• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия

ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРӣ.

Табиати инсон ҳамчунон сохта шудааст, ки ҳамеша ниёзманди арзишҳо ва шароитҳои хосса мебошад. Миёни тоифаҳои ҷомеа бештари ниёзҳо ҳам аз ҷиҳати моддию маънавӣ ва ҳам берун аз он ба ҷавонон рабт доранд. Худи ҷомеа ва идомаи ҳастии он бошад ба ҷавонон. Миёни арзишҳое, ки ҷавонон ба онҳо эҳтиёҷи бештар доранд ва онҳо метавонанд сарчашмаи асосии хушбахтии тамоми ҷомеа бошанд дар меҳвари асосӣ дарки масъулияти ватандорӣ меистад. Муҳаббат ба Ватан дар ҳиссиёт ва қалби мо ҷавонон бояд чун умри мо ҳар лаҳза зиёда гардаду самари зиёд диҳад. Инсон дар ҳаёт масъулияти зиёдеро бар дўш дорад. Ибтидо ў бояд рафтору гуфтор ва пиндори худро чун инсон ба танзим дароварда, арзишҳоеро ки хоси инсон аст аз худ намояд, эҳтироми дигарон ва муқаддасотро ба ҷой оварад, назму низоми ҷомеаро риоя намояд. Миёни ин масъулиятҳо гаронтарин ва дар айни замон пурифтихортарину пуршарафтарин ин дарки масъулияти ватандорӣ меистад, ки ҳама масъулиятҳои дигар шомили ҳамин масъулиятанд. Дарки ин масъулият дарки ҳимояи номусу шараф, ҳуввият, имон, виҷдон, ҳастӣ ва дигар арзишҳои муқаддас мебошад. Муҳимтарин ва муқаддастарин рисолати ҷавонон ин дарки масъулияти ватандорӣ мебошад. Сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ нишон медиҳанд, ки гаронтарин ва муқаддастарин дороӣ барои инсон Ватан мебошад. Ватан замини муқаддасест, ки хоки ў гузаштаю имрўз ва ояндаи моро дар оғуши худ гирифтааст ва чун модар бароямон меҳрубон аст. Хушбахтии бузург насиби мо миллати тоҷик аст, ки қариб дар ҳама давраҳои таърихӣ соҳиби Ватану сарзамини худ будаем ва ҳастем. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати сарбаладу фарҳангии мо ҳамеша дарки баланди масъулияти ватандориро доро будааст. Ватанро муқаддас шуморида, онро бар ивази ҳастии худ ҳамеша ҳифз намудаю ободу зебо гардонидааст. Дар дунё миллатҳои зиёде умр ба сар мебаранд, ки шумораашон аз шумораи миллати мо даҳҳо маротиба зиёд мебошад, вале бо сабаби дарк накардани масъулияти ватандорӣ аз ин ҳаққи худ ва неъмати бебаҳои худододӣ маҳруманд. Дар ин асно, мо ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки аз гузаштагони сарбаланди худ таҷрибаи гарони масъулияти ватандориро ба мерос гирифтаем, ки роҳнамо ва дастури ҳаётӣ дар роҳи эъмори давлати навини миллӣ бароямон мебошад. Ин сабақи таърихиро мо ҷавонон бояд ҳамаҷониба омўзем ва онро дар худ зиёда гардонидаю дар ҳаёт инъикос намоем. Омўхтани масъулияти ватандорӣ аз гузаштагони худ барои ҳар яки мо ҷавонон зарурати ҳаётӣ дорад. Мо танҳо дар Ватан номус, ҳастӣ, шараф, фарҳанг, забон, имон ва манфиатҳои худро ҳифзу гиромӣ дошта метавонем. Масъулияти ватандорӣ бошад ободу зебо гардонидани ин пораи замин, ҳифзу гиромӣ дошт ва муқаддас шуморидани он, таъмини зиндагии осудаҳолона баҳри сокинон ва сарсабзу хуррам нигоҳ доштани он мебошад. Имрўз мо ҳама бо шукргузорӣ аз тақдир ва заҳматҳои кашидаи гузаштагонамон соҳиби Сарзамини зебои худ ҳастем ва дар фазои орому осуда ҳаёт ба сар мебарем. Маҳз дарк ва истифодаи таҷрибаи таърихии масъулияти ватандорӣ аз ҷониби фарзандони фарзонаи миллат буд, ки дар асри 20 низ мо соҳиби давлати миллии худ гардидем. Имрўз сарчашмаи асосии тамоми хушбахтиҳои мо маҳз дарки масъулияти ватандорӣ мебошад. Мо ҷавонон бояд абадан дар хотир дошта бошем, ки давлат ҳамон вақт ҷовидонӣ мемонад ва миллат хушбахт мегардад, ки масъулияти ватандорӣ дар қалби ҳар яки мо нўҳуфта бошад. Дарки ин масъулият дарки хушбахтии ҳар яки мо ва ҳимоя аз ҳастии худ аст. «Бояд гуфт, ки танҳо ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод, бонангу номус ва дорои ҷаҳонбинии муосир метавонанд ҳамчун ворисони сазовори таъриху фарҳанги миллӣ рисолати ватансозиро ба дўш гирифта, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан сарбаландона иҷро намоянд». Мо ҷавонон бояд ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд, ки абадияти пойдорию ҳастии он дар харитаи сиёсии ҷаҳон пурра дар дасти мост. Ин шарафи бузург ва дар айни замон масъулиятест, ки мо бо ҳастиямон кафили онем. Мо ҷавонон аз он гурўҳи иҷтимоием, ки дар дил орзую ҳавасҳои зиёде дорем. Илму забон меомўзем, касб аз худ менамоем ва талошу кўшиши зиёд мекунем пайи амалӣ намудану расидан ба орзуҳои худ. Мо дар куҷо метавонем ба орзуву мақсадҳои худ расем ва лаззату ширинии ҳаётро чашему худро хушбахт эҳсос намоем. Албатта мо дар ҳама гўшаи дунё метавонем илм омўзем, касб аз худ кунем, оила барпо намоем, сарватманду соҳибмансаб шавем. Аммо танҳо дар ду ҷо мо аз лаззати зиндагӣ комгор мешавему худро хушбахт эҳсос мекунем. Ин яке оғуши модар дигар оғуши Ватан аст. Бе ин ду ҳастии мо ҳеҷ маънои зиёде надорад. Муқаддасии Ватан нисбат ба модар дар он инъикос мегардад, ки модар моро парвариш мекунад, аммо Ватан ҳам мову ҳам модарамон ва ҳам дирўзу имрўзу ояндаамонро. Оғуши гарми пурмеҳру биҳиштосоӣ модар дар оғуши зебои Ватан аст. Бар ҳақ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо ҷавонон таъкид менамояд: «набояд фаромўш кард, ки соҳиби ватани соҳибихтиёр шудан орзу ва ормони миллатҳои зиёди дунё аст. Мо ин дастоварди таърихиро ҳамчун гавҳараки чашм бояд эҳтиёт кунем ва дар ин ҷода масъулияти шумо, ҷавонон, аз ҳама бузург ва ҳалкунанда мебошад. Зеро шумо соҳибони ин Ватан ва ин сарзамин ҳастед ва кўшиш кунед, ки ин миллат ва ин тамаддунро ба таври сазовор ҳифз ва муаррифӣ намоед. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки танҳо шахси воқеан ватандўст метавонад дилсўзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Мову шумо дар назди таърих вазифадор ҳастем, ки ба қадру манзалати Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлол расем ва аз гузаштагони сарбаланду падару модарони худ дарси сабру таҳаммул, заҳмату ободкорӣ, ватандўстиву мардонагӣ ва шуҷоату қаҳрамонӣ омўзем. Ман ба ҷавонони қавиирода ва бонангу номуси Ватанамон, ки насли ояндасози давлат ва миллат мебошанд, муроҷиат менамоям, ки ояндаи кишвар бо дасти шумо бунёд хоҳад шуд. Шумо бояд ин Ватанро сидқан ва мисли ҷони худ дўст доред, шукронаи обу хоки диёрро ба ҷо оред, онро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо ҳифз кунед ва барои ободиву сарсабзии ин диёри биҳиштосо даҳчанд саъю талош намоед. Ман ба азму иродаи шумо ва тамоми ҷавонони мамлакат бовар дорам ва медонам, ки аз уҳдаи ин рисолату вазифаи бошараф сарбаландона мебароед. Аз Ватани аҷдодӣ ношукрӣ кардан гуноҳи азим аст, зеро ватандорӣ як гўшаи имондорӣ мебошад. Ҳар яки мо бояд ба қадри Ватан расем ва доим кўшиш кунем, ки Тоҷикистони азизамонро ободу пешрафта ва сарсабзу хуррам гардонида, нуфузу обрўи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

Қувватов Сайдулло – мудири Шуъбаи кор

бо ҷавонони ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru