўзии мо фароҳам оварда, дари даҳҳо донишгоҳу донишкадаҳоро ба рўямон боз намудаанд. Пайваста таъкид месозанд, ки кишвари мо ба мутахассисони замонавӣ, кадрҳои ҷавони соҳаи илм ва донандагони забонҳои хориҷӣ ниёз дорад. Дар ин роҳ ҳеҷ чизро дареғ намедоранд ва ҳамеша шароитҳои замонавиробароям фароҳам меоранд. «Ҷавононе, ки Ватани худро воқеан дўст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва ҳамеша ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлату миллати хеш кўшишу талош намоянд».[1]

Илму дониш шиносномаи миллати соҳибтамаддун ва ҷавҳари ташакули инсон аст. Илм ягона роҳи дастёбии давлату миллат ба иқтидори бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоистаю арзанда барои аҳолӣ мебошад. Имрўз дар ҷаҳон гаронтарин сармоя ин сармояи зеҳнӣ мебошад, ки бе рушду инкишофи он дигар давлатҳо ҳимояи манфиатҳои худро таъмин карда наметавонанд. Сарчашмаи асосии рушди сармояи зеҳнӣ бошад танҳо насли ҷавон шуда метавонад. Аз ин рў мо ҷавонон бояд хуб дарк кунем, ки дар раванди босуръати навовариҳои технологӣ ва кашфиётҳои бузурги илмӣ, ки тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба таври худидорӣ ба танзимдароварда шуда, фаъолият менамоянд бе доштани фаҳмиш, дониш ва тафаккури илмӣ – техникӣ дастёбии миллату давлат дар оянда ба музафарияту комгориҳо ғайриимкон мебошад.

Мо имрўз бояд аз доираи дониш берун омада, ба илм қадам гузорем. Дониш замина барои расидан ба илм мебошад. Танҳо илм заминаи гузоштани қадам ба пеш мебошад. Мо ҷавонон аксаран дар доираи донишҳо маҳдуд гардида, донишро танҳо сарчашмаи кору фаъолият ва рўзгузаронӣ қарор додаем, аммо талаботи замон ин аст, ки мо бояд донишро заминаи расидан ба кашфиётҳои илмӣ – технологӣ истифода намуда, ба комёбиҳои илмӣ дастёб гардем ва натанҳо худ, балки милллату давлати худро низ ба пеш барем. Имрўз навовариҳои илмӣ – технологӣ дар ҷаҳон суръати фаврӣ доранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бо ҳамин суръат рушд карда истодааст. «Тавре ки таҷрибаи ҷаҳони муосир нишон медиҳад, давлате, ки ба рушди соҳаи илм, махсусан илмҳои техникӣ ва технологияҳои муосир диққати зарурӣ намедиҳад, ба пешравӣ ноил намегардад. Имрўз кишвари мо ба кадрҳои баланди илмӣ, ки рушди иқтисоди миллиро таъмин созанд ва кишварро дар иқтисоди ҷаҳонӣ рақобатпазир гардонанд эҳтиёҷи ҳаётӣ дорад».[2] Таъмини ин ниёзи кишварамон пурра бар дўши мо ҷавонон аст. Агар мо ҷавонон хизмати арзанда барои миллати худ ва пешравии давлати худ кардан хоҳем, хизмати мо имрўз дар таъмини ниёзҳои илмии Ватанамон мебошад. Мо ба кашфиётҳои илмӣ – технологӣ машғул шавем ва шарафи миллати худро дар навовариҳои технологӣ ҳифз созем. Ин корро ҷавононе карда метавонанд, ки ғғурури баланди ватандорӣ доранд. «Имрўз дар ҷаҳон илм бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, техника ва технологияҳои нав ихтироъ ва истеҳсол шуда истодаанд. Ба ҷавонони кишвари мо зарур аст, ки пойбанди расму ойинҳои хурофотӣ набошанд, балки аз дастовардҳои муосири илму техникаи ҷаҳон огоҳии бештар пайдо кунанд, диду назар ва ҷаҳонбинии хешро вусъат бахшанд, бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гарданд ва ҳамқадами шоистаи давру замон бошанд».[3]

Илм нишонаи камолоти зеҳнии сатҳи олии инсон ва ҷавҳари асосии амалҳои фарзи инсон мебошад. Илм ва кашфиётҳои илмию технологӣ мушкилоти рўзгори одамонро бартараф намуда, зиндагии шоистаю арзандаро баҳри ҳамагон таъмин менамояд. Илм ҳамзамон гаронтарин сарват ва пуриқтидортарин дастгоҳ мебошад.

Дар ҷаҳони муосир иқтидору қудрати ҳар як давлату миллат дар иқтидори илмию технологии ў зоҳир мегардад. Мо ҷавонон низ бояд ҳамаҷониба кўшиш кунем, ки иқтидори давлату миллати худро баланд бардорем. «Имрўз илмҳои дақиқ, тафаккури техникӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омили пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа табдил ёфтааст».[4] Асоси рушди илм ва навовариҳои технологиро фазои солими илмӣ ташкил медиҳад. Мо ҷавонон бояд пеш аз ҳама дар кишварамон фазои ягона ва муттаҳиди илмӣ созем, ки наслҳои ҷавони имрўза ва оянда дар як занҷираи фазои илмӣ муттаҳид шуда, навовариҳои илмиро идома диҳанд ва дар ин замина рушди мунтазам ва бемайлони кишвар таъмин гардад.

Роҳи ягонаи боэътимоди дурнамои тараққиёти давлати мо ин рў овардану машғул шидани мо ҷавонон ба кашфиётҳои илмӣ ва навовариҳои технологӣ мебошад. Бе ин мо наметавонем ҷойгоҳи устувори давлату миллати худро миинбаъд дар арсаи байналмилалӣ таъмин созем. Дар ин ҷода умеди ҳамагон ба мо ҷавонон аст ва мо инро бояд хуб дарк кунем. «Ояндаи ободи Ватани азизамон аз фарогирӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илми муосир, техника ва технологияҳои замонавӣ вобастагии зиёд дорад. Чунки имрўз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рушди илмҳои дақиқ, ташаккули тафаккури техникӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир аҳамияти хоса дода, онҳоро заминаи муҳими рушди иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа мешуморанд. Бояд саъю талош кунем, ки аз ҷараёни босуръати тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ақиб намонем, наслҳои имрўзу ояндаро ба сўи тамаддуни асрӣ, яъне дастовардҳои илмиву ҳунарӣ, техникаву технологияи муосир, воситаҳои иттилоотии замонавӣ ва омўхтани забонҳои хориҷӣ ташвиқу раҳнамоӣ созем»[5].

Мо ҷавонон пеш аз ҳама бояд ба худ ва сиришти худ боварии комил дошта бошем. Аз ҳама неъматҳои беҳтарини маънавии дунё ва дурдонаҳои фарҳангию адабии ҷаҳонро гузаштагони мо офаридаанд. Мо тамоми сахтиҳои ҳаёт ва душворию монеъаҳои роҳи давлатдорию давлатсозиро гузаштаем, мушкилотҳои ҷонкоҳи рўзгорамонро паси сар кардаем, ба ҳама неъматҳо ва шоистагиҳо расидаем. Мо имрўз танҳо илми муосири техникӣ ва технологӣ кам дорем. Мо дар муттаҳидӣ дар ин самт низ ба муваффақиятҳо ва натиҷаҳои назаррас дастёб мегардем. Чунки мо метавонем ва миллати тавоноем. Мо Пешво дорем, роҳи мо равшан ва дақиқу муайян аст.

«Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус ҷавонон тақозо мегардад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, нерўи ҷисмониву зеҳнии худро беш аз пеш ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон равона созанд».

Зиракии сиёсӣ ҷавҳари асосии нерўи давлатдорию давлатсозӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Роҳи давлатдорию давлатсозӣ пур аз монеъаҳои сарпечида, хатарҳои сиёсӣ, бозиҳои сиёсӣ, мухолифатҳои сиёсии пушида, таҳаввулотҳои ногаҳонӣ, сўиқасдҳо ва мушкилотҳои дигар аст. Ин ҳама монеаҳоро танҳо бо сатҳи баланди зиракии сиёсӣ мо гузашта метавонем. Имрўз яке аз шартҳои асосии пойдории давлат, таҳкими истиқлоият, сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ дар кишвар ин сатҳи баланди зиракии сиёсии ҳар як сокини мамлакат, махсусан мо ҷавонон мебошад. «Бояд гуфт, ки дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳаммияти бағоят бузург касб менамояд».[6]

Имрўз зери мафҳум ва моҳияти зиракии сиёсӣ баҳои дуруст дода тавонистан ба равандҳо ва таҳаввулотҳои сиёсии ҷаҳони муосир, ҳамзамон таҳлили дақиқи онҳо, дарки оқуибатҳои онҳо ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар ин равандҳо фаҳмида мешавад. Мо ҷавонон бояд ҳар як таҳаввулот ва раванди сиёсиро ба таври фаврӣ дақиқ таҳлил намоем, сарчашмаи пайдоиш, сабабҳои пайдоиш, таъсири манфӣ ва роҳҳои ҳифзи манфиатҳои худро дар онҳо пайдо намоем. Давлатдориву давлатсозӣ кори соддаву осон ва яксолаву даҳсола нест. Асрҳо лозим меояд то як давлати тараққикарда ва муосир бунёд гардад. Барои ин чандин наслҳое лозиманд, ки масъулияти ватандориро дарк кунанд ва рисолати ватансозиро иҷро намоянд. Дар ин роҳ фидокориву қурбонӣ ва бахшоишу муттаҳидӣ лозим меояд. Таъриху адабиёт ва фарҳанги чандинҳазорсолаи мо чун оина ба мо нишон медиҳад, ки мо дар ин роҳ ба касе бовар ва пайравӣ накунем. Дар ин дунё ҳар як миллату давлат пеш аз ҳама манфиатҳои худро боло мегузорад ва ҳимоя мекунад. Мо набояд фирефта ва зудбовар шавем. Дар роҳи давлатдориву давлатсозӣ ягона дўсти боваринок ва шарики стратегии боэътимоди мо танҳо худи мо ҳастем. Тамоми гурўҳҳо, ҳизбҳо, созмону ташкилотҳо манфиатҳои худро доранд ва пайи амалӣ намудани ҳадафҳои худ мебошанд. «Дар марҳалаи имрўза мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем, бо дасту дили поку нияти нек ва бо рўҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон кору фаъолият намоем. Ин устуворӣ дар мавқеи сиёсӣ, зиракӣ дар шинохти манфиатҳои миллӣ, парвариш ва талқини ҳисси ватанпарастӣ, оштинопазир будан бо ҷаҳолат ва хурофоту таассуб мебошад».

Имрўз дарёфти роҳи устувору таъсирнопазири давлатдорию давлатсозӣ хеле мушкил аст. Равандҳо ва бозиҳои сиёсӣ ҳасос, ногаҳонӣ ва тарҳрезишуда мебошанд. Ҷаҳони муосир бемарз аст ва мо ҳамеша зери таъсири таҳаввулотҳои сиёсии он қарор дорем. Мо набояд фаромўш созем, ки имрўз амнияту субот, пойдории давлат, таҳкими истиқлолият ва ҳастии миллат аз ҳар яки мо вобастагии зиёд дорад. Пайравӣ ва ё шомил шудани як ҷавон ба гурўҳҳои гуногуни сиёсии зиддидавлатӣ метавонад ҷони ҳазорҳо нафар шаҳрвандонро зери хатар гузорад, амнияти давлатро халалдор созад ва обрўю нуфузи онро коста гардонад. Роҳи ягонаю дуруст барои мо дар ҳама ҳолат боло гузоштани манфиатҳои миллию давлатӣ ва дар ин ҷода аз даст надодани зиракии сиёсӣ мебошад.

«Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрўза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд».[7]

Мо дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ дигар ҳуқуқи як лаҳза истироҳат карданро надорем. Як лаҳза истироҳат ва ё фориғболии мо дар ин роҳ моро ба ҳолати ногувор мерасонад.

Мо ҷавонон бояд худшиносу худогоҳ бошем ва таъриху фарҳанг ва расму оинҳои аслии миллии худро хуб донем, дар шинохти сиришти худ хато накунем. Таърихи ташаккул ва таҳаввули инсоният боиси пайдоиши садҳо миллату халқиятҳо гардидааст. Ҳар як миллат таъриху фарҳанг, адабиёту санъат, расму оин ва сиришти худро дорад ва дар заминаи он инкишоф меёбад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як ҷавон аст, ки дар шинохти миллати худ оҷиз набшад ва аз шебу фарози роҳи таърихии тайкардаи ў комилан огоҳ бошад. Ҳам аз ҷиҳати ботинӣ ва ҳам аз ҷиҳати зоҳирӣ миллати худро шиносад. «Барои мо худшиносӣ дар тарозуи замон баркашидани бурду бохтҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва муайян намудани дурнамои оянда ва ҳадафҳои созандагӣ мебошад. Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сўи асолати милливу ҳувияти ватандорӣ раҳнамоӣ карда, бароямон роҳи душвори пешрафти оянда, кору пайкори навбатии давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рўзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро осонтар мегардонад. Худшиносӣ насли наврасу ҷавонро дар рўҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ва дастовардҳои умумибашарӣ ҳидоят мекунад ва онҳоро чун ҳомиёни воқеӣ ва номбардори миллати хеш ба камол мерасонад».[8]

«Итминони комил дорам, ки ҷавонони ватандўсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ ҷиҳати пешрафти Ватани муқаддаси худ, густариши ваҳдати миллӣ, таъмини суботу оромӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз худ ташаббусҳои созанда нишон дода, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам гардидани мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ саҳми сазовори худро мегузоранд».

Умеди наслҳои дирўзу имрўз ва ояндаи миллат аз мо ҷавонон дар он аст, ки кору фаъолияти созандаи онҳоро дар роҳи ватандорию ватансозӣ қадр кунем, арҷгўзорӣ намоем ва бо сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ва дарки рисолати таърихӣ идома диҳем.

Мо ҷавонон кўшиш кунем, ки бо кору фаъолияти созанда, сатҳи баланди маърифати ахлоқию сиёсӣ, дониши баланди иқтисодию иҷтимоӣ, касбу ҳунарҳои замонавӣ, забондонӣ, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносӣ, қобилияти баланди кор бо технологияи замонавӣ, маҳорати олии кордонию корбарӣ ва давлатдорию давлатсозӣ ба боварии миллат сазовор гардем.

Насли имрўза тамоми шароитҳо ва заминаҳоро барои ташаккули шахсияти мо фароҳам овардаанд то мо давлатдорию давлатсозиро омўзем ва онҳо бо боварии комил масъулияти ватандориро ба ўҳдаи мо гузоранд. Ин рисолати бузург, ифтихору шарафи воло ва кору заҳмати шабонарўзӣ мебошад. Мо бояд абадан дар хотир дошта бошем, ки шарафи мо, рўҳи мо, номуси мо, сиришти мо, дирўзу имрўзу фардои мо, хушбахтию хушрўзии мо, сари болои мо, ҳаёти босаодату осудаи мо, нозу неъмати мо, шодию сурури мо ва манзили охирати мо дар Вата аст ва Ватан ягонаву муқаддас аст.

Мо ҷавонон бояд фаромўш насозем, ки мо ҳар касе набошем бе Ватан ҳеҷем.

Агар мо сарватманди ҷаҳон бошему Ватан надошта бошем, пас сарватамонро дар куҷо сарф мекунем, куҷоро обод месозем, мо дар куҷо манзили охират ихтиёр мекунем, фарзандони мо дар куҷо тавлид шуда ба воя мерасанд, дар куҷо сайру гашт ва бозии кўдакона мекунанд? Ҷавоб ба ин ҳама як аст Мулки бегона. Ғарибӣ.

Мо бояд кўшиш ба он кунем, ки бо ватандўстӣ ва кору фаъолияти созандаву ибратбахши худ фарзанди миллат шавем!.

Хушбахти ҷаҳонем, ки соҳибватанем мо,

Бо Меҳани озоди худ ҷону танем мо.

Пешвои ҳалим дорему ин кишвари зебо,

Ғамхории Пешвост, ки соҳибсуханем мо.

 


 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj