• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия

ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ.

Дар дунёи мутамаддин ҳар як миллату халқиятро бо фарҳанг ва арзишҳои хоси худ мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ҷавҳари ҳастии ҳар як миллат ва сарчашмаи ташаккули он ва дар маҷмўъ унсури таркибии миллат арзишҳои он мебошанд. Хушбахтона миллати фарҳангсолори тоҷбарсари мо аз азал арзишҳои хосеро дар худ эҷоду эҳё намудааст, ки ҷавҳари аслии онро инсондўстию фарҳангсолорӣ, илмдўстию ҷавонмардӣ, шуҷоату мардонагӣ, созандагию бунёдкорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллию ҷаҳонӣ ташкил медиҳад. Сулҳдўстию сулҳпарварӣ ва башардўстию раъиятпарварӣ яке аз он арзишҳои миллии хоси миллати мо мебошад, ки дар фосилаи таърихии ҳастии инсоният онро дар замири худ парвариш намуда, асоси муносибати худ бо дигар халқу миллатҳо қарор додааст. Дар муносибат бо дигар халқу миллатҳо пайваста эҳтироми онҳоро ба ҷо оварда, дар доираи ҳусни тафоҳум ҳамгироӣ намудааст. Муносибати ҷангҷўёна ва ѓайриинсонию зиддиинсониро дар ҳамаи давраҳои таърихӣ маҳкум намуда, ҳаёт, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва миллату халқиятҳои дигарро ҳамчун арзиши олӣ дониста, пайваста ба онҳо эҳтиром гузоштааст. Ин рамзи гўёи башардустӣ ва инсонсолории миллатӣ мо мебошад. Ҳамзамон дар ин радиф бо далерию шуҷоат ва ҷавонмардӣ шарафу номус, сарзамин, ҳуввият, фарҳангу тамаддун ва ҳастии худро бо ҳисси баланди ифтихормандӣ ҳимоя намудааст. Баҳри ҳастии ному тоҷ ва Ватани худ ҷонбозиҳои таърихӣ намуда, асолати худро нигоҳ доштааст. Ба ҳеҷ як давлату миллат ва халқияти дунё хиёнат накардааст, аммо бо хиёнаткорону таҷовузкорон ва ноҷавонмардону аҳдшиканон пайваста муборизаи далеронаю ѓаюрона бурдааст. Махсусан, бо душманоне, ки барои аз байн бурдани фарҳангу тамаддун ва мероси гарони таърихию адабӣ ва илмии миллатамон кўшиш кардаанд ҳамеша муқовимат нишон дода, бо ҳисси баланди фарҳангсолорию фарҳангдўстӣ мероси маънавии худро дифоъ намудааст. То имрўз новобаста аз истисмори зиёд миллати мо фарҳанги худро нигоҳ дошта, яке аз миллатҳои фарҳангӣ ва дорои адабиёти оламшумулу бемарз дар паҳнои адаби инсонӣ ва тарбияти шахси комил шинохта шудааст. Яке аз нишонаҳои асосии безавол мондани миллат низ фарҳангӣ будани он аст, ки мо ҷавонон бояд дар шинохт ва арҷгузории ин нишони безаволии худ оҷизу заиф набошем. Дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ бо пайдо шудани фарҳангҳои сунъию сохта, гушхарошу дилхарош ва фалаҷкунандаю фасодкунандаи мафкура, рўҳ, зеҳн, ахлоқ, муносибату муошират ва маънавиёти башарият, ки дар бисёр ҳолатҳо фарҳанги асили инсониро иваз намуда, аз байн бурда истодааст, мо ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошем. Зери таъсири бегонашавии фарҳангӣ намонем ва неъматеро, ки ҳазорсолаҳо миллати моро безавол нигоҳ дошт ва арҷманду солору тавоно то имрўз расонид бо тамоми ҳастии худ ҳифз кунем. Мо меъёрҳои ахлоқӣ, либос, расму оин, урфу отад, ҷашну маросим, забон, таърих, адабиёт, санъат, мусиқӣ, ҳунар, завқ, дин, оила, ва дар маҷмўъ ҳаёти маънавию моддӣ ва фазои хосу фарҳангии зиндагии худро дорем, ки он ҳастӣ ва ё зиндагии тоҷикона ном дорад. Бо ин бояд ифтихор кард ва аз бегонашавию бегонапарастӣ эмин буд. Дар ин баробар мо ҷавонон бояд дар хотираи худ ҷой диҳем, ки миллати мо миллати эҷодкору китобдор аст. Тавре сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, миллати сарбаланди мо пайваста ба эҷод ва кашфи ҳақиқати зиндагӣ машѓул гардидааст. Ҳамеша китобҳои илмию адабӣ таълиф намуда, мазмуну мундариҷа ва рисолату ҳадафи зиндагиро равшан намудааст. Ба илму фарҳанги ҷаҳонӣ дурдонаҳои зиёдеро зам намуда, бисёре аз асрору норавшаниҳои зиндагиро ошкор намудааст ва дар ин баробар мушкилоти зиндагии башариятро осон намудаву халқро аз зулмот ба рўшноӣ ва аз ҷаҳолату хурофот ба иҷрои фароиз расонидааст. Китобҳои таълифнамудаи фарзандони фарзонаю содиқи миллати мо барои башарият дастури ҳаётӣ ва заминаю сарчашмаи тарбияти инсони комил то имрўз ва ояндаҳои дур хизмати шоиста менамоянд. Китоб сарчашмаи дониш аст, дониш бошад сарчашмаи ташаккули инсоният ва расидан ба сатҳи шахсият. Яъне миллати мо миллатест, ки аз он башарият дониш омўхтааст ва то ба ҳол меомўзад. Аз ин бояд ифтихор кард ва ин шоистагиро идома дод. Ин яке аз он рисолатҳои муҳимест, ки мо ҷавонон ҳатман бояд идома диҳем ва бо таълифи китобҳои илмию адабӣ ин арзиши миллии миллати худро дар оянда ҳифзу эҳё намоем. Сифати дигари миллати накўноми мо созандагию бунёдкорӣ мебошад, ки дурдонаҳои таърихии зиёд нишонаи он аст. Дар тўли таърих ва давраҳои давлатдории худ миллати мо шаҳрҳои зиёде бунёд намудааст, ки бо санъати баланди меъморӣ ва биноҳои гуногуни бо бадеият сохташуда то имрўз аз ҷониби башарият ҳамчун мероси ѓайримоддӣ ва ҷавҳари ташаккули зеҳну тафаккур эҳтиром гузошта мешавад. Дар муқоиса бо баъзе миллатҳои дигар, ки дар таърих бо ҳуҷумҳои таҷовузкоронаи худ садҳо шаҳрҳои ободу зеборо сузонидаву валангор кардаанд, миллати мо ҳамеша ба бунёдкорию созандагӣ машѓул шуда, дар тамоми гушаю канори Мовароуннаҳр шаҳрҳо ва марказҳои бузурги фарҳангию илмӣ бунёд намудааст, ки ин нишонаи соҳибтамаддунии мо мебошад. Хушбахтона ин шоистагӣ имрўз низ дар давлати соҳибистиқлоли мо бо маром идома дорад. Идома додани ин падидаи накў яке аз рисолатҳои ҷавонон дар оянда маҳсуб меёбад. Ҷавонон бояд бо дарки ин масъулият ва рисолати таърихӣ созандагию бунёдкориро мароми модарӣ ва аҷдодии худ дониста, Ватани азизу соҳибистиқлоламонро дар оянда ба давлати муттараққӣ табдил диҳанд. Ин амал яке аз фароизҳои муҳим мебошад, ки савоби зиёде дорад.

Дар раванди ташаккули омехташавии фарҳангҳо, ивазшавии фарҳанги асил ба фарҳанги сунъию сохта, фаромиллию фаромарзӣ гардидани терроризму экстремизми динӣ, бархурди манфиатҳо, ки ба давлату миллати мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд, ҷавонони мо метавонанд бо таҳаммулпазирӣ, ки арзиши муҳимтарини таърихӣ – динии мо маҳсуб меёбад ва дар ҳама давраҳои таърихӣ як ҷавҳари ҳастии миллати мо буд, манфиатҳои умумимиллию давлатӣ ва Истиқлолияту Ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор нигоҳ доранд. Таҳаммулпазирӣ нишонаи устувории равонӣ ва дурандешию хирадмандист. Миллати мо тавонистааст бо ин сифати худ бисёр мушкилотҳои ҷиддиро дар ҷодаи давлатдорию давлатсозӣ паси сар намуда, ба камолот ва дастовардҳои бузург ноил гардад. Маҳз бо таҳаммулпазирӣ мо метавонем бо дигар миллату давлатҳо ҳамгироӣ намоем ва мақсадҳои муҳимтарини стратегии худро амалӣ созем. Тамоми бузургон ва фарзандони баруманди миллат таҳаммулпазириро хислати табиии худ дониста, ба комёбиҳо дастёб гардидаанд. Имрўз ҷавонони мо ба ин сифати таърихӣ – миллӣ эҳтиёҷи ҳаётӣ доранд. Таҳаммулпазир будан яке аз муваффақтарин роҳи расидан ба комёбиҳост. Бо дарназардошти таҳкими сулҳу субот ва низом дар ҷомеа, устувории рукнҳои давлатдории миллӣ зарур аст, ки наврасону ҷавонон дар ин рўҳия аз муҳити оила оѓоз карда тарбия ёбанд. Оила ҷои муқаддас, меҳру муҳаббат, самимият, тарбият, камолот, рушду инкишоф, омўзиши ҳаёт, муносибат, ахлоқ, дўстӣ, раҳму шафқат, бародарӣ, муттаҳидӣ, ҳамбастагӣ ва ба ҷо овардани фарзу суннат мебошад. Боре тасаввур кунем, ки тифл тавлид шуд, вале оила вуҷуд надорад. Ин ҳолат хоси ҷомеаи инсонӣ нест. Дар ҷомеаи инсонӣ ҳатман бояд оила устувору поянда бошад.

Мо ҷавонон бояд ҳеҷ гоҳ фаромўш насозем, ки миллат дар фазои оила тарбият меёбад ва ба камол мерасад. Оила ва оиладорӣ яке аз он суннат ва арзишҳои миллие мебошад, ки дар ташаккулу ҳастии мо аҳамияти таърихӣ – ҳаётӣ дорад. Оила аз ду рукни муҳимтарини ба ҳам тавъам таркиб ёфтааст. Рукни аввал, ки ба волидайн дахл дорад ин тавлиди фарзанд ва тарбияву ба камол расонидани он мебошад. Дар ин замина табиист, ки тавлиди фарзанд ин ихтиёри ҳар як волидайн мебошад, вале тарбияи ў вазифаи ҳатмии аз ҷониби қонунгузор муқараргардида аст. Яъне волидайн бо хоҳиши худашон фарзанд ба дунё меоранд, вале дуруст тарбия намудану ба камол расонидани он ҳатмӣ мебошад. Тибқи расму оини миллӣ инсони хуб аз худ се мерос мегузорад: яке фарзанди солиму хушахлоқ, дигар хонаи обод, сеюм боѓ. Дар меҳвари ин се фарзанди солиму хушахлоқ меистад. Рукни дуюм баръакси рукни аввал ба фарзандон дахл дорад. Тибқи арзишҳои миллию динӣ эҳтироми волидайн ва нигоҳубини онҳо ҳангоми калонсолию пирӣ яке аз муҳимтарин вазифа ва фариза маҳсуб меёбад. Аз инҷост, ки эҳтироми волидайн яке аз ҷузъиётҳои асосии фарҳанги миллии мо мебошад. Гузаштагони мо ҳамеша ба волидайн эҳтироми зиёд намуда, ба онҳо арҷгузорӣ менамуданд. Онҳо натанҳо моро ба дунё меоранд, балки дар домони меҳру муҳаббат ва садоқату назофат парвариш менамоянд. Тамоми ҳастии худро бароямон мебахшанд, аз баҳри худ мегузаранд ва ба мо баҳра мебахшанд. Тамоми бузургони дунё, ки ҷаҳонро ба ин сатҳ расонидаанд, тарбиятдидаи домони модар ва дасти падаранд. Бузургии ин ду шахс эҷодиёти тамоми шоирону нависандагон ва сарояндагону ҳунармандонро фаро гирифтааст. Ва барҳақ биҳиштро зери қудуми модар ва падарро қиблагоҳ гуфтаанд. Баъзан ба хотири ба биҳишт роҳ ёфтан инсонҳо садҳо фарсах роҳро тай карда ба Макка ва Мадина мераванд, аммо фаромўш мекунанд, ки ҷои мехостаи онҳо дар зери қудуми модарон аст.

Ба хобам модарамро дидам имшаб,

Зи ҷо бархестаму нолидам имшаб.

Адои хизматаш осон набудаст,

Ки ў бедору ман хобидам имшаб.

Такягоҳи асосию дили пур, қуввату тавоноӣ, хулқи неку роҳи ҳаёти мо падар мебошад. Мо дар ҳама мушкилиҳои асосии худ ба қувваю бозуи тавонои падар такя мекунем. Қиблагоҳ унвон додани падарон арзишест, ки аз сиришти онҳо сарчашма мегирад. Чун мо рў ба қибла мекунем, ҳатман амалҳоеро ба ҷо меорем, ки фарзу суннат ва муқаддасу шоистаанд. Ба монанди намоз гузоштан, дуо кардан ва талаби дигар амалҳои хайру накў. Яъне мо ба падар ҳам чун ба қибла назар карда дар ҳаёти худ амалҳоеро ба ҷо орем, ки хайру накў ва шоистаю ба нафъи ҷомеа бошад, то тавонем номбардори ў бошем. Бе эҳтироми нисбат ба падар ба монанди он аст, ки мо рў ба Қибла мекунему амалҳои нопок ва ѓайриинсониро иҷро мекунем. Дар маҷмўъ сиришти инсонии мо ин аст, ки ба падар ҳамеша чун ба қиблагоҳ назар карда, тамоми умр амалҳои шоистаро ба ҷо биёрем, эҳтироми ҳамаҷонибаро нисбати ў фаромўш насозем. Хизмат ба волидайнро фармони Ҳақ дониста, эшонро муқаддас донем ва умрро тавре сипарӣ намоем, ки қиблагоҳамон аз мо ифтихор кунад ва манзили охиратамон зери қудуми модар гардад. Ҷавонони мо бояд ҳамеша дар хотир гиранд, ки ҳастии миллати моро дар тамоми давраҳои таърихӣ маҳз ҳамин арзишҳо таъмин намудаанд ва ҷавҳари таърихии ҳастии миллати мо аз ҳамин арзишҳо иборат мебошад. Маҳз бо ҷурми ҳамин арзишҳо миллати мо безавол гардид ва таъмини абадияти ҳастии миллати мо дар оянда низ аз парвариши ин арзишҳо дар замири мо ҷавонон вобаста аст. Чун ояндаи давлатдорӣ ва ҳастию рушду нумуи миллат бар дўши ҷавонон мегузарад ин арзишҳо заминаи боэътимод, такиягоҳи таърихӣ ва дурдонаи маънавии миллатсолорию давлатдорӣ барои мо насли ҷавон ба ҳисоб мераванд. Ин мавзўро мехоҳем бо суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба итмом расонем, ки чунин фрамудааст: «Ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оѓози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдўст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад».

Қувватов Сайдулло – мудири Шуъбаи

кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru