• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Ҳайфи он ҷавонмардони гумроҳи миллат

Сулҳу ваҳдат ва рушду нумӯъи бемайлони Ватанро дида, бо худ ифтихор меварзам, ки дар чунин сарзамини биҳиштосо зода шудаам. Дар чунин диёре, ки баҳорашро хазон вайрон натавон кард. Мо миллати бонангу ори тоҷик пеш аз ҳама фахр мекунем, ки дар сарзамине арзи ҳастӣ намудаем, дар он иттиҳоду якдигарфаҳмӣ реша давондааст. Вале афсус имрӯз вабои муосир ба баъзе ҷавонмардони тоҷик сироят кардааст, ки мо мардуми тоҷик онро шадидан маҳкум намуда, қабулаш надорем. Ин вабо вабои тафриту ифротгароии динист.

Эътиқодҳои номатлуби диниву мазҳабие, ки имрӯзҳо ҷавонмардони тоҷик бар он гирифтор шудаанд, зуҳуроти номатлубест, ки дар экстремизм маҳсуб гардида, имрӯз бо ҳар восита ва мусоидати давлатҳои хориҷ ба кишварҳои тозаистиқлоли Тоҷикистон ва мамолики Осиёи Марказӣ таҳрик шудаистодааст. Ин падида таҳдиди ба миён омадани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва зарур аз ҳама суботу амнияти ҷомеаро дар пай дорад. Аз нигоҳи илм гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ амнияти ҷаҳони имрӯз ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додааст, ки чунин гуфтаҳо борҳо аз ҷониби Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такроран таъкид гардидааст. Мутобиқ ба ғояҳои ин гурӯҳи манфиатхоҳон бояд низомҳои давлатии демократӣ ва дунявӣ аз байн бурда шуда, дар иваз “Давлати исломӣ” ҷорӣ карда шавад. Тарафдорони бесаводу бефарҳанги ДИИШ ҳамон шакли маҳдуд, хашмгину бераҳмона ва торикии фаҳмиши исломро, ки имрӯз танҳо дар минтақаҳои ишғокардааш ҷорӣ намудааст, эътироф мекунанду халос. Мутаассиф бар он ҷавонони гумроҳи тоҷикам, ки ватани обод, озоду барҳаво ва муҳимтар аз ҳама модар ва наздикону пайвандони худро гузошта, фирефта ба сафсатаҳои пучу дурӯғини гурӯҳҳои манфиатхоҳ гардида, имрӯз ҷони худро дар роҳи бемаънию бемантиқ фидо месозанд. Мо бояд миллати тоҷик чунин падидаи номатлуби динӣ-хурофотиро шадидан маҳкум ва сарзаниш намоем. Агар мо то аз ҷиҳати маънавиёт, илмиёт ва фарҳангу иқтисодиёт бо экстремизм ва терроризм амал накунем, пас мубориза баҳри саркуб намудани ин падидаи бемантиқи номатлуб аз манфиат орист. Бояд имрӯз дар ташаккули тафаккуру тааммулу таассури насли наврас ва ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ дода, зиракии сиёсӣ, ҳушёрӣ ва муҳаббат ва меҳану давлатро дар умқи шуури онон  бедор созем. Мавҷудияти илмро безавол гуфтаанд. Диққати асоси бояд ба омӯзиши тамоми улуми замона дод, то ин ки дар дунёи пуртаззод қурбони бозӣ ва муборизаҳо абарқудратон нагардем. Дар ин замони ҳассос мебояд илмро дар худ чунон махлут гардонд, то аз шикори манфиатхоҳон фирор бояд кард.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj