• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Маърифати сиёсии ҷомеа ва омилҳои ба он таъсиркунанда

Ҷомеаи имрўза пур аз рангорангӣ, ихтилофот ва тазодҳои мухталиф буда, дар назди ҳар як инсони комил вазифагузорӣ менамояд ва масъулияти баландро тақозо дорад. Дар давраи истиқлолият бунёдкориҳои бузург ҷомеаро фарогир буда, пеш аз ҳама аз сулҳу осоиштагӣ дар кишвар иртибот дорад. Ҳаёти сиёсии муосир аз ҷавонон ҳушёрии сиёсӣ, зиракии сиёсӣ, ақлу хиради баланди сиёсиро талаб менамояд. Ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд аз рўи донишу малака, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги сиёсии хеш дар раванди сиёсӣ бошуурона ширкат варзида, дар ҳалли масъалаҳои баҳсноки сиёсӣ, қабули ин ё он қарори сиёсӣ бояд масъулияти хосаро ҳис намояд. Яке аз хусусиятҳои ҷомеаи демократӣ бисёрақидагӣ, яъне плюрализми сиёсӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон ақида, манфиатҳо ва ҳадафҳои худро дар ҷомеа озодона баён сохта метавонанд. Мафкураи сиёсии тамоми табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ дар замони муосир нисбат ба давраи шўравӣ куллан фарқият дорад. Алалхусус, раванди ҷаҳонишавӣ дар замони муосир ба он таъсироти хешро мерасонад ва ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳо ва одатҳо, менталитети сиёсӣ таъсир мерасонад. Раванди омодагӣ ва худи интихоботи соли 2015 дар Тоҷикистон нишон дод, ки нисбат ба солҳои пешина маърифати сиёсии аҳолӣ, шуури сиёсӣ, фарҳанги сиёсии аҳолӣ афзун гардидааст, яъне таѓйироти куллӣ дар мафкураи миллӣ падидор гаштааст. Мардуми тоҷик дарк намуданд, ки дастовардҳои даврони истиқлолиятро қадр намуда, минбаъд баҳри ободониву созандагӣ камари ҳиммат банданд, саҳми арзандаи хешро дар пешбурди ҷомеа гузоранд, манфиатҳо ва ҳадафҳои худро амалӣ созанд, Ватани ҷоноҷони хешро обод гардонанд. Мувофиқи Конститутсия (Сарқонун)-и кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар интихоби эътиқод озод бошад. Зиёда аз 90% аҳолии Тоҷикистон ба дини мубини ислом эътиқод доранд. Чуноне ки Иқбол қайд менамояд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айбе ки ҳаст дар мусулмонии мост.

Дар ҷомеаи имрўза бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуданд ва аҳолӣ кулли рукнҳои диниро ба субот мерасонанд. Аммо шахсоне ёфт мешаванд, ки аз номи дини муқаддаси ислом баромад менамоянд, амалҳои номувофиқ содир мекунанд. Лекин бояд тазаккур дод, ки ин рафтору амалҳо ному манзалати онҳоро дар ҷомеа баланд намегардонад, обрў ва эътиборашонро дар байни ёру дўстон ва хешу табор паст менамояд. Аз ин ҷиҳат падару модарон вазифадор ҳастанд, ки дар тарбияи фарзанди хеш масъулияти бузург нишон дода, оянда ба ҷамъият инсони комилро ба воя расонанд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj