• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия

Ҷавонон муқобили терроризм

Тероризм ва экстримизм дар баробари вирусҳои компютерӣ дар шабакаи интернетӣ яке аз проблемаи асосӣ буда, ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав равона шуда аст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Қаблан бештар писарон шомили ин равияҳои тундрав будаанд, имрӯз духтарон низ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳои ифротгаро пайваст мешаванд. Дигар дар интернет ва шабакаҳои минақавӣ вирусҳои пайдо мешаванд, ки ба нестшавии маълумоти лозима машғуланд. Зикр кардан бо маврид аст, ки бисёр муассисаҳо ва корхонаҳои давлатӣ дар шабакаи умумиҷаҳонии интернет сомонаҳои худро доранд, ки дар ин сомонаҳо дар бораи сохтор, ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии он корхона маълумот дода шудааст. Солҳои охир бисёр сомонаҳо ва маълумоти корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ аз тарафи дуздони шабакавӣ нест ва расму иттилооти он иваз карда мешаванд. Ҳатто дар баъзе сомонаҳои давлатӣ гурӯҳҳои ифротгаро парол ё логинро иваз карда, расму шиорҳои бо ном «Давлати исломӣ» ё расмҳои фаҳшро гузошта, бо паст кардани шаъну шарафи он давлат ё муассиса таъсир мерасонад. Сомонаҳое, ки ба чунин мушкилот гирифтор мешаванд, бо дастгирии баъзе давлатҳо ё муассисаҳои ғайридавлатии хориҷӣ, ба гурӯҳҳои ифротгаро кӯмак мерасонанд. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки террористҳо бештар амалиётҳои зуровариро ба воситаи шабакаи интернет ва шабакаҳои телефонии мобилӣ ба анҷом мерасонанд. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ хадамоти махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон паҳн ва интишор мекунанд. Дар ин раванд ҷавононе, ки дар мактабҳои махсуси экстеремистии хориҷӣ таҳсил карданд, метавонанд ширкат кунанд. Руҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид карданд, ки амалҳои аъзои «Давлати исломӣ», «Ал-қоида», «Толибон», «Боко Ҳарам» ва дигар гурӯҳҳои экстеремистӣ ва террористӣ, ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд, бо исломи ноб робитае надоранд. Дар натиҷаи амалиёти террористии онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ рехта, кӯдакон бесарпаноҳ ва занон ба ҳалокат мерасанд. Коршиносон ба ин назаранд, ки ба террористҳо бештар ҷавонони муҳоҷир ва ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Аз ҷумла, барои ҷалб кардани ҷавонони минтақаи Осиёи Марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ василаи асосӣ мебошад. Ҳар рӯз ҳамҷун тадқиқотчӣ ба шабакаи интернет, сомонаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва таблиғотӣ ворид шуда, аз нишонаҳои онҳо низ бохабар мешавем ва мебинем, ки бештари он ҷавононе, ки ба гуррӯҳои террористи аъзо шудаанд, номи худро тағйир дода, ба мисли Абу Муҳаммад, Абу Ҳамза , Абу Салом ва ғайра номгузорӣ намуданд. Ба он шахсоне, ки наздиконашон ба гурӯҳҳои ифротгаро, террористӣ ва экстеремистӣ аъзо ё ҷалб шудаанд, пешниҳод карда мешавад, ки барои бозгаштани онҳо, пайвандон ва давлат ба онҳо кӯмак карда метавонанд. Чӣ хеле, ки маълум аст, ашхосе, ки ихтёри худ ба ватан баргашта, ба мақомоти қудратӣ таслим шаванд, ба онҳо ҳангоми баррасии қазия имтиёзҳо дода мешавад.

Чуноне аз расонаҳои хабарӣ иттило дорем, айни ҳол зиёда аз 200 нафар ҷавони тоҷик дар Сурия меҷанганд. Ман чунин мепиндорам, ки ҷавонон аз неку бади дунё хуб огоҳ нестанду ҷаҳони маънавиашон хеле хароб аст. Мо ҷавонон бояд аз ҳодисаҳои пурфоҷиаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар хулосаи даркорӣ барорему нагузорем, ки хунрезию бесарусомониҳо бори дигар такрор ёбанду кишвари ороми мо ба гирдоби бало печад. Ҳайронам, ки чаро баъзе ҷавонони мо бо роҳи хато мераванду ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд. Аз нигоҳи ман ин ҷавонон аз ҷаҳони ислом ва фарҳанги бойи он огоҳ нестанд. Нангу номуси миллиро аз даст додаанд.

Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Гурӯҳҳои терористӣ бо ҳаракатҳои мудҳиши худ дар вуҷуди ҷомеи ҷаҳони ваҳму тарсро бедор намуда, бо ин роҳ заминае барои амалӣ намудани ҳадафҳояшон муҳайё карда истодаанд. Аммо бояд таъкид намуд, ҳадафе, ки дар пайаш ғаризаҳои ғайриинсонӣ истодааст, ҳеҷ гоҳ амалӣ наҳоҳад шуд. Зеро дар дасти башарият ва зиндагии воқеии инсонӣ ахлоқ аз ҳар чизи дигар муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад. Ва дар ин маврид метавон ишораҳоеро дар «Қуръон»-и карим дид. Дар ҳар давру замон гурӯҳҳои ифротгарои вуҷуд доштанд. Бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуриавию амлӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳангӣ башарият тасдиқ намуааст. Дини мубини ислом инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозуъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро ба ислом пайванд додан хатои маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати таммаддунҳо гуфтугӯй тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад. Аз ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки нисбат ба ин гуна амалҳо бетараф набошанд ва кӯшиш намоянд, ки пешқадами ҷомеа дар ҷодаи нигоҳ доштани ахлоқу одоб ва ба даст овардани ҳушёриву зиракии сиёсӣ бошанд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru