• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Мақсади  гуруҳои террористои  дар Ҷомеъаи имруза

Мақсади асосии терроризму экстремизм амалан асосҳои маънавии  Ҷомеаро вайрон карда, амнияти тамоми Ҷаҳонро халалдор намуданаст. Мақсади ин зуҳуроти хатарнок ва нанги – ифротгароии динӣ, ки ҳанўз солҳои 70-80-уми асри xx дар ҷаҳони муосир доман паҳн карда,  бо роҳи зури тағйир додан сохти конститутсиони ва ғасби ҳокимият мебошад. Таҳлили вазъи  ҷаҳони имруза нишон медиҳад,  ки бадбахтона барои амалинамоии барномаи сиёсии ҳамаи созмону ҳаракатҳои ифротгаро аз тарафи доираҳову фондҳо ва ташкилотҳои тундгарои байналмилал  ва давлатҳои манфиатҷуву Ҷудоиандоз маблағгузори мекунанд Рашид:- Терроризм бо он аҳдофи нангину шуми худ аз ҷониби ашхосе созмондиҳӣ дода мешаванд, ки онҳо мехоҳанд субботи ҷомеаро вайрону халалдор намуда, бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳокимият соҳиб шаванд. Барои онҳо ҳеҷ чиз муқаддас нест, Хатто ҳаёти одамони бегуноҳ ва солмандону кўдакон. Ҳоло терроризм ва экстремизм, ки мафҳуми он ифротгароӣ аст, дар як поя қарор доранд. Мақсади онҳо ҷомаи амал пўшонидани ҳадафҳои ғаразнокашон мебошад. Мо ҷавоно, ки дар таълимгоҳҳо мехонем ва ояндасози Ватан ҳастем, бояд мафҳум ва мақсади ин гурўҳҳоро хуб дарк созем. Террористону ифротгарён мехоҳанд ҷавононро барои иҷрои амалҳои нопокашон истифода кунанд, онҳо бо таблиғоҳои дурўғини хеш он ҷавононеро,ки дониши сиёсӣ надоранд, ба худ ҷалб месозанд. Мо набояд фирерафтаи ваъдаҳои ин гурўҳҳои шайтонӣ шавем ва то ҷон дар рамақ дорем, бар зидди террористону ифротгароён муборизаи беамон барем, зеро онҳо душманони аҳли башаранд. Дар баробари ин бояд Омўзгор баъд аз баромадани хонандагон бори дигар мазмуну моҳияти таҳрибкоронаи терроризму ифротгароиро ба хонандагон шарҳу эзоҳ медиҳад. Аз ҷумла , ба хатари экстремизм, ки дар шаклҳои гуногун амал мекунад, шарҳ лозим аст. Яъне , экстремизм ( ифротгароӣ) ҷинояти махсусан вазнин буда,  ба оромиши кишвар, сулҳу суббот, ҳаёт ва саломатии инсон, амнияту сохти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои  иқтисодиёту иҷтимоиёт ва системаи сиёсии давлат , ягонагӣ ва бехатарии мамлакат зарар мерасонад. Ҷавонони мо бояд ба моҳияти ин гурўҳҳои харобиовар дуруст сарфаҳм бираванд ва кўшиш намоянд, ки дар таҳлили мавзўъ фикри солими худро баён карда тавонанд. Бо ин андешаҳо омўзгор метавонад дарси тарбиявиро ҷамъбаст намояд ва хонандагонро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намояд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj