• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

Ислом ва сиёсигардонии он!

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷидди мисли ифротгароӣ ва терроризм рў ба рў шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Албатта, онҳое, ки мегўянд ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тўли таърих ҳамроҳӣ намуданд, беасос иест. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад cap задааст. Дар ахди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гуруҳҳои муташаккили сиёсию масҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехосатанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд, зимнни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.  Дар охири қарни гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сисёсӣ гарифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва техналогияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рўи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Экстремизм, террор ва терроризм ҳануз хеле барвақт аз пайдоиши ин мафҳумҳо ба вуҷуд омадаанд. Дар қарни I пеш аз милод дар бораи гуруҳи сиёсии яҳудиён бо номи «зелотҳо», ки бо воситаи методҳои террор барои худмухтории Фессалония ба муқобили римиҳо мубориза мебурданд, маълумотҳо вуҷуд доранд. Дар солҳои 60-70 қарни I милодӣ гурўҳи мутаасибони дини яҳудия «сикориҳо» барои сарнагун намудани ҳокимияти сиёсии римиҳо аз шеваҳои террористӣ истифода менамуданд. Таърих шаҳодат медиҳад, ки террор ҳамеша дар ҳоли афзоиш аст. Ҳамзамон амалҳои террористӣ аз тарафи чунин созмонҳои террористӣ ба мисли «Артиши Ҷумҳуриявии Ирландия», дар Британияи Кабир ва Ирландия, созмони «Ватан ва озодӣ» дар Испания, дар Шарқи Наздик созмонҳои «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», созмонҳои террористии сикхӣ дар Ҳиндустон, гуруҳҳои мафиозии дар Колумбия, «Бригадаи сурх», «Козеностра»дар Италия фаъол гардиданд. Баъд аз амалияти террористии 11-сентябри соли 2001 ва амалиётҳои дигар, ки ба номи Усома бини Лодан пайванд дода мешавад, дар ҷаҳон бештар дар бораи терроризми исломӣ ҳарф мезананд.

Имрузҳо масъалаи «муносибати ислом ба терроризм» масъалаи актуалӣ буда, ба худ муносибати ҷиддиро талаб мекунад. Оиди ин масъала ақидаю гуфтугузорҳои зиёда баён гашт. Ташхиси ин ақидаҳо исботи он аст, ки «терроризм» эҷоди шуур буда, берун аз ислом аст. Шуури ҳақиқии исломӣ мусулмононро аз терроризм ва ифротгароӣ ҳифз менамояд. Мафхуми «ислом» аз калимаи арабии «салом» реша гирифта маънояш «сулҳ» мебошад. Аввалан, дар ислом ҳаёт ва озодии инсон муқаддасанд. Ҳаёт, ҷону руҳ, ҷисми инсон ва дунёро Офаридгор амонат офридааст. Асос ва моҳияти исломро нияти неки муслимин ташкил медиҳад. Уотт Монтогомери яке аз муҳаққиқи дини ислом ақоиди аврупоиён, гуё «ислом дини шамшер ва зурӣ аст», рад намуда, ин ақидаро аз ҳақиқат дур меҳисобат. Фаъолияти созмонҳои лини нишон медиҳад, ки ҳеҷ як дин аз ҷараёнҳои ифротӣ холи нест ва ин ҷараёнҳо моҳияти таълимоти диниро ба манфиати худашон таҳриф мекунанд. Аммо дар бисер маврид рузноманигорон ва хизматчиёни давлатӣ, ки роҷеъ ба таърихи ислом маълумоти дақиқ надоран, дар бораи дини мубини ислом суханони носанҷида мегуянд, ки барои ҳамзистии осиишта ва оромии пайравони ислом ва дигар динҳо дар ин ё он кишвар халал ворид мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони Конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7-декабр соли 2005 баргузор гашт, гуфта буд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ўст... Ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги болои исломиро пиёда месозанд». Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.а.в.) аз аввалинҳоест, ки дар асри VII ҳукуқи гуманитариро асос гузоштааст. Қонуни ислом, куштор дар ҳолати ҷанг зуроварӣ нисбати кўдакону занон, рўҳониён асиронро маҳкум сохта, таҳқир намудани ҷасади ҳалокшудагон, нобудкунии зироату дарахтон, ҳайвоноту манзилро манъ мекунад. Ҳол он, ки чунин стандартҳо танҳо дар қарни XX дар ҳуқуқи байналхалқи қабул гардидааст. Олими машҳури ислом Али Булаҷ симои ҳақиқии террористонро шарҳ дода исбот кард, ки террористон ва ифротгароён бо дин ягон алоқамандӣ надоранд. Аксар хатмкунандагони донишгоҳҳои муҳандисию тиббӣ, ҳуқуқшиносон, омўзгорон, рўзноманигорон, аъзои фаъоли гурўҳҳои террористӣ мебошанд. Масалан: Усома бини Лодан дар оилаи миллиардер таваллуд шудааст. Баъди вафоти падараш ба Усома 250-500 миллион долар мерос расида буд. Террористӣ машҳур Карлос (шагол)писари миллионери Венесуелаги аст. Ифротгароӣ терроризм бо номҳои гуногун ва шаклҳои гуногуни зуҳур, инсониятро аз давраҳои қадим таъқиб мекарданд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ мамолики мусулмон арзишҳои миллӣ ва динии худро зери хатар мебинад. Мо мўътақидем, ки ифротгароӣ ва терроризм дини буда наметавонад, балки терроризм ва ифротгароие мавҷудбуда метавонанд, ки шиорҳои диниро ҳамчун ниқоб истифода мекунанд. Имрўз ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шудааст ва дар ҷаҳон мавқеи худро ёфта, ҳамчун як узви чомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пешрафта истодааст ва ин барои баъзе қувваҳои дохилию берунӣ писанд нест ва онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгири менамоянд. Аз ин ҷо, мо бояд ҳушёр бошем дар агрофи сарвари давлат ва ҳуқумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, ватанро ки Тоҷикистон ном дорад ҳифз намоем ва обод созем. Парчами вахдати миллиро ҳамеша боло бардорем.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj